logo

сиёсат

БОВАР. БАРДОШТЕ АЗ САМИМИЯТИ МАРДУМ НИСБАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба ҷавонони даврони истиқлолият бо ҳавас менигарам. Онҳо аз ҳама шароити иҷтимоӣ бархӯрдор буда, дар кишвари орому осуда, ободу шукуфо бо ифтихор зиндагӣ мекунанд. Ин манзараи зебои рӯзгорро мебинаму ҷавонии худам ба ёд меояд. Ҷавонӣ, махсусан донишҷӯии мо, ба солҳои навадум, ба оғози низоъҳои дохилӣ рост омад. Он солҳо пайдо намудани як пора нон рӯз ба рӯз барои мардум душвортар мешуд. Мани донишҷӯ низ рӯзҳову моҳҳо ба як бурда нон зор гаштаам. Мудҳиштар аз ҳама, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯ ба таназзул мениҳод. Ҷанги шаҳрвандӣ ва дарди маҳалбозӣ ба ниҳоли навнишондаи миллат чун заҳрпечак мепечид.
Дар бозори калонтарини шаҳри Хуҷанд - Панҷшанбе нон тамоман камчин шудаву мардум ба ояндаи неки зиндагӣ бовар надоштанд. Дасти дуо ба даргоҳи Худо мебардоштанд, ки дар диёрамон сулҳу осоиштагӣ барқарор шавад. Дастархони халқ аз нав пурнозу неъмат гардад...
Рӯзҳо пайи ҳам гузаштанд ва имрӯз бо чашми сар мебинем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ ва шукуфо табдил ёфта истодааст. Мардум ба фардои дурахшон эътимоди комил ҳосил намуда, бо дасту дили гарм, дар фазои сулҳу субот ба фаъолияти меҳнатӣ ва эҷоду кашфиёт машғуланд.
Агар ба ободиву рушди бесобиқаи кишвар назар афканем, роҳҳои обод, корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна ва маишиву фарҳангӣ самараи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати кишвар аст.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2003 номи  ноҳияи Нов ба номи  қаҳрамони миллати тоҷик - Спитамен иваз карда шуд. Дар арафаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда,  корхонаи металлбарории «Норд - азия - металл», корхонаи равғанбарории  «Спитамен - ойл», бинои маъмурии Кумитаи идораи замин, корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»  ва муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ кард.
Мардуми меҳнатқарини ноҳия аз оғози фаъолияти Пешвои миллат эҳсос ва бовар мекарданд, ки ин марди шариф пуштибону такягоҳи халқ ва муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ва, воқеан ҳам, ҳамин тавр шуд. Имрӯзҳо бо як ташрифи худ Президенти муҳтарам ин ё он гӯшаи Тоҷикистонро ободу зеботар мекунад, бо қадами муборакаш файзу шукӯҳ низ ба дилу дидаи мардум меҳмон мешавад.
Фирӯз БОҚӢ,
сармуҳаррири ҳафтавори «Паёми Спитамен» - и ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 1929

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед