ҳуқуқ
ПУРСИШ ВА ПОСУХ
Ба саволҳо Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Кадом намудҳои фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд?
П. Ғоибназарова, сокини ноҳияи Рӯшон
- Мувофиқи моддаи 8 - и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд:
Фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоркардашудаи давлатӣ алоқаманд мебошанд; фаъолияти эҳсонкорӣ; фаъолияти динӣ; фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ; фаъолияти муассисаҳое, ки аз ҳисоби муассис маблағгузорӣ карда мешаванд ва аз ҷониби шахсони воқеӣ иҷро гардидани кори кироя.
Қонунгузор, инчунин, намудҳои зерини фаъолиятро аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намекунад, ба шарте ки ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосӣ набошад:
Ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзӣ; ба иҷора додани молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул; додани молу мулк ба идоракунии боэътимод; харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ ё коғазҳои қиматноки он; харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани вомбаргҳо ё ҳама гуна векселҳои дигар.
* * *
- Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ бо тартиби судӣ ситонда мешавад, чӣ қадар аст?
Н. Парзшоева, сокини шаҳри Хоруғ
- Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ аз волидайни онҳо, ба шарте ки ҷойи кори муайян дошта бошанд, ҳар моҳ ба андозаҳои зерин алимент рӯёнда мешавад:
Чоряки музд ё дигар даромад (25 дарсад) – барои як кӯдак; сеяки музд ё дигар даромад (33 дарсад) – барои ду кӯдак; нисфи музд ё дигар даромад (50 дарсад) – барои се ва зиёда кӯдак. Масалан, агар маоши расмии ҳамсар 550 сомонӣ бошад ва андозаи алимент барои 2 кӯдак 1/3 маоши ҳамсарро ташкил диҳад, пас дар ин ҳолат андозаи алимент 181,5 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
* * *
- Ба кадом мақомот ваколати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ вогузор аст?
Шаҳноза, шаҳри Қӯрғонтеппа
- Ҳар як тиҷорат (фаъолияити соҳибкорӣ) бояд дар мақомоти дахлдор ба қайд гузошта шавад. Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз 19 майи соли 2009, таҳти № 508 мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2016 №: 210 Мутолиа карданд: 2388