logo

иҷтимоиёт

САЛАФИЯ ВА ХАТАРИ ОН БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Имрӯз ҷараёни «салафия» ба амнияти як қатор кишварҳо хатар эҷод карда истодааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд.
 
Аз таҳлилу баррасии шабакаҳои телевизонии хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ маълум аст, ки қисми зиёде аз сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарӣ, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон ҷавони мусулмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломӣ мебошад, заҳролуд сохта, онҳоро дар рӯҳияи пайравӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тарбия намудаанд. Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбори таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористӣ, аз ҷониби гурӯҳҳои ба ном салафӣ кушта шудани даҳҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншооти таъйиноти гуногун  паҳн мегардад.
Пайравони равияи салафия тақрибан дар миёнаи солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшии ба худ хос, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, ки ин амалҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон мегардид.
    Мусаллам аст, ки салафия бо амалҳои террористӣ ба расму оин, фарҳангу мероси ниёгон, амният ва суботи давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Пайравони гурӯҳи мазкур асосан дар урдугоҳ ва таълимгоҳҳои мухталиф сабақ омӯхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ даст ба ҳама гуна ҷиноят мезананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои террористии дар зоҳир исломӣ барои мубориза бо куфр ва созмон додани ҷумҳуриҳои исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ - ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва барангехтани низоъҳои мазҳабӣ комёб гарданд.
Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбинии заҳрогини ифротгароёни салафия пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Мо, махсусан ҷавонону наврасони тоҷик, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шавем. Барои мо ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳид гаштан дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама чизи дигар муҳим аст. Зеро ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд буда, танҳо он омили рушду нумӯъ ва умеди фардои беҳтару боз ҳам шоистатари мардумро дорад.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 2500

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед