logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ. НАҚШИ ОН ДАР ТАЪРИХНОМАИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БО ҲАРФҲОИ ЗАРРИН САБТ ХОҲАД ШУД

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат аст ва он Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олии мамлакат сабт намуда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти онро дар оянда мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.
 
Ин матлабро Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси илмии «Нақши Конститутсия дар ташаккул ва такомули рукнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори ин ниҳод бахшида ба 22 - юмин солгарди қабули Конститутсия баргузор гардид, ироа дошт. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба яке аз институтҳои муҳими давлати демократӣ, роиҷтарин усули ташкили ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи бевоситаи иродаи халқ - интихобот ҷалб сохт ва иброз дошт, ки ин меъёр ба сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ ва ин ҳокимиятро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ гардондани мардум вобаста аст.
Таъкид гардид, ки ҳуқуқи интихоботӣ, яъне ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандони мамлакат мансуб буда, таҳкурсии раванди интихоботро ташкил медиҳад. Ин ҳуқуқ тақозо менамояд, ки новобаста ба ҳар гуна фарқият, аз ҷумла миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк шаҳрванд барои иштирок дар интихобот ҳуқуқ дорад. Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил ёбанд. Аз ин рӯ, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, раванди демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо равона шудаанд.
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, дар иртибот ба мавзӯи мавриди баҳс табодули назар намуда, зимнан таъкид кард, ки Конститутсияи мамлакат дар замони хеле ноором таҳия ва қабул гардида бошад ҳам, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа танзими ҳуқуқии худро пайдо карданд ва он аз ҷониби коршиносон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам пазируфта шудааст. Танҳо бо қабули Конститутсия заминаи ҳуқуқии истиқлолият ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пайдо гардид, амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсию ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузорад, устувор гашт.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд.
Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон кард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар ҳифзи дастовардҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.
 Ба андешаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон  Юсуф Аҳмадзод, Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бори нахуст бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд,  садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос намуда, ифодаи азму иродаи сокинони мамлакат гардид ва хусусияти асосии ин санад миллӣ будани он ба шумор меравад. Прокурори генералӣ баён намуд, ки «Дар асоси меъёрҳои Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи халқ як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки мояи ифтихор ва нишонаи ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошанд».
Дар ҳамоиш ба мавзӯи нақши Конститутсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамару ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ ва рушду тараққии иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию фарҳангии ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт. Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушди мамлакат ва муаррификунандаи давлат ба ҳисоб меравад. Ба андешаи ӯ, имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаи халқу миллати худро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он ормонҳои миллии худро амалӣ менамоянд. Зикр сохт, ки  «Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишвар таҳдид дошт, мусоидат карда, ҳамзамон шароит фароҳам овард, ки низоми мукаммали ҳуқуқию сиёсӣ ташкил гардида, заминаи рушди устувор ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар таъмин карда шавад».
Дар конфронс, ҳамчунин, паҳлуҳои гуногуни Қонуни асосии кишвар ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2079

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед