logo

иҷтимоиёт

МАКТАБ БАРОИ КӮДАК. СУХАН ДАР БОРАИ ОИЛАИ СОЛИМ МЕРАВАД

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа - маркази маъмурии вилояти Хатлон бо ибтикори шаҳрдорӣ дар мавзӯи “Сабабҳои фурӯпошии оилаҳо” конфронси илмӣ - амалӣ гузаронда шуд. Ба кори он ҳама масъулони 12 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа даъват гардиданд.
- Кӯдак дар оила донишвару ҳунарманд, худошиносу худшинос, инсондӯсту ватандӯст ба воя мерасад, - зикр кард зимни сухани ифтитоҳӣ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амируллои Асадулло. - Яъне оилаи хубу солим барои кӯдак ба манзалаи як мактаб аст. Пойдевори ин раванд бояд аз меҳру муҳаббат ва эҳтироми якдигар асос ёбад, то дар муқобили ҳар як ноҷӯрии рӯзгор устувор бошад. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳои ба қадри оила нарасидани баъзе ашхос ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасанд. Пеши роҳи ин тамоюли номатлубро мо фақат дар якҷоягӣ бо пайдо кардани роҳу равиши таъсиррасон гирифта метавонем.
Дар ин робита иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2011 - 111 оила, 2012 – 102, 2013 – 63, 2014 – 80, 2015 – 108 ва дар нуҳ моҳи соли 2016 - 74 оила барҳам хӯрдааст.
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Назир Азимзода омилҳои пошхӯрии оилаҳоро ба ин тартиб зикр кард: тайёр набудани ҷавонон ба зиндагии оилавӣ, нагузаштан аз ташхиси тиббӣ, мавҷудияти никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила, дахолати падару модар, таъсири муҳити зист, наёфтани фарзанд, адами эҳтиром ба якдигар, никоҳи маҷбурӣ. “Мо – волидон бояд интихоби ҳамсарро ба худи ҷавонон вогузор кунем ва минбаъд низ мустақилияташон диҳем, ки хоҳиши дили моро не, балки хостаҳои хешро дар оила амалӣ намоянд. Баъзан дахолати ноҷои мо масъаларо баръакс чигилтар мекунад ”, - афзуд Н. Азимзода.
- Агар дар оила шӯру хархаша, нофаҳмию ҷудоӣ ҳукмфармо бошад, ин боиси ба воя расидани кӯдакони душвортарбия мегардад, - гуфт сардори раёсати САҲШ - и вилояти Хатлон Зинатбибӣ Сафарзода.  – Ҳол он ки имсол дар ҳудуди вилоят бинобар роҳи созиш пайдо накардани 1340 оила 70 тифли маъсум шодкомию бозиро ба ғаму ҳасрат иваз кардаанд. Таҳқиқ нишон дод, ки синну соли миёнаи ҷудошавандаҳо дар Хатлон аз 18 то 25 аст. Яъне воқеият ин аст, ки маҳз ҳамин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон осебпазир мебошанд.
Гулбаҳор Самадова, роҳбари машваратгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, бо таассуф изҳор кард, ки бисёр вақт хешовандони арӯс монеи ба ташхиси тиббӣ фаро гирифтани ӯ мешаванд. “Мақсад аз роҳандозии ташхиси тиббӣ ин пешгирӣ аз безурётии эҳтимолӣ ва тавлиди кӯдаки аз ҷиҳати ҷисмонӣ маҳдуд аст. Натиҷаи он ҳам куллан махфӣ нигоҳ дошта мешавад”, - изофа кард вай.
 Ба ақидаи домулло Акрами Соҳибназар бояд арӯси хонадон ҳам босавод бошад. “Муаллими башарият (с) босавод будани занро назар ба мард афзалтар шумурда, фармудааст, ки агар мард босавод бошад, як фарзанд ва агар зан босавод бошад, ҳама фарзандон босавод ба воя мерасанд. Зеро ба болои ҳама кори хона, бори тарбия ҳам асосан бар дӯши модарон аст. Биноан, шариати мо илм омӯхтанро барои ҳар як мусулмон, новобаста аз ҷинсаш, фарз гардондааст”, - зам кард А. Соҳибназар.
Дар интиҳои конфронс Амируллои Асадулло аз масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа, имом - хатибон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо хоҳиш кард, ки пешниҳодҳои ироагардидаро сармашқи кор қарор дода, имкон надиҳанд, то боз хонаи умеди каси дигаре дарҳам резад, тифле аз меҳру навозиши падар ё модар дур гардад.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 2271

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед