logo

иқтисод

ХАДАМОТ. КАМБУДИҲО ОШКОР МЕШАВАНД

Чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди иншоот ва биноҳои баландошёна дар авҷ аст. Тибқи талабот ва меъёрҳои маъмулии сохтмонӣ бунёди ин биноҳо бояд мустаҳкам ва бо сифати баланд анҷом ёбанд. Мақомоте зарур аст, ки аз сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ҷавобгӯ будан ба талаботи меъморӣ сар карда, то дуруст будани ҳуҷҷатгузории сохтмонҳо ва поягузорию бунёди босифати биною иншоотро пайваста зери назорат дошта бошад.
Ҳоло ба ин кори муҳиму масъулиятнок Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ машғул мебошад. Мутахассисони хадамот то 1 октябри соли равон дар 1036 иншооти 65 шаҳру ноҳияи мамлакат тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии ҷумҳурӣ оид ба сифати корҳои сохтмонӣ 2309 санҷиш гузаронда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта 1106 амрнома додаанд. Дар рафти санҷишҳои аз тарафи нозирон сурат гирифта, 3205 камбудӣ ошкор гардидааст. Аз ҳама хунукназарии бештари сохтмончиён дар сифати конструксияҳои оҳану бетонӣ ошкор шудааст, ки масъулони сохтмон дар 898 ҳолат ба камбудӣ роҳ додаанд. Ба қонуншиканон новобаста аз мақому мансаб қонун муҷозот пешбинӣ кардааст. Бо такя ба талаботи он ба 333 шахсони воқеӣ, ҳуқуқию мансабдор, ки сабабгори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шудаанд, 362 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима таъйин карда, 333 ҳазору 290 сомониаш ба буҷет ворид гардидааст. Чордаҳ қарори дигар ба маблағи 22 ҳазору 600 сомонӣ барои рӯёндани ҷарима ба мақомоти судӣ ирсол шудааст.
Нозирони хадамот дар баробари ҳар моҳ дар иншооти аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта назорати сифати корҳои сохтмониро пеш бурдан иншооти аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро низ бо ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Онҳо ҳангоми ченкунии ҳаҷми кори анҷомдодаи сохтмону васлгарӣ 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ изофанависии маблағро ошкор кардаанд. Ҳамчунин мутахассисони гурӯҳи озмоиши шуъбаи нозирон дар 134 иншооти бунёдшаванда ва 26 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ 160 санҷиш гузаронда, оид ба нуқсонҳои ошкоршуда ба масъулони корхонаҳо 33 амрнома дода, ба 7 шахси ҳуқуқию воқеӣ ва мансабдор барои истифода аз маҳсулоти бе сертификат ва ба талаботи лоиҳа ҷавобгӯ набудани мустаҳкамии конструксияҳои оҳану бетонӣ 12 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намудаанд.
Дар куҷое кор ҳаст, камбудӣ низ ҳаст, мегӯянд дар урфият. Дар хадамоти мазкур низ то имрӯз аз набудани озмоишгоҳ ва дастгоҳҳои зарурӣ барои санҷиши мустаҳкамии бетон, аз ҷумла хишту арматур, зичии хоки зери биноҳо, қуму шағал, сифати маҳлулҳо барои пардозгарӣ дар сатҳу сифати назорати корҳои сохтмонӣ мушкилиҳо мавҷуд аст. Мушкилии  дигар зарурати дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бештар намудани нозирон мебошад. Ҳоло дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамагӣ 24 нозир фаъолият дорад, ки барои пурсамар ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати давлатӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ бо мақсади бештар намудани шумораи воҳидҳои кории хадамот лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 586» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда шудааст.
Кормандони хадамот умед доранд, ки ин масъала ҳалли мусбати худро меёбад ва натиҷаи кори мутахассисон дар ҳама самтҳои фаъолият назаррастар мешавад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 1982

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед