logo

иҷтимоиёт

ТИБ. АГАРЧИ МУШКИЛОТ ҲАСТ...

- Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад. Он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст». Пешрафту тараққиёти соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба даврони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Соли 1990 муассисаҳои тиббӣ ҳамагӣ дорои 100 кат буданд, ҳоло  дар муассисаҳои табобатии ноҳия 180 кат мавҷуд аст.  Агар соли 2004 буҷети беморхона ва муассисаҳои тобеи он 220 ҳазор сомониро ташкил медод, дар соли 2016  буҷети сохтори тандурустии ноҳия ба 4673014 расидааст”, - гуфт сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Қадим Тӯйчиев.
Ба гуфтаи ӯ, соли 1986 дар ноҳия ҳамагӣ 12 нафар духтури маълумоти олидор фаъолият доштанд, ҳоло шумораи табибони маълумоти олидор 61 нафарро ташкил медиҳад.  Бо татбиқи  квотаи президентӣ 38 нафар ҷавони маҳаллӣ соҳиби маълумоти олии тиббӣ гардиданд, ки 6 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз соли 1996  дар ноҳия филиали коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт амал мекунад, ки ҳоло 300 нафар хатмкунандаи он  дар муассисаҳои тандурустии ноҳия  кор карда истодаанд.
Ин давра дар ноҳия беморхонаҳои минтақавии Нӯшор, Ширинчашма, Лангаришоҳ, шаш маркази саломатӣ, бист бунгоҳи тиббӣ, шаш маркази махсусгардондашуда ва маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологӣ таъсис ёфт. Беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ бо  ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо, ташхиси кардиограмма таъмин гардиданд, ки сокинони ноҳия қаблан барои гузаштани чунин ташхисҳо ба ноҳияҳои гирду атроф ва ё ба шаҳри Душанбе мерафтанд. Бо мақсади тақвият ва боло бардоштани сатҳи  ташхису табобат  маркази ВИЧ - СПИД, дармонгоҳ - лаборатория, ташхиси бемориҳои сил, марказҳои эмтаъминкунӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, репродуктивӣ - солимӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Таъмиру таҷдид гардидани бинои шуъбаи ҷарроҳӣ дар назди беморхонаи марказӣ ва таҷҳизондани он бо нодиртарин ашёи тиббии сохти ҷопонӣ дар  масири табобати беморон гардиши куллиро ба вуҷуд овард. Акнун дар шуъба мураккабтарин амалиёти ҷарроҳӣ бо муваффақият гузаронда мешавад. Дар назди беморхонаи минтақавии Нӯшор сохтмони  шуъбаи таваллуд ва амрози занона  ба итмом расида  бо ашёи ҳозиразамон таъмин гардид. Дар соли 2016 бошад, як бунгоҳи саломатии деҳоти Файзбор азнавсозӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ барои таъмири асосӣ ба нақша гирифта шуд.
Аз рӯи гуфтаҳои сартабиб, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидааст, аммо дар самаранокии фаъолияти пизишкон ҳанӯз ҳам мушкилот вуҷуд дорад. Нарасидани мутахассисони соҳа, аз ҷумла табибони бемориҳои асаб, руҳшинос ва духтури бемориҳои чашм, инчунин норасоии таҷҳизот ба монанди дастгоҳҳои рентгенӣ ва автоклаваҳо аз мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд.
- Имрӯз масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти давлат қарор дорад. Аз ҳамин ҷиҳат қобили эътимод аст, ки  мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустии ноҳия дар солҳои наздик бартараф мешаванд ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад, - гуфт Қадим Тӯйчиев.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2278

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед