logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. ЗИНДАГӢ РӮ БА РУШД АСТ

Мастчоҳ. Ободӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии бошандагони ин диёри файзбор аз натиҷаҳои баланди рушди иқтисодию иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Бунёди биноҳои нави истиқоматӣ, савдову хизматрасонӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқи ноҳия солҳои охир авҷ гирифтааст. Азиззода ҒАЙРАТ, раиси ноҳия, натиҷаҳои баланди рушди иқтисодию иҷтимоиро аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат арзёбӣ намуда, чунин изҳор дошт:
- Соҳаи кишоварзӣ - яке аз самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷумҳурӣ дар ноҳия сол аз сол беҳбудӣ ёфта, ба рушди бахшҳои  саноат, шуғли аҳолӣ, имкониятҳои содиротии ноҳия такони ҷиддӣ бахшидааст. Тибқи дурнамо  соли равон дар зиёда аз  21 ҳазор гектар зироатҳои баҳорӣ кишта шуд. Кишоварзон бо истифода аз боду ҳавои мусоид кишти зироатҳоро вусъат дода, ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Дар  нимаи аввали соли 2016  ҳаҷми маҳсулот дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ -  ғалла,   сабзавот,  полизӣ  ва  меваи донакдор назар ба шашмоҳаи соли гузашта мутаносибан аз 122 то 311 фоиз афзудааст. Дар ин давра қариб  800 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берун монда  бо қарори раиси ноҳия ба фонди махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ворид карда шуд. Дар майдони  68 гектари он боғи сиёҳолу бунёд ёфт.
Рушди кишоварзӣ ва сол ба сол афзудани ҳаҷми маҳсулот барои ҷоннок сохтани бахши саноат имконияти заруриро дар ноҳия фароҳам овардааст. Мақомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба кор андохтани корхонаҳои истеҳсолӣ чораҳои зарурӣ андешидааст. Бо истифода аз шароити мусоид шумораи коргоҳҳои саноатии  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба солҳои гузашта бештар гардид.
Қисми асосии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҶСП “Олим Текстайл” - корхонаи коркарди нахи пахта ва тавлиди масулоти ниҳоии он ва ҶДММ “Суғд-семент” - коргоҳи истеҳсоли семент рост меояд. Корхонаи “Олим Текстайл” аз Ҷумҳурии Туркия бо маблағи як миллион сомонӣ 5 адад таҷҳизоти кешбофӣ ворид намуда, 20 ҷойи нави кор фароҳам овард. Корхона пас аз насби таҷҳизоти навин дар  як шабонарӯз 3 тонна риштаи пахтагин коркард намуда,  аз он матоъҳои аълосифат мебарорад. ҶДММ “Зарнишон” таҷҳизоти замонавии коркарди ғалла харида,  истеҳсоли ордро дар ноҳия ба маротиб афзун кард.
Сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ, толорҳои барҳавои маҳфилороӣ ва муассисаҳои илмию маърифатӣ тайи солҳои охир дар диёри Мастчоҳ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Андарвашти Ҷамоати деҳоти Оббурдон барои 240 нафар хонанда муассисаи таълимии № 36 ифтитоҳ ёфта, ҳамзамон дар маҳаллаи Меҳрободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён ба бунёди мактаб санги асос гузошта шуд. Дар қатори ин, соли равон сохтмони бинои шуъбаи маориф низ пешбинӣ гардидааст.
Масъулони бахши фарҳанги  ноҳия маҳфилҳои гуногуни пурмуҳтаво ва рангоранг баргузор менамоянд. Дар китобхонаҳо пайваста намоиши китобҳо, конференсияҳои хонандагон, маҳфилҳои адабӣ, шабнишиниҳои адабӣ-бадеӣ дар мавзӯҳои «Тоҷикистон - хонаи ободи ман», «Қонун - сутуни давлат», «Ватан ва фарзандон» баргузор  мешаванд.
Баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои муайян ба иҷро расиданд. Дар доираи шароити фароҳамсохтаи Ҳукумати кишвар усулҳои нави ташхис, табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар ноҳия баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои аҳамиятнок буда,   татбиқи барномаҳои давлатӣ ва чораҳои дигари  зарурӣ дар ин самт роҳандозӣ гардидааст. Айни замон дар ноҳия 135 нафар зан  дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунад. Бо мақсади ба шуғлҳои гуногун  фаро гирифтани бонувон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофии дастӣ ва сӯзанидӯзӣ ташкил карда шудааст.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди варзиш ва туризм низ барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мадди аввал меистад. Омодасозии  варзишгарони бомаҳорат, тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастӣ, мубориза алайҳи қонуншиканӣ дар миёни ҷавонон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва   баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиашон  вусъат ёфтааст.  Ба хотири тарбияи дурусти насли нав мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан», «Сарҳадчиёни наврас», “Сипар”, “Далерон” ва  рӯзи «Дарҳои кушод» мунтазам ташкил карда мешаванд.
Барои аҳли ноҳия имсол давраи авҷи  корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар як соли охир наздики 16 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, чанд маркази хизматрасонӣ ва биноҳои маъмурию фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Соли равон ба истифода додани  25  иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо дар ноҳия корҳои ободонӣ  бо маром идома доранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2411

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед