logo

иҷтимоиёт

"ИСФАРА – КОНИБОДОМ - ДЕҲМОЙ". РОҲЕ, КИ ТАҶДИД МЕШАВАД

Дар машварати назди муовини раиси вилояти Суғд ҷараёни татбиқи барномаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ - РАОМ», аз ҷумла корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди «Исфара – Конибодом - Деҳмой» баррасӣ гардид. Барномаро дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи март ҳусни оғоз бахшида, ба масъулон ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла таъмиру бунёди роҳҳои автомобилгард -  омили муҳими рушди иқтисоди кишвар, дастур дода буд.
 
Паймонкори асосии таъмиру таҷдиди роҳ ширкати «Роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин» мебошад, ки миёни 15 ширкати роҳсоз дар тендер ғолиб омадааст. Маблағи умумии лоиҳавии хараҷот барои таъмиру таҷдиди 67,8 километр роҳ дар маҷмӯъ 54 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз он 45 миллион аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ва 9 миллион доллар аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Барнома аз 6 бахш, назири Деҳмой - Маданият, Исфара - Конибодом, Конибодом – Патар, иборат буда, муҳлати муқарраршуда оид ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо низ  гуногун мебошад.   Масалан, агар қисмати Деҳмой - Маданият соли оянда, ба истифода дода шавад, муҳлати анҷоми кор дар самти Конибодом - Патар  дар нимаи дуюми соли 2018 муқаррар шудааст.
- Шитобкорӣ дар сохтмон, аз ҷумла роҳсозӣ, ҳаргиз қобили қабул нест. Мо, мутахассисони маҳаллӣ, хоҳони онем, ки мутахассисони чинӣ сифати баланди иҷрои корро кафолат диҳанду ин роҳҳо солиёни дароз дар хизмати мардуми диёр бошанд, - мегӯяд  Мавлон Умаров, муҳандиси минтақавии барнома.
Ба андешаи Рустамҷон Сангинов, муҳандиси дигари барнома,  ҷараёни корро, сарфи назар аз баъзе ноҷӯриҳои ҷузъӣ, метавон мусбат арзёбӣ кард.
  - Роҳҳо сад дарсад мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ навсозиву таъмир хоҳанд шуд, - мегӯяд Р. Сангинов. - Ҳоло марҳалаи аввали ҳамворсозию сангрезӣ ба охир расида, рӯзҳои наздик марҳалаи дуюм - мумфарш кардани роҳҳо оғоз меёбад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2228

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед