logo

иқтисод

«КАМАРОВ». АКНУН 30 ҲАЗОР ТОННА АНГИШТ ИСТИХРОҶ МЕКУНАД

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон канданиҳои фоиданоки зиёде хуфтаанд, ки дар ҳолати дарёфти роҳи дурусти истифодаи онҳо корхонаҳои саноатии кишварро бо ашёи хушсифати худӣ пурра таъмин намудан имконпазир аст.
 
Корхонаи истеҳсоли ангишти ҶДММ «Камаров» солҳои 90-уми асри гузашта бо мақсади истихроҷи ангишти кони Кафтархонаи ҳавзаи Назарайлоқ таъсис ёфта буд. Соли 1997 баъди гирифтани иҷозатнома ва дарёфти як миқдор маблағ ба кор шурӯъ намуд. Аммо роҳ мавҷуд набуд. Аз саргаҳи Камаров - дашти Кишинбоғ ба сохтмони роҳи мошингард ба сӯи кони ангишт оғоз намуданд. Аз сабаби набудани техника ва маблағ сохтмони ин роҳи  72 – километра тӯл кашид. Масофаи  бист километри охир дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сохта шуд. Дар 37 ҷой қубурҳои обгузар гузошта, дар болои се дарёча пули мошингузар сохтанд. Аммо роҳе, ки бо машаққати зиёд сохта шуда буд, барои кашондани ангишти зиёд ҳанӯз мувофиқ набуд. Дар ҳар сурат кормандони корхона тавонистанд соли 2008  панҷ ҳазор тонна ангишт истихроҷ намоянд. Солҳои минбаъда тавассути ин роҳ кашондани ангишт ба 10 ҳазор тонна расонда шуд.
Баҳори соли 2009 роҳбарияти корхона ба омӯзиши дараи Ғориф машғул шуд. Масофа то кони Кафтархона ба воситаи дараи Ғориф аз дашти Кишинбоғ 42 километрро ташкил менамуд. Соли 2015 роҳсозон тавонистанд, ки  сохтмони роҳи навро ба анҷом расонанд, аммо ҳанӯз ҳам баъзе корҳо монда буданд.
Баҳори имсол роҳи нави кони ангишти Кафтархона аз нав таъмир шуд ва тамоми мушкилот аз байн рафт.
- Моҳи марти соли равон дар ҷаласаи умумии корхона қарор додем, ки нақшаи пешбинишуда - истеҳсоли 15 ҳазор тонна ангиштро то ҷашни 25 -солагии Истиқлолияти давлатии кишвар иҷро намоем. То рӯзи ҷашн ба ҷои 15 ҳазор 20 ҳазор тонна ангишти хушсифат  истихроҷ намудем. Имрӯз корхона истеҳсоли ангиштро ба 24 ҳазор тонна расондааст ва ният дорем, ки то боридани барф корамонро идома диҳем ва истеҳсоли ангиштро ба 30 ҳазор тонна расонем, - гуфт Мурод Хушвақтов, директори ҶДММ «Камаров».
Корхона бо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани роҳи нав имсол тавонист, ки  тибқи дархости мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, сохторҳои давлатӣ ва аҳолиро бо ангишт таъмин намояд. Шумораи талабгорони ангишти кони Кафтархона рӯз то рӯз зиёд мегардад. Аз ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш ва Нуробод низ барои бурдани ангишт ба Кафтархона меоянд. Ҳамчунин, дар асоси шартнома як қатор корхонаҳои калони саноатии ҷумҳурӣ низ аз ин кон ангишт мехаранд.
Барои коргарон ва ронандагон шароити хуби корӣ фароҳам аст. Ба онҳо се вақт хӯроки бепул дода мешавад. Хобгоҳҳои шаҳраки коргарӣ имконият медиҳанд, ки на танҳо коргарон, балки ронандагоне, ки барои бурдани ангишт меоянд, шабашонро рӯз намоянд. Корхона дар мавзеъҳои Андар, Кишинбоғ ва Ҳуланг се шаҳраки коргарӣ бунёд намудааст.
Ронанда Додарҷон Мирзоев зимни суҳбат гуфт, ки бори панҷум аст, барои бурдани ангишт ба Кафтархона меояд. Муомилаи хуб ва шароити фароҳамовардаи роҳбарияти корхонаи «Камаров» ба ронандагон писанд аст.
- Мо ният дорем, ки ояндаи наздик дар ин ҷо корхонаҳои дигар, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли электрод, бунёд намоем. Дар таркиби ангишти ҳавзаи Назарайлоқ канданиҳои дигари фоиданок муайян шудааст. Имрӯз мутахассисони варзидаи кишвар бо мо ҳамкорӣ доранд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Мурод Хушвақтов.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2084

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед