logo

маориф

МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БОЯД САЗОВОР БОШЕМ

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ соли 2011 дар  яке  аз  мавзеъҳои  беҳтарини  шаҳр, бо  харҷи  беш аз 31 миллион сомонӣ ва барои 1280 нафар хонанда бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидааст. Боиси  ифтихори  ҳамаи мо  омӯзгорон  ва  шогирдони  мактаб  аст, ки дар  маросими  ифтитоҳи  он  бевосита  худи   Президенти  кишвар  ширкат  варзида, суханронӣ  намуданд.
 
Сарвари муҳтарами давлат Эмомалӣ  Раҳмон изҳор намуданд, ки “мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи толибилмони кишвар табдил меёбад. Мо аз наврасону ҷавонони имрӯза, аз ҷумла ҷавонони Бадахшон, умеди зиёд дорем, зеро онҳо ояндаи Ватан ва созандагони фардои сарзамини аҷдодии мо мебошанд”.
Муассисаи таълимӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар он хонандагони болаёқат аз шаҳру  навоҳии  ВМКБ ва берун аз он ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таълим дар муассиса ба се забон - тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар мактаб 900 нафар хонанда таҳсил менамоянд.  Хонандагони мактаб дар 13 гурӯҳи таҳсилашон ба забони русӣ, 2 гурӯҳи таҳсилашон ба забони англисӣ ва 19 гурӯҳи таҳсилашон ба забони тоҷикӣ  ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Дар ин муддат ҳамасола  то  96 -  98  дарсади хатмкардагони  мактаб ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ  ва  берун  аз  он  дохил  мешаванд.  Аз  ҷумла, хатмкунандагони мо айни  ҳол дар  Полша, Русия, Амрико, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Туркиё, Қазоқистон ва Қирғизистон  таҳсили  худро  давом  дода  истодаанд. Хонандагони   мактаб  дар давоми 5 сол соҳиби  7 медали тилло, 13 - нуқра ва 15 - биринҷӣ гардида, 15 нафар узви  вобаста ва 10 нафар узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Умуман, шароити  барои  омӯзиш  мусоиди  муассиса  мо, омӯзгорон  ва  толибилмони  мактабро   муваззаф  месозад, ки  дар  ҳамаи  самтҳо  ба  натиҷаҳои  беҳтар  ноил  гардида, ба  он  муваффақ  гардем, ки  мактаби  мо, ки  номи  президентиро  дорад, ҳамеша  дар  қатори  беҳтарин  муассисаҳои  таҳсилоти  ҳамагонии  вилоят   ва  кишвар  бошад.
Айниддин СОМИДДИНОВ,
ҷонишини директори мактаби президентии шаҳри Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 5442

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед