logo

иқтисод

БОЗОРҲОИ ПОЙТАХТ. ЧАРО ГӮШТИ ҚУТОС КАМЧИН АСТ?

Тайи солҳои охир 13 барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, ки барои расидан ба амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунанд, таҳия ва қабул гардиданд. Яке аз онҳо «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли  2007 қабул шудааст. Он барои рушди соҳаи қутоспарварӣ дар  минтақаҳои кӯҳдоман ва наздикӯҳии кишвар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии ин ноҳияҳо хеле муҳим аст. 
 
- Ватани қутос Тибет аст. Одамон ҳанӯз дар ҳазорсолаи 1 қабл аз милод қутосҳоро ром карда, аз онҳо истифода мекарданд. Қутосҳо муқими шимоли Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Непал ва Муғулистон буда, дар ин кишварҳо чун ҳайвонҳои хонагӣ муқимӣ шудаанд. Қутоси ваҳшии асл ҳанӯз дар Тибет боқӣ мондааст, ки вазни наринааш то 1 тонна мерасад. Аз ин рӯ парвариши он дар шароити баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ фоидабахш аст, - мегӯяд Файзулло Одинаев, мудири бахши чорводорӣ ва зотпарварии Вазорати кишоварзӣ.
Ф.  Одинаев гуфт, ки саршумори қутос дар ҷаҳон беш аз 2 миллион, дар Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 26,2 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Қутос дар баландиҳои 2 - 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр парвариш карда мешавад. Қутосро дар Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Лахш, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ парвариш мекунанд.
Айни замон қутос асосан барои гӯшташ парвариш карда мешавад. Вале набояд фаромӯш намуд, ки шири он низ чун гӯшташ ғизои роҳатбахш аст. Табибон гӯшти онро ғизои парҳезӣ шумурдаанд. Воқеан ҳам, чунин ҳаст. Аммо бемористонҳои ҷумҳурӣ, бахусус пойтахт, аз чунин гӯшти парҳезӣ чаро истифода намебаранд? Комбинати гӯшт ва ё қассобонро чӣ шудааст? Аз даҳҳо ҳазор километр гӯшти бесифатро ворид месозанд, аммо гӯшти қутос дар бозорҳо нопайдост.
Қутоспарварон аз пашми қутос ҳар гуна палосу либос бофта, дар шароити кӯҳистон онро чун ҳайвони боркаш низ истифода мебаранд. Қутос ширу гӯшти парҳезӣ ва пашм дода, нигоҳубини алоҳидаро талаб наменамояд. Бахусус, шири он серсафеда ва серравған (6,5 - 7,2 фоиз) аст, ки аз шири модагов 2 баробар зиёд мебошад. Вазни зиндаи қутосҳои бо хӯроки чарогоҳ ва нигоҳубини анъанавӣ парвариш ёфта, ба ҳисоби миёна 450 - 560 (буққаҳо), 320 - 360 (модагов) килограммро ташкил медиҳад. Қутосҳои калонсол то 2 - 3 килограмм пашм (нах) дода метавонанд, ки миқдори тибити он 57 - 61 дарсад аст.
Дар пойтахт ошхонаи парҳезие вуҷуд надорад, ки дар рӯйхати хӯрокҳояш гӯшти қутос зикр ёфта бошад. Фикр мекунам, агар чунин ғизо ва ё ошхона пайдо шавад, мизоҷон роҳи дарозро тай карда ба ҷустуҷӯяш меоянд.
Имрӯз зиндагии мардум ранги дигар гирифтааст. Анвои гуногуни ғизо аз тамоми олам бозору мағозаҳои фирмавӣ, супермаркетҳоро ишғол кардааст. Аммо ҷойи гӯшту шири қутоси истеҳсоли чорводорони ҷумҳурӣ дар бозорҳои пойтахт холист. Сокинони шаҳр наметавонанд, лаззату таъми ғизои давоӣ ва парҳезии қутосро чашида, аз он баҳра бардоранд.
Шаҳбози АБРОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2047

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед