logo

сиёсат

ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНА. Ё САҲА АЗ МУХОЛИФОНИ ТОҶИК ЧӢ МЕХОСТ?

Ба ҷаҳониён маълум аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, баргардондани фирориҳои иҷборӣ ба ҷойи зисташон, таъмини истиқрор ва амнияти ҳамагонӣ, барқарор кардани иқтисодиёти батамом фалаҷгардида, ҳарчи зудтар фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кору зиндагии аҳолӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро истифода кард. Кунун дар шароити сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳизбҳои  сиёсӣ ифодагар ва ҳифзкунандаи манфиатҳои қишрҳои алоҳидаи шаҳрвандон буда, яке аз  рукнҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва мутамаддин мебошанд.
Маълум аст, ки дар мамлакат тамоми шароит барои  фаъолият ва рушди бемонеаи аҳзоби сиёсӣ муҳайё карда шудаанд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҳизби сиёсӣ таъсис диҳад, ба онҳо аъзо шавад ва ё аз онҳо барояд. Ин ҳуқуқҳоро моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст.  Яъне, ягон маҳдудият барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Вале дар сурати хилофи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда фаъолият бурдан ва амалҳои худро бар зидди сохти конститутсионӣ равона кардан, фаъолияти ҳизби сиёсӣ аз ҷониби Суди Олӣ қатъ мегардад, ки ин таҷриба  дар тамоми давлатҳои мутамаддин истифода  мешавад.
Лекин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди ҳамаи ин озодиҳо ва шароити мусоид шахсоне ва ҳизбҳое ҳастанд, ки барои иҷрои ҳадафҳои муғризона ва нақшаҳои нопоки худ амалҳои ғайриқонуниро ба сомон расондаанд. Яке аз чунин ҳизбҳо собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки кӯшиши  халалдор кардани амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеаро дошт.
Пас аз бартараф кардани ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар кишвар рухдода, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян шуд, ки мақсади асосии фаъолияти ин ҳизб на хизмат ба дину диёнат, миллату давлат ва пос доштани арзишҳои миллӣ, балки сарнагун ва тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдор намудани амният ва хизмат ба хоҷагони хориҷӣ мебошад. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ  аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, дар асоси  моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро қатъ кард.
Бо вуҷуди ин, пайравони ҳизби мамнуъшуда бо истифода аз дастгирии баъзе қувваҳои беруна, махсусан  созмонҳои байналмилалӣ, ки худро ҳомии ҳуқуқи инсон ва тарафдори сулҳу субот ва амнияти ҷаҳонӣ эълон кардаанд, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки амнияту суботро дар Тоҷикистон халалдор созанд.  Аз чӣ сабаб бошад, ки ташкилоте чун Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар як нишасти вижа  оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава намояндагони ин ҳизби экстремистию террористиро даъват кардааст. Ин иқдом, пеш аз ҳама,  мухолифи усулҳои худи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буда, нуфузи онро коста мегардонад.
Созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бояд бидонанд, ки Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ мисли дигар ҷараёнҳои ифротӣ на фақат барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ хатар дорад.  Зеро ин ҳизб бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехоҳад вазъро дар минтақа ноором созад. Аз ин рӯ, набояд созмонҳои ҷаҳонӣ тарғибгари чунин гурӯҳҳои ифротӣ бошанд, зеро ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню - Йорк ҳеҷ гоҳ аз хотири ҷомеаи инсонӣ дур намешаванд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав амалӣ гардиданд.
Бояд донист, ки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, новобаста ба марзу бум, барои пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ такягоҳ ҷустуҷӯ мекунанд. Гузашти ҳамоиш дар Варшава бори дигар собит намуд, ки Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ таҳаммулгароӣ ва фарҳанги зарурии сиёсиро надорад ва барои ба даст овардани ҳадафҳои худ, омода аст, ҳама чизро қурбон кунад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҳушёриро аз даст надода, ба бозиҳои сиёсие, ки душманони миллат бо хоҷагони хориҷии худ ташкил карда истодаанд, дода нашаванд. Ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин амали САҲА - ро маҳкум карда, иброз медоранд, ки ҳеҷ гоҳ ба ин бозиҳои сиёсӣ дода намешаванд ва ҷонибдори сулҳу субот дар тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошанд. 
Ҳайати устодону донишҷӯёни
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 1952

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед