logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МУАММО
Чандест, ки дар саҳифаи «Шоми шанбе» зери рубрикаи «Муаммо» маводи ҷолиб ба табъ мерасад. Ҳайати эҷодии мо, бахусус таҳиягарони гӯша умед доранд, ки хонандагони рӯзнома дар рангин шудани он саҳм гирифта, муаммоҳоро аз эҷоди худ ё хондаю шунидаашон ба рӯзнома ирсол медоранд.
 
Дар ин катакчаҳо рақамҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 – ро тавре ҷойгир намоед, ки ҳосили ҳама тарафҳо (ҳам амудию ҳам уфуқӣ ва диагоналҳо) 15 – ро ташкил диҳад.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


Эзоҳ: нафаронеро, ки аввалин шуда, ба муаммоҳои мо посух мегӯянд туҳфаҳо интизоранд.

 

Дара пӯш
Ҳафтаи дуюми зимистон буд, ки Орифи мактабрав попӯши дуруст надошт ва ҳар гоҳ аз падар харидани попӯши навро талаб мекард, аз ӯ ваъдаи фардоро мегирифт.
 Як саҳар, вақте мактаб рафтанӣ мешавад, мебинад, ки то зону барф аст. Боз дарди бепопӯшӣ ба ёдаш мезанаду дари хонаи падарро бақаҳр мекушояд.
 - Ман чира пӯшам? – бо овози баланд асабӣ мепурсад ӯ.
 Ашӯр Сафар, ки дар хонаи хунук машғули шеърнависӣ буд, оромона мегӯяд:
- Дара пӯш!
Гурез САФАР
 

Деваштич ва Қалъаи Муғ
Қалъаи  Муғ дар масофаи 3 километр дуртар аз деҳаи имрӯзаи Хайрободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд  ҷойгир аст. Онро соли 1933 бостоншинос  А. Фрейман кашф намуд. Бостоншоносон ин ёдгории  таърихиро мансуб ба асри VIII медонанд. Ба гуфтаи онҳо Қалъаи Муғ маконест, ки дар он Деваштич ба хотири озодии Ватан ҷангидааст.
Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ муайян гардид, ки Қалъаи Муғ истеҳкоми деҳқонии работ ба шумор рафта, аз ду ошёна иборат будааст. Ҳоло танҳо иморатҳои ошёнаи якуми он боқӣ мондааст. Аз ин макон 74 ҳуҷҷати суғдӣ, як ҳуҷҷати арабӣ ёфт шудааст ва ба гуфтаи бостоншиносон онҳо аҳамияти илмиву фарҳангӣ доранд. Пораҳои матоҳои абрешимӣ, пашмӣ, пахтагӣ, олотҳои гуногуни меҳнат ва яроқу аслиҳаи ҷангии он замон аз бозёфтҳои дигари ин маконанд. Яке аз бозёфтҳои ҷангии  он замон сипари чӯбин аст, ки бо пӯст рӯйкаш шуда, бо тасвири як савораи мусаллаҳ зеб ёфтааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 

Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Дар вафо ва аҳд
Вафо кори ҷавонмардони соҳибкамол аст ва ҳусни аҳд аз хислатҳои бузургони сутудаҳол. Рухсораи ҳар аҳде, ки ороише аз ҳоли вафо ёбад, мурғи дили ҳар кас гардад аз риштаи дами муҳаббати ӯ барнатобад. Вафо кунад ба аҳдҳо, ки бо якдигар мебандед:
 

Нест бари мардуми соҳибназар,
Хидмате аз аҳд писандидатар.

 
Рӯзе Исмоил бо дӯсте ҳамроҳ афтод ва он дӯст ба дари хонаи худ расид. Исмоилро гуфт: «Ман ҳамроҳии туро дӯст медорам. Ваъда кун бо ман, ки дар ин мавзеъ биншинӣ, то ман ба хона дарун равам муҳиме дорам бисозам ва филвор берун оям».  Исмоил ваъда кард ва он ҷо биншаст. Он мард ба хона даромад ва онро муҳиме куллӣ афтод ва ваъдаи худу Исмоил фаромӯш карда, ба чораи кори худ машғул шуд. Хонаи ӯ роҳи дигаре дошт, аз он ҷо берун рафт. Баъд аз се рӯз бад-он мавзеъ расид. Исмоилро дид бар дари хона нишаста. Гуфт: «Эй самари дарахти дӯстӣ, ин ҷо чӣ нишастаӣ?». Гуфт: «Аз он вақт, ки маро ваъдаи ин ҷо нишондаӣ, нишастаам ва дидаи интизор бар роҳи ту ниҳода».  Гуфт: «Чун ман наёмадам, ту чаро нарафтӣ?».  Гуфт: «Ваъда карда будам, раво надоштам, ки хилоф кунам ва агар маддатҳо ту намеомадӣ, ман ин ҷо менишастам ва аз сари кӯй намерафтам».  
Фароҳамсоз Зулола БОБОРАҶАБОВА
 

Суиқасд ба ҷони Сталин
Ҷосусони гитлерӣ ва дигар иттифоқчиёни онҳо барои куштани Сталин чандин нақшаро тарҳрезӣ намуданд ва чунин мепиндоштанд, ки аз саф баровардани Сарфармондеҳи олӣ ба Иттифоқи Шӯравӣ зарбаи ҳалокатовари сиёсӣ мезанад ва ба рафти ҷанг таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Хадамоти махсуси Рейхи сеюм (ҳукумати Гитлер) якчанд агент тайёр кард. Террористони ба Маскав фиристодашуда, чи тавре ки баъдтар маълум гашт,  супориш гирифта буданд, ки Сталин ва дигар аъзои Кумитаи давлатии мудофиа (КДМ) – ро дар роҳи сӯи Кремл ё вақти бозгашт аз он ҷо ба ҳалокат расонанд. Ҷосусон тафсифи мошинҳои аъзои КДМ ва ҳам самти роҳи ҳаракати онҳоро медонистанд.
Баъдтар маълум шуд, ки душманон ба бӯстонсаро, ки шабҳо аъзои Бюрои Сиёсӣ ва КДМ ҷамъ меомаданд, низ шабохун заданӣ будаанд.
Аз он ки немисҳо ба ҷони Сталин суиқасд ташкил мекарданд, ҷои ҳайрат нест. Вале дар Японияи миллитаристӣ низ ба суиқасд омодагӣ мегирифтанд, ки аз ин амалиётҳо мардум кам бохабаранд. Ин масъаларо собиқадори хизмати дипломатӣ Анатолий Николаев, узви трибунали ҳарбии байналмилалӣ оид ба Шарқи Дур, ки дар Токио кор мекард, хуб омӯхтааст. Чи тавре ки вай дар рӯзҳои мо ёд овардааст, дар вақти дида баромадани боби «Таҷовузи Япония бар зидди СССР», бисёр санадҳои ҳақиқие пешниҳод гаштанд, ки на танҳо собитсозандаи корҳои диверсионию ҷосусии японҳо бар зидди СССР   буданд, балки ба он шаҳодат медоданд, ки разведкаи японӣ бар зидди Сталин чандин нақшаи суиқасд ҳам кашидааст. Солҳои зиёд дар ин бобат сухан рондан ё ошкоро навистанро зарур намедонистанд.
Имрӯз ба мутахассисони камшумор маълум аст, ки ба суиқасд ба ҳаёти Сталин хадамоти махсуси японҳо Люшкови гурезаро ҷалб намуданӣ будаанд. Моҷарои кӯли Ҳасан дар Манчжурия 13 июни соли 1938 ба вуқӯъ пайваст. Чанд рӯз пеш аз ин воқиа сардори раёсати НКВД оид ба Шарқи Дур Генрих Люшков, ки яке аз шахсони бовариноки Ежов ва Агранов буду дар тафтишоти куштори Киров ва «суиқасд» ба ҷони Сталин иштирок дошт, ба тарафи душман гурехт.
Люшков чизе ки медонист, ба ситоди генералии Япония ошкор намуд. Дар бораи гурӯҳи пинҳонкорони разведкачиёни ҳарбӣ низ хабар дод. (Ин гурӯҳи Рихард Зорге буд. Хушбахтона, хоин номи ӯ ва ҳамкорони Зоргеро намедонист).
Дар асари «Суиқасд ба Сталин» муаллифи японӣ Хияма ба гуфтори Коидзуми Коитиро, афсари шуъбаи 5 – уми ситоди генералии артиши императорӣ, истинод кардааст: «Маълумоте, ки Люшков дод, барои мо беҳад арзишманд буд…».   Вале аз номзадии ӯ ҳамчун террорист бар зидди Сталин дар Япония даст кашиданд. Шояд барои он ки одами шинохта буд ва ӯро ба зудӣ фош мекарданд.
Дар амалисозии нақшаҳои диверсионӣ ва ҷосусӣ дар СССР генерал лейтенант Хироси Осима, солҳои 1936 – 1938 атташеи ҳарбии Япония дар Берлин, солҳои 1938 – 1939, 1941 – 1945 сафири Япония дар Олмони фашистӣ, хеле фаъол буд. Дар як меморандуми рейхсфюрер Гимлер аз 31 январи соли 1939 чунин сабт гаштааст: «Имрӯз генерал Осимаро хабар гирифтам. Мо масъалаи бастани шартномаро баррасӣ кардем, ба шарофати он секунҷаи Олмон – Италия – Япония шакли муъҷаз хоҳад гирифт. Вай гуфт, ки бо ҷосусони немис (абвер) якҷоя ба воситаи Кавказ ва Украина дар шаҳрҳои Русия корҳои ҷосусиву диверсионӣ хоҳанд бурд. Осима ҳамчунин барои аз байн бурдани Сталин даҳ нафар русро бо бомбаҳо фиристондааст, аммо онҳо ва дигар ҷосусон дар сарҳад маҳв карда шудаанд…».  
Худи Осима дар мурофиаи судии Токио мекӯшид бо хушомаду маккорӣ судро гумроҳ созад. Генерал иштирокашро дар суиқасди зидди Сталин рад намуда, бо як гарданшахӣ ба гуноҳҳояш қоил намешуд. Аммо мегуфт, ки суиқасд ба ҷони Сталин кори ниҳоят душвору хатарноке буд.  Маълумоте дар даст буд, ки Сталинро мехостанд дар Кавказ – Масеста, ки ванна мегирифт, бикушанд. Ӯро бояд бо тири тарканда мепарронданд. Амалиёт «Хирс» унвон дошт. Онро бояд 6 нафар аъзои «Иттиҳоди ватандӯстони рус»: Безименский, Лебеденко, Малхак, Смирнов, Сурков ва Зеленин анҷом медоданд. Аз сабаби он ки Лео – Безименский разведкачии шӯравӣ буд ва аз фаъолияти ӯ Люшков воқиф набуд, террористон дар сарҳад 25 январи соли 1939 дар наздикии деҳаи Борчка ба тири пулемёти посбонон дучор гашта ва се кушта ба ҷой гузошта гурехтанд. 
Муовини директори СРУ (Идораи марказии разведкаи ИМА) Ален Даллес низ соли 1952 нақшаи суиқасд ба ҷони Сталинро тартиб дода буд, аммо директори СРУ У. Смит онро маъқул надонист. Хуб ҳам кард, зеро 5 марти соли 1953 Сталин бо аҷали худ аз дунё чашм пӯшид.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 

Виҷдон 6400 доллар фоида овард
Санскри Кетсрикэв, таксисти 56 - сола, аз Таиланд як амали поквиҷдонона анҷом дод. Ӯ 8 килограмм ороишоти тиллоиро, ки мусофире дар дохили автомобилаш фаромӯш карда буд, ба соҳибаш баргардонд. Ин ҳодиса дар шаҳри Бангкок - пойтахти Тайланд рух дод.
Тоҷир мехост ҷавоҳиротро бурда дар дигар шаҳр фурӯшад,  аммо бо кадом сабабе ҷавоҳиротеро, ки 410 ҳазор доллар арзиш дошт, дар дохили таксӣ фаромӯш мекунад.
Ронанда ду рӯз дар шаҳр овора мешавад, то соҳиби ҷавоҳиротро пайдо кунад. Ниҳоят ба воситаи радио тоҷирро пайдо намуда, ҷавоҳиротро бармегардонад. Тоҷир ба Кетсрикэв барои ин амали некаш 6 ҳазору 400 доллар мукофотпулӣ медиҳад.
Таҳияи
Сафаргул АЛИМОВА
 

Мантиқ
Донишҷӯён фаҳмиданд, ки дар барномаи имсолаи таълимӣ фанни наве ҷорӣ шудааст. Номи фан мантиқ ва онро муаллими солманде дарс медиҳад. Дар дарси аввал донишҷӯе пурсид:
- Устод, мантиқ ба мо чиро меомӯзад?
Профессор ба донишҷӯёне, ки ба ӯ бо мароқ менигаристанд, ҷавоб дод:
- Таъсире, ки мантиқ ба шуури инсонҳо дорад, ба осонӣ фаҳмонда намешавад. Барои ҳамин, биёед, ҳоло ман як мисол меорам, то моҳияти масъала фаҳмо шавад.
Ҳама ба муаллим таваҷҷуҳ карданд. Профессор гуфт:
- Фарз кунед, ки аз кони маъдан ду нафар берун мешавад. Афту андоми яке тоза, аз дигарӣ сип – сиёҳ. Кадоме аз инҳо бояд сару рӯяшро бишӯяд?
Донишҷӯён ҳама бо як овоз:
- Албатта, ҳамоне, ки чиркин аст!
Профессор бо табассум меафзояд:
- Мантиқ пеш аз ҷавоб ба ин савол мепурсад: «Чӣ гуна мешавад, ки аз кони маъдан ду нафар берун мешаванду сару рӯи яке тоза асту аз дигаре гардолуд?»
Башир УСМОН
 

Об ба ҷойи бензин
Ширкати «Toyota» соли оянда истеҳсоли автомобилҳои сабукрави бо сӯзишвории обӣ-гидрогенӣ ҳаракаткунандаро ба роҳ монданист.
Ин ширкати ҷопонӣ системаи обиро дар мошинҳои тамғаи «Lexus» барқарор мекунад. «Toyota Lexus» аз бисёр бартариҳо бархӯрдор аст. Иқтидори муҳаррики он 300 қувваи асп хоҳад дошт.
Зарфи сӯзишвории обии ин мошин дар зери нишастгоҳи пас ва блоки системавии он зери нишастгоҳи пеш ҷойгир карда мешавад.
Тибқи иттилои ширкат нахустин автомобили обии «Toyota» бо бренди «Lexus» соли 2017-ум ба фурӯш бароварда мешавад.
Истеҳсолкунандагон  бовар доранд, ки дар самти тавлидоти воситаҳои нақлиёти бо об ҳаракаткунанда қадами наву ҷиддие хоҳад буд.  Ҳамзамон ин амал дар тоза нигоҳ доштани муҳити атроф саҳмгузор мешавад.
Рустам РАМАЗОН
 

Бовар мекунед? Смартфон ҳангоми рабудан маълумотро нобуд месозад
Ширкатҳои «BlackBerry» ва «Boeing» барои кормандони Вазорати мудофиа ва амнияти дохилии ИМА телефони ҷосусӣ ва ё воқеанависро ихтироъ  карданд. Мақсад аз истеҳсоли чунин телефон таъмини амнияти мобилии кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Дар смартфони “Boeing Black” навиштани тамоми маълумот ва ҷавоб додан ба зангҳо тариқи рамз сурат мегирад ва, ҳамин тавр, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.  Дар ҳолати дуздида шуданаш смартфон тамоми маълумоташро нобуд месозад. Ин смартфон барои истифодаи умум истеҳсол ва ба фурӯш бароварда намешавад. Дар он таҷҳизоте насб карда шудааст, ки тариқи моҳвора назорат мешавад. Смартфон ба ҳамон кормандони мудофиавие дода мешавад, ки бо маълумоти махфӣ ва сирри давлатӣ сару  кор доранд. 
Таҳияи Зафари АКРАМ
 

Сигоркашӣ. чанд далели зарурати партофтани он
 
6.  Баъди се рӯз дар шуш пардаи мӯякдор барқарор мегардад. Сигоркашӣ мижгончаҳои ниҳоят хурдро, ки роҳҳои нафасро тоза мекунанд, нобуд месозад. Хушбахтона, ин мижгончаҳо барқароршавандаанд. Албатта, агар дигар сигор накашед.
7.  Фишори хун баъди як ҳафта паст шудан мегирад ва хавфи сактаи майна, бемориҳои дил ва гурдаро кам мекунад.
8.  Пас аз ду ҳафтаи тарки сигор сулфа гум мешавад. Он дарҳол аз байн намеравад, чунки ба шушатон барои хориҷсозии моддаҳои зарарноки дар он ҷамъшуда вақт лозим аст.
9.  Баъди ду ҳафта гардиши хун барқарор мешавад.  
10.  Се моҳ, ки гузашт, пажмурдагӣ ва хушкии пӯст, инчунин пӯстпартоӣ ва ожангҳо бартараф мегарданд.
11.  Агар дар тӯли сол шумо ягон дона сигор накашида бошед, нишонаи маъмултарин сигоркашӣ - зардии ангушту нохун меравад.
12.  Баъди панҷ сол нишондиҳандаи хавфи сактаи майна ба ҳадди меъ-ёр расида, пас аз 15 сол эҳтимоли пайдоиши бемориҳои саратон дар сигоркаш ва шахси сигорнакашанда баробар мешавад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 

ВУ ЯХУН
Ву Яхун дар олам аз занони сарватманде шинохта мешавад, ки дороияшро на аз тариқи мерос, балки бо заҳмати худ ба даст овардааст. Фаъолияти кориашро  аз рӯзноманигорӣ оғоз  намуда, баъдан дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ ба ҳайси менеҷер  ба кор медарояд ва маҳз дар ин ҷода ба комёбиҳои зиёд дастёб мегардад.  
Соли 1993 Ву Яхун, бо сармояи 10 миллион юан, ширкати сохтмонии Jiacheng Economic Development Company-ро таъсис медиҳад. Пас аз чанде ширкат ба худ номи Chongqing Longfor Properties Co Ltd-ро мегирад ва, сарфи назар аз тамоми мушкилиҳо, то ба ҳол дар бозори бинокории Чин бо муваффақият арзи вуҷуд дорад ва яке аз ширкатҳои бузургтарини кишвар ба ҳисоб меравад. 
Коршиносони зиёд аз муваффақиятҳои Ву Яхун дар тиҷорати бинокорӣ дар ҳайратанд, зеро барои бону дар ин соҳа комёб гаштан басе мушкил аст. Вале ин зани собитқадам бо меҳнати фидокоронаи худ исбот намуд, ки бонувон низ метавонанд дар дилхоҳ касб сазовори манзалату обрӯи баланд гарданд.   
Зулола БОБОРАҶАБОВА
 

То шодӣ ноумед нагардад…
Агар шод ҳастӣ оҳиста биханд, то ғам бедор нашавад. Агар ғамгин ҳастӣ ором гиря кун, то шодӣ ноумед нагардад.
ЧАРЛИ ЧАПЛИН
***
Қавӣ будан ба ин маъност, ки дар  задухӯрд қувваи бештар дорад, қудрати воқеӣ ин аст, ки аз канори ҳарфҳои пучу бемантиқи одамони фитнагар бетаваҷҷуҳ убур кунед. Вақте мушкиле доред, ба зоҳир ҳамдарданд, аммо дар воқеъ парвои туро надоранд. Вақте мушкил доранд, бо ту хеле меҳрубонанд.
ПАУЛО КАЭЛЛО
***
Барои инсонҳои муваффақ дар ҳар ҳафта ҳафт имрӯз вуҷуд дорад, вале барои инсонҳои номуваффақ дар ҳар ҳафта ҳафт фардо. Тафовутҳои кӯчак натиҷаҳои хуберо ба бор меоранд. Лабханди шумо таровиши ашкҳое ҳаст, ки сарозер намешавад.
ФРАНЗ КАЛКА
 

10 ҳунарманде, ки ба каскадёр эҳтиёҷ надоранд
Коргардонҳо дӯст намедоранд, ки ҳунармандон дар офаридани филм нақши хатарнокро бибозанд. Зеро на ҳар ҳунарманд аз уҳдаи офаридани чунин нақшҳо баромада метавонад. Дар натиҷа, одитарин ҷароҳат метавонад ба раванди наворбардории филм халал расонад.  Дар ин ҳолат бидуни қаҳрамони асосӣ филм бардоштан барояшон мушкил мешавад. 
Аз ин рӯ, ҳангоми банаворгирии филм лаҳзаҳое, ки барои қаҳрамони асосӣ хатарбор аст, ӯро нафари дигар иваз мекунад. Ин нафарро дар соҳаи кино каскадёр меноманд. Бештари каскадёрҳоро мардон ташкил мекунанд. Онҳоро чунон ба қаҳрамони асосӣ монанд месозанд, ки тамошогарон қаҳрамони сохта будани онҳоро пай намебаранд.
Аммо бо вуҷуди ин ҳастанд ҳунармандоне, ки  худашон аз уҳдаи ин кор низ баромада метавонанд. Сомонаи www.ivi.ru  рӯйхати 10 ҳунармандеро пешниҳод намуд, ки ба каскадёр эҳтиёҷ надоранд. Ба ин рӯйхат  Хрисон Форд, Том Круз, Холоя  Грейс  Морес, Метт Деймон, Ҷейсон Стейтем, Дениел  Крейг, Анҷелина Ҷолӣ, Вигго Мортнсен, Кристиан  Бейл, Кристен Стюарт шомиланд.
Мутахассисони соҳаи кино бар он андешаанд, ки каскадёри бомаҳорат метавонад барои худ карйера бисозад. Масалан,  Ҷеки Чан ва Жан Маре қаблан чун каскадёр фаъолият доштанд. Ҳоло чун ҳунарманди ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.
Таҳияи
Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 3366

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед