logo

иҷтимоиёт

ЗУКОМ. ПАҲНШАВИИ ОН БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ

Бо фаро расидани фасли сармо бемориҳои зуком ва гепатити «А» (зардпарвин)  низ авҷ мегиранд. Шаҳрвандон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки зуком ба бемории шадиди роҳи навас мепечад. Оид ба масъалаи мазкур бо Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суҳбат намудем, ки аз ҷумла чунин гуфт:
 
- Рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарӣ аз шиддатёби бемориҳои зуком ва гепатити «А» (зардпарвин) маводи зиёде нашр шуда истодааст. Вале, воқеият чунин нест. Табиист, ки бо тағийр ёфтани ҳаво бемориҳои  сироятӣ аз қабили гепатити «А» ва зуком авҷ мегиранд ва бояд шаҳрвандон ба ин тағйирёбӣ омода бошанд. То ҳоло мо  ҳодисаи паҳншавии зукомро ба қайд  нагирифтаем. Ҳарчанд, худи зуком вуҷуд дорад. Афзоиши он нисбат ба соли гузашта низ зиёд нест.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти фаврӣ, афзоиши бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба қайд  гирифта шудааст. Мо ҳар се рӯз сатҳи бемориҳо ва авҷи онҳоро таҳлил мекунем.  Аз охири моҳи сентябр  то нимаи аввали моҳи октябри соли равон зиёда аз 1500 нафар калонсолону кӯдакон бо бемориҳои умумии шадиди роҳҳои нафас,  ки қариб 16 намуди зукомро дар бар мегиранд, ба муассисаҳои мо муроҷиат  кардаанд. Ин  беморӣ бештар дар байни кӯдакон ба қайд  гирифта шудааст. 
Дар Хадамоти назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ ташхисгоҳи вирусологӣ фаъол буда,  ташхисҳо вобаста ба бемории зуком гузаронда мешаванд.  Ҳар  сол дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо якчанд нуқтаҳои назоратӣ фаъолият мекунанд, ки он ҷо мо намунаҳои ташхисро ҷамъ оварда, бо дастгоҳҳои замонавии таҷзияи занҷираи полимериазӣ онро аз назар мегузаронем. Бо ин васила,  мо  муайян мекунем, ки дар ҷумҳурӣ кадом намуди вирусҳо гардиш ва бартарӣ  доранд. 
Албатта,  ҳоло барои бонги хатар задан барвақт аст ва чораҳои омодагӣ идома доранд. Ҳолат таҳти назорат қарор дорад ва тибқи маълумоти оморие, ки мо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҷамъоварӣ намудем,  сатҳи умумии бемориҳои роҳҳои нафас, зуком ва илтиҳоби шуш,  ки натиҷаи  ин беморианд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.  Ин  коҳишёбӣ то 15 дарсадро  ташкил медиҳад.
Тавсияҳо ду навъ мешаванд: бидуни доруворӣ ва ба воситаи доруворӣ. Тавсияи пешгирӣ аз зуком – ин,  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Риояи тозагӣ масъалаи асосист.  Бояд ҳамарӯза болои ашёҳои рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масъуният ва обутоби бадан аст.  Истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва афшӯраи лимӯро низ набояд фаромӯш кард.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шустани даст пеш аз хӯрок низ бояд риоя карда шавад.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 дарсади  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.
Ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд  бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар дору истеъмол накунад.
Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо бемории зукомро ҷиддӣ намегиранд ва бистарӣ намешавад. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд.  Ҳангоми  бистарӣ нагаштан, беморӣ шиддат ёфта, метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Вақте кас ба илтиҳоби шуш мубтало шуд, аҳволаш вазнин ва шифоёбӣ ҳам тӯлонӣ мегардад. Табобат душвор шуда, то ба гулӯдард ҳам меорад. Хуб мешуд бемор   бистарӣ гашта,  духтурро ба хона даъват кунад,  то худ омили паҳншавии он нагардад. Дар ин ҳолат 1 дарсади муайяни эҳтимолияти паҳн шудани беморӣ аз байн меравад.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2337

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед