logo

иҷтимоиёт

ЯК ТАШАББУС. СУХАН ДАР БОРАИ БАРҚАРОРИИ ПУЛИ ХАРОБШУДА ДАР ЁВОН МЕРАВАД

Ёвонрӯд аз домани талу теппаҳо, кӯҳҳои деҳаҳои Утаган, Ғешӣ, Сангпар, Чепи Солӣ, Мирзоӣ, Навобод ҷорӣ гардида, тобистону тирамоҳ кӯдакон дар оби мусаффою гармаш оббозӣ мекунанд, моҳӣ медоранд ва сокинони деҳаҳои назди соҳил боғоту киштзорашонро шодоб мегардонанд. Вале дарё дар баҳорон ба туғён меояд ва ҳар чизе садди роҳаш шавад, ба коми худ фурӯ мебарад.
 
Солҳост, ки шаҳраки Ёвонро дарё ду тақсим кардааст ва ҳудуди ҳар ду қисматро се пул ба ҳам пайваст месозад. Деҳаҳо, корхонаҳо, хоҷагиҳо дар ду тарафи Ёвонрӯд ба дарозии 60 километр ҷой гирифтаанд ва ҳар рӯз садҳо корафтодаю нақлиёт дар равуост.
Пули якуми болои Ёвонрӯд пули асосӣ ҳисоб мешуд ва 30 сол дар хизмати мардум буд. Вале боронгариҳои солҳои 2014 – 2015 пули оҳану бетониро шуста бурданд ва ҳатто пеши селу санг болорҳои оҳану бетонии 38 метра, ки дар вақташ аз шаҳри Санкт – Петербург оварда буданд, ҳеҷ шуданд. Ду сол аст, ки одамон аз кӯчаи асосии шаҳрак ба қисмати чапу рости соҳил бо азоб равуо мекунанд.
Бо назардошти ин ҷиҳати сохтмони пули нав ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд. Ба ситод, ки роҳбарии онро ба дӯши муовини якуми раиси ноҳия Аскар Набизода вогузор намуданд, шахсони масъул, аз ҷумла сармеъмор, сардори идораи сохтмони асосӣ ва соҳибкорону бинокорон низ ҷалб гардиданд. Хароҷоти сметавии пул аз рӯи ҳисобҳои мутахассисон 15 миллион сомониро ташкил дод. Аз буҷети маҳал 1,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд ва аз ин маблағ метал, арматур, қум, семент харида, 100  метри кубӣ шағал захира шудааст.
- Баландии пул 14 метрро ташкил медиҳад, - мегӯяд раиси ситоди ноҳиявӣ А. Набизода. - Лозим меояд, ки барои сохтани пул маблағ биёбем. Ин масъаларо ҳамроҳи аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои деҳот ва соҳибкорон  ҳал менамоем. Ситод шабу рӯз ба кори сохтмончиён назорат мебарад ва маблағҳои пулии ҷамъшударо ба ҳисоб мегирад. Одамони хайрхоҳ низ пайдо шудаанд, ки дар сохтани пул ёрӣ  мерасонанд.
Сохтмончиён то ҷашни Наврӯз пули 44 метраро барои баҳрабардорӣ пешкаши меҳнаткашони ноҳия намуданианд.
Зайнулобиддин ҲУСЕЙНОВ, ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2206

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед