logo

иқтисод

"ПОМИР ИНВЕСТ – 2016". ЧӢ ГУНА АЗ ҲАМОИШҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БЕШТАР СУД БАРДОРЕМ?

Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Ассотсиатсияи соҳибкорону фермерони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помир  инвест - 2016» баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ҷалби бештари сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои истифодаи захираю имконоти мавҷуда, ҳалли мушкилоти ВМКБ дар бахши рушди истеҳсолот, коркарди маъданҳои зеризаминӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мебошад.
 
Барои Бадахшон чунин нишастҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ лозиманд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асри 21 - ро “асри кашфи сарзамини пурасрори Бадахшон” ва Бадахшонро “дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” унвон карданд. Вақти кашфи захираҳои бузург расидааст. Ин сарзамин барои сайёҳон бисёр ҷойҳои таърихӣ ва хушманзара дорад. Дар қатори 100 макони ҷолибтарини сайёҳии дунё шинохтани кӯҳҳои Помир тасодуфӣ нест. Вилоят аз лиҳози боигариҳои табиӣ низ беҳамтост. Баробари маъданҳои гаронарзиши зеризаминию чашмаҳои шифобахш, инчунин дорои захоири адонашавандаи энергетикӣ мебошад. Захираи солонаи барқи рӯдхонаҳои вилоят зиёда аз 6 миллиард киловатт - соатро ташкил медиҳаду аз он ҳамагӣ 181 миллион киловатт - соат мавриди истифода қарор дорад.
Ба гуфтаи Боймаҳмад Алибахшов, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон ва фермерони вилоят, дар доираи нақшаи чорабиниҳои форуми “Помир Инвест - 2016” 2 корхонаи муштараки Тоҷикистон - Амрико оид ба коркарди ҷуворимакка ва меваҷоти кӯҳистон рӯйи кор омадаанд, ки яке то охири сол ва дигаре соли оянда мавриди истифода қарор мегиранд.
Ба андешаи коршиносон, аввалан, дар ташкили форумҳо камбудиҳо ҷой доранд. Масалан, зарур аст, ки дар оғози форуми навбатӣ аз бурду бохти форумҳои пештара ахбори мушаххас манзури ҳозирин гардонда шавад. Аммо Боймаҳмад Алибахшов камсамар будани форумҳои пешинро ба саҳлангории ниҳодҳои дахлдор ва баъзе монеаҳои объективии маҳал рабт медиҳад.
Латиф Шоҳзодаев, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, мегӯяд бо вуҷуди баъзе норасоиҳо форумҳо ба пешрафти иқтисодиёти вилоят такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар форуми имсола зиёда аз 100 бизнес - нақша баррасӣ гардида, 50 адади он ба маҷмӯаи бизнес – нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ворид гардидааст. Инчунин, 15 санади ҳамкорӣ ва дастгирии сармоягузорон, аз ҷумла созишнома миёни ширкатҳои Чин ва роҳбарияти вилоят, ба имзо расиданд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
Лутфишоҳи ДОДО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2178

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед