logo

иҷтимоиёт

ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ АТЕИЗМ НЕСТ. ОН ДАР АСОСИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ТАНЗИМ МЕШАВАД

Дар ҳар давру замон  масъалаҳое ҳастанд ва пайдо мешаванд, ки дар байни ҷомеа ва халқ халли худро бо мушкилӣ дарёфт менамоянд. Бинобар ин, масъалаи давлатдории дунявӣ низ яке аз масоили ҳассоси ҷомеаи муосир ва мутамаддин миёни давлат ва дин ба ҳисоб меравад. Пеш аз он  ки мафҳуми давлатдории дунявиро муайян намоем, бояд ба мафҳуми «давлати дунявӣ» рӯшанӣ андохта шавад. «Давлати дунявӣ»-дастгоҳи давлатиест, ки дин аз он ҷудо буда, дар асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ ба танзим дароварда мешавад. Барои рушди давлатдории дунявӣ ва ҷомеа шинохти дуруст ва тавсифи возеҳи мафҳуми  дунявият зарур аст.
 
Гурӯҳу  ҷараёнҳои гуногун баъзан истилоҳи дунявият (секуляризм) ва илҳод (атеизм) - ро бо ҳам  омехта мекунанд.  Аз ҳамин сабаб, дар фазои иттилоотӣ тасаввуроти нодуруст пайдо мешавад ва дар зеҳну ақли мардум як эҳсоси нобоварӣ ба сохтори сиёсӣ ва низоми давлатдории дунявӣ ба вуҷуд меояд. Чунин рафтор ба баҳодиҳии арзишҳо ва муқаддасоти динӣ ҳам таъсири номатлуб мерасонад. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ба ҳеҷ  гуна дини  расмии давлатӣ ва таълимоти динӣ бартарият ва афзалият дода намешавад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат пешбинӣ менамояд, ки давлат ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҳамдигар ҷудо буда, метавонанд дар доираи қонунгузории амалкунанда кору фаъ-олият кунанд.
Дар Осиёи Марказӣ низ қувваҳое ҳастанд, ки динро муқобили ҳукуматҳо гузошта, мехоҳанд дар байни мардум тафриқа ва ҷудоӣ андозанд, тавассути бадном кардани дини мубини ислом  ба амнияту ваҳдат ва рушди иқтисодиву  иҷтимоии  кишварҳо халал ворид намоянд. Бо вуҷуди он ки фаъолияти “Салафия” дар кишвар мамнӯъ аст, ҳоло ҳам ин қувваҳо бархе аз ҷавонони гумроҳро  ба ин ҷараён ҷалб мекунанд. Пас, мо бояд бо назардошти ин вазъият, бахусус  авҷ гирифтани зуҳуроти номатлуби ифротгароиву терроризм беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи ин ҷараёну гурӯҳҳоро бигирем.
Новобаста аз характери  дунявӣ  доштани  давлат  дар Тоҷикистон, имрӯз мазҳаби  ҳанафӣ яке аз омилҳои  асосии  таъмини  суботи ҷомеа  ва амнияти миллӣ дар кишвар мебошад. Муттаҳид  будани  мардум дар атрофи як  арзиши  муътадил, яъне  мазҳаби ҳанафӣ, худ  омили  ваҳдат ва субот аст, ки  ба таври  табиӣ  нақши ваҳдатбахширо  иҷро  мекунад. Аз ин рӯ, ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, шинохту таблиғи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам - ҳанафия беҳтарин роҳу восита дар мубориза алайҳи ҳаракату ҷараёнҳои тафриқаандози тундрав  мебошанд.
Моро зарур аст, ки бештар ғояҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги миллиро ташвиқ намоем ва дар доираи ҳамин меҳвари асосӣ дурнамои фаъолиятамонро муайян гардонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъкид  мегӯянд, ки «Дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомеа бошад, на ин ки чун василаи ҷудоиангезӣ, низоъ ва фитна истифода шавад.  Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон падидаҳои ифротгароии динӣ пайдо шуда истодаанд. Ҳаракатҳои радикалӣ монеи рушди демократӣ дар ҷаҳон ҳам мешаванд». Вобаста ба ин, мо бояд дар атрофи омӯзиш ва дастрасии фарҳанг ва барномаҳои умумимиллӣ муттаҳид гардем ва дини худро ба сифати як қисмати умдаи фарҳанги волои миллӣ муаррифӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ намоем.
Низоми дунявият дар сиёсат як шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ё бединӣ будан дар ҷомеаро накардааст. Бояд донист, ки дунявият гуфтан маънои атеизмро надорад, баръакс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии муосир бояд тамоми қишру табақаҳо ва пайравони ҷаҳонбинии ғайридинӣ бо ҳам тавофуқ кунанд. Дунявият ҳам ифротгароии атеистӣ ва ҳам ифротгароии диниро қабул надорад. Айният додани атеизм ва дунявият хатои маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд дар низоми давлатдории дунявӣ иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд, вале давлати дунявӣ ба дин ҳамеша ҳамчун ҷузъи устувори фарҳанги миллӣ муносибат мекунад ва ҳатто барои рушди он ба ҳайси падидаи бузурги фарҳангӣ - ахлоқӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё месозад.
Бинобар ин, дар ин марҳалаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳонии неруҳои гуногун, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудан,  дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат  ба камол расондан вазифаи муқаддаси аҳли ҷомеа мебошад.
Субҳон УСМОНОВ, устоди Донишкадаи
давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2539

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед