logo

иқтисод

ЗАМИН. САМАРИ ЗИНДАГӢ АЗ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ОН АСТ

Масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки замин дар кишвари мо, ки қисми зиёди ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аҳамияти хоса дорад.
Дар кишвар сар аз солҳои 2000 – ум ҷиҳати рушди минтақаҳои кӯҳистон корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар минтақаҳои сайёҳӣ эълон гардидани мавзеъҳои Варзоб, Ромит ва ноҳияи Балҷувон аз зумраи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
 
Ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ, нигоҳ доштан, самарабахш ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиии кишвар 22 июли соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои кӯҳӣ” ба тасвиб расид. Дар доираи иҷрои қонун тайи солҳои охир дар аксари шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, бо назардошти рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ қабул карда шуданд. Ҳамчунин, “Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” мавриди амал қарор дошта, тибқи он дар шаҳру ноҳияҳо 20 ҳазор гектар боғу токҳои нав бунёд хоҳад ёфт, ки 6,9 ҳазор гектари он дар заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳост. Ин кор воситаи асосии пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, хусусан ярчу сел, низ мебошад. Ба ғайр аз ин, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кӯҳистон татбиқи барномаҳои давлатии занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва туризм ҷараён дорад.
Дар баробари омилҳои дигар афзоиши аҳолӣ низ масъалаи рушди минтақаҳои кӯҳиро мураккаб сохтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 январи соли 2016 аҳолии кишвар беш 8,5 миллион нафарро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2000 – ум қариб 3 миллиону 400 ҳазор нафар афзудааст. Аз он наздики 6 миллиону 300 ҳазор нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Зиёдшавии аҳолӣ дар шароити камзаминии деҳоти мамлакат зарурати истифодаи оқилонаю дурандешонаи заминро бештар месозад. Бинобар ин, самаранок ва дуруст ба кор бурдани ҳар як порчаи замин тақозои замон аст ва аз мақомоти дахлдор чораҳои таъхирнопазирро дар самти мазкур тақозо менамояд.
Ҳудуди ҷумҳурӣ дорои сохтори мураккаби геологӣ - кӯҳист. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ ҳангоми интихоби қитъаи замин барои бунёди иншоот ҳаматарафа омӯхтани геологияи хок ва риояи ҳатмии меъёрҳои сохтмонӣ амри зарурист.
Илова бар ин, гармшавии глобалии сайёра, хусусан обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, ҳамасола барои мавзеъҳои кӯҳӣ оқибатҳои ногувор пеш меорад. Давоми шаш моҳи соли равон дар натиҷаи офатҳои фавқулодаи табиӣ ба хоҷагии халқи кишвар бештар аз 122 миллион сомонӣ хисорот ворид гардидааст.
Бо назардошти омилҳои зикргардида ҷиҳати муайян кардани геологияи хоки қитъаҳои замин, оқилонаю самаранок интихоб намудани макони сохтмони иншоот дар минтақаҳои кӯҳӣ таъсиси комиссияи доимоамалкунандаи ҳукуматӣ иборат аз мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аҳамияти хоса дорад. Инчунин, ба мақсад мувофиқ аст, ки харитаи минтақаҳои хавфнок таҳия гардида, аз рӯйи он ҷудо намудани қитъаҳои замин дар ин мавзеъҳо қатъиян манъ карда шавад. Ҷоннок кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза сохтани сою наҳрҳо то мавсими серобӣ низ хеле муҳим мебошад.
Сафармуҳаммад ЮСУФОВ,
узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 2425

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед