logo

фарҳанг

«ДИДОР» БОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имсол низ чун солиёни пешин расми ифтитоҳи Синамобазми байналмилалии «Дидор» ба  16 октябр - Рӯзи кинои тоҷик рост омада, он то 20 - уми ҳамин моҳ идома ёфт. «Дидор» дар ду сол як маротиба баргузор гардида, дар он синамогарони кишварҳои ҳамсоя, ҳамзабон ва мамолики дуру наздик ширкат менамоянд.  Дар ҷашнвораи имсола меҳмонон аз кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Эрон, Муғулистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Швейтсария ва Олмон ширкат намуданд. Ҷашнвораи имсола ба бузургдошти яке аз коргардонҳои шинохтаи тоҷик Бахтиёр Худойназаров бахшида шуд.
Ба барномаи ҳафтумин Синамобазми «Дидор» беш 80 филми равияҳои мухталифи ҳунарӣ шомил гардиданд. Филмҳои интихобшуда ба барномаҳои озмунии филмҳои баланд ва кӯтоҳи достонӣ, «Панорамаи байналмилалии филмҳо», «Гуфтугӯи фарҳангӣ - «Ғарб ва Шарқ», «Синамои форсизабонон - Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон» ворид шуданд. Инчунин, барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷавонони эҷодкори кишвар ба аниматсия дар доираи ҷашнвора «Ҷашни аниматсия» низ баргузор гардид. 
Дар маросими ифтитоҳи синамобазм, ки рӯзи 20 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҳакамони байналмилалӣ Низом Қосим (Тоҷикистон), Ризо Киёниён (Эрон), Латика Падгаонкар (Ҳиндустон) аз миёни 80 филм беҳтаринҳоро интихоб намуданд. «Шоҳҷоиза» барои беҳтарин филми пурраметражаи достонӣ насиби «Чанд метри мукааб ишқ»  - и  Ҷамшед Маҳмудӣ (Афғонистон - Эрон) ва «Шоҳҷоиза» барои беҳтарин филми кӯтоҳметражаи достонӣ ба «Ҳар яке» - и  Николай Котяш (Русия) супорида шуд. Ҷоиза барои беҳтарин филми тоҷикӣ насиби  «Мушкилкушо» - и  Умед Мирзоширинов (Тоҷикистон), ҷоизаи махсуси шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон» ба «Муроқибат аз Ҷунос» - и  Қасида Гулмаконӣ (Эрон), ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ ба «Ҷашни бузург» - и  Вагэ Геворгянс (Арманистон), ҷоизаи мунаққидони кино ба «Қарзи падар» - и Бақит Муқул ва Достон Ҷаббор-уғлу (Қирғизистон) супурда шуд.
Шаҳбози АБРОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2658

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед