logo

ҳуқуқ

ВКД: ҲАМКОРӢ НАТИҶАИ ХУБ ДОД

- Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносию  худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир гардиданд.
Ин нуктаро Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар, генерал - лейтенанти милитсия, дар ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли равон, ки 18 октябр дар вазорат баргузор гашт,  ироа намуд. Зикр кард, ки аз тарафи мақомот барои худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ 5829 протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб ва 277 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дар ин давра 855 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ муайян ва нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ андешида  шуд, ки аз ин шумора 180 нафар радди марз гашт. Дар соли ҷорӣ ҳамкории кормандони милитсия бо аҳолӣ беш аз пеш вусъат ёфта, ба ин васила мушкилоти шаҳрвандон сари вақт осон гардид. Аз ҷумла, тавассути алоқаи хизмати “Мадад 19 - 19”  1750  хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар арзу шикоятҳо ворид гардид, ки 497 - тоаш тасдиқ ёфт.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал - майори милитсия, фаъолияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилиро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳро таҳлил ва баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки вазъи бақайдгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дошта, корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шудаанд. Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи зиёд шудани қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои кишвар ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дахл намуда, роҳандозии васеи корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ин самт ба мақсад мувофиқ донист.  
Вазири корҳои дохилӣ  Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулон дар самти пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ифротгароию даҳшатафканӣ, кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2354

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед