logo

сиёсат

ИН САҒИРДАШТ КАБИРДАШТИ ВАТАН ХОҲАД ШУД! ТАНТАНАҲО ЧӢ ДОДАНД?

I
Мо - сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама шоҳиди он будем, ки Ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатиамон дар чӣ сатҳи баланд, мутантан, пурифтихор, бо иштироки фаъолонаи тамоми табақаҳои мардуми кишвар хотирмону пуршукӯҳ баргузор гардид. Оре, даркор буд, ки ин ҷашн, ин дастоварди беназири таърихии миллатамон, халқи куҳанбунёдамон чунин қадрдонӣ шавад ва бори дигар тамоми шукӯҳ, шаҳомати истиқлолиятамонро ба худамон, ба тамоми дунё нишон бидиҳем. Эътиқод, бовар ва умеди худамон ва дигаронро ба ояндаи миллатамон бештар гардонем. Мо мебоист парчами ифтихори миллиамонро боло бардошта, дастовардҳои истиқлолиятамонро, ки андак нестанд, қадрдонӣ мекардем, муҳаббату иродату садоқати худро ба он нишон медодем  ва чунин ҳам шуд. Мардуми заҳматкаши тоҷик, халқи некӯманиши мо бо чӣ шукӯҳ, бо чӣ самимият, муҳаббат, сарафрозӣ ин тантанаҳоро истиқбол намудаву дар он самимонаву фаъолона иштирок доштанд.
Муҳаббати беназири халқ ба Пешвои миллат ин муҳаббати самимонаи халқ ба истиқлолияти деринтизору азизу муқаддаси худ аст! Ситоиши  пур аз меҳри Пешвои миллат ин ситоиши самимонаи дастовардҳои 25-соли истиқлолият аст!
 Мардум ба чашми худ диданд, ки чӣ корҳое бузургу шоиста дар эҳёи дубораи Ватанашон ба анҷом  мерасанд, Тоҷикистони ба ҷон баробари онҳо чӣ гуна, сол то сол, рӯз то рӯз, соат ба соат  ободтару шукуфотар мегардад. Сулҳу ваҳдату осоиштагӣ дар кишвар ҳукмрон шуд. Ва ин самараи истиқлолият, самараи сиёсати дурандешонаи Сарвари кишвари мост. Чаро наситоянд мардуми шукргузори мо чунин  истиқлолият ва чунин Сарварро!?
 Мардум ба чашми худ диданд, ки чӣ гуна он бероҳаҳо ба шоҳроҳҳо табдил ёфтанд. Мардум худ шоҳид буданд, ки  чӣ гуна синаҳои кӯҳҳои азим ва харсангу шахҳои ҳазоронсола, милёнҳосола шикофта шуданду нақбҳои афсонавӣ бунёд ёфтанд. Мардум диданд, ки дашту биёбонҳо ба боғу гулистон табдил ёфтанд. Диданд, ки дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар файзу таровати ободиву озодӣ расиду кишварро шукуфо кард. Мардум ба чашми худ диданд, ки агар фоҷиае ояду онҳо бе хонаву дар, бечизу чора монанд, Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти ғамхори кишвар онҳоро танҳо нахоҳанд гузошт, дар бари онҳо ҳозир хоҳанд шуд, онҳоро бо хонаҳои ободу беҳтар, бо чизу чораву ғизои лозима аз ҳисоби  давлат  таъмин хоҳанд кард. Мардум диданд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ятимон, бепарасторон, маъюбон, камбизоатон бесаробон намемонанд. Беҳуда нест, ки тамоми ятимони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро падари худ мехонанд, зеро дасти шафқат ва навозиши ӯро бар сари худ эҳсос кардаанд. Мардум диданд, ки чӣ арҷгузориҳои пурифтихору пурсипосе ба таърихи кишвар, ба бузургони миллат карда шуд. Мардум эҳёи дубораи суннатҳои миллии худро диданд. Диданд, ки кишвари соҳибистиқлолашон ном дорад, нон дорад, нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ дорад ва аз ҳама муҳим  Пешвои хирадманду некманиш, далеру ҷасур ва дурбину ғамхор дорад.
Бале, бо ин қадар шукӯҳу шаҳомат  ин қадар мутантан бо халқи худ ҷашн гирифтани Истиқлолияти  давлатӣ дар Тоҷикистон беасос набуд. Истиқлолияти давлатии мо 25 - сола шуд! Яъне мо тавонистем онро  нигаҳ дорем, ҳимоят кунем, ба он рушду равнақ бахшем. Истиқлолияте, ки дар рӯзи нахустини чун тифлаки бегуноҳ, чун армони дерини як миллати некманиш ба дунё омаданаш, душманони бадхоҳу  бадниҳодаш дар қасди ҷонаш буданд. Ҳамеша чунин буд:  хайру шар бо ҳам мубориза доштанд. Аммо хайри мо бар шари онҳо ғолиб омад. Мо тавонистем ин тифли бегуноҳро аз коми аждаҳо раҳоӣ бахшем. Ончунон, ки Рустами Дастон борҳо аз коми деву аждаҳо миллати моро раҳоӣ бахшидааст.
Дар Намангон тахти Рустам интизори Рустам аст, навишта буд дар солҳои шӯравӣ устод Гулназар ва истиқлолияти мо Рустами моро боз ба сари тахту тоҷ овард, ки ин фарзанди наҷиби ҳамин халқ Эмомалӣ Раҳмон буд.
Чаро мо 25 - соли истиқлолияти худро ин қадар бо шукӯҳ тантана накунем!? Истиқлолияте, ки бо сарварии Пешвои миллатамон моро чун кишвари хайрхоҳу сулҳпарвар,  кишвари фарҳангиву адабпарвару башардӯст, кишвари миллати некхоҳу некманиш дар тамоми дунё муаррифӣ менамояд. Бале, миллати мо баъд аз 25 - соли пирӯзиҳо сазовори ин тантанаҳо буд. Ва нидои пур аз нишот, пур аз самимият ва пур аз муҳаббати Сарвари кишварамон дар он тантанаҳо то ҳол дар гӯшам  садо медиҳад: "Хурсандӣ кунед, фароғат кунед, ид кунед, шумо сазовори ин нишоту ин сарфарозиҳо ҳастед!" 
 
II
Он омодагиҳое, ки мардум дар ҳар яки ин тантанаҳо, ки бо иштироки Сарвари кишвар баргузор гардид, медиданд, чӣ қадар муҳим буду аҳамият дошт. Метавонам дар мисоли тантанаи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки дар маркази деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бунёд гардид ва банда низ шоҳиди он будам, чанд вижагиҳои ин маъракаи муҳим ва сабақу самараҳои пандомӯзи  онро нишон бидиҳам.
Гурӯҳи фарҳангии мо  дар ҳайати кормандони телевизиони “Сафина” бо роҳбарии Зевар Давлатзода, устод Гулназар, шоира Рӯдобаи Мукаррам, сарояндагони номдор Ҷӯрабек Назрӣ, Файзалӣ Ҳасан, Назриддини Неъматулло ва Ҷамшеди Исмоил барои мулоқот бо мардуми Сағирдашт дар арафаи сафари Президенти кишвар ба ин диёр омада буд. Мо  ба чашми худ дидем, ки чӣ гуна ин як гӯшаи дурдасту ором ва пуртаровату нозанини кӯҳистони мо ба муносибати таҷлили Ҷашни мубораки 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  эҳёи тоза ёфтааст.
Аввалан, ҳар гӯшаи кишвар, ки Пешвои миллатамон ба он сафар мекунад, хусусан ба муносибати чунин ҷашни бузург ва мулоқот бо мардум то ҳадди имкон ободу зебо мегардад. Пеш аз ҳама роҳҳои ин мавзеъ, ин диёр азнавсозӣ мешаванд. Биноҳои нави маъмуриву иқоматӣ, толорҳои варзиш, мактабҳои нав, корхонаҳои саноатӣ, боғу токзору  гулгаштҳои наву обод ба вуҷуд меоянд ва ё хишти бунёдашон гузошта мешавад. Яъне аввалин вижагии чунин ҷашну тантанаҳо ободии диёр, ободии Тоҷикистон аст.
Дувум,  мардуми он маҳал ба муносибати таҷлили ин ҷашн, ба муносибати қабули  меҳмонҳо омодагиҳое мебинанд, ки ба манфиати бунёдкорӣ, тозагиву ободиву сарсабзии  хонаву ҳавливу кӯчаву паскӯчаҳояшон аст.
Сеюм, ба ин баҳона тамоми ҳунарҳои халқӣ, суннату ойину анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё мегарданд, ба худ  рангу намуди тоза мегиранд, зеро ин ҳама ба маърази намоиш гузошта мешаванд. Ҳунармандони он мавзеъ ва он минтақа имконият пайдо мекунанд, ки ҳунари эҷодии худро нишон диҳанд ва дар бисёр мавридҳо ҳунармандон ва истеъдодҳои беҳтарин ба марказ даъват шуда, барояшон имкониятҳо ва майдонҳои васеу хуби амалу эҷод муҳайё мегардад.
Чаҳорум, ин ид, пеш аз ҳама, иди халқ ва хусусан иди  кӯдакон аст. Он қадар онҳо омодагӣ мебинанд, шеърҳо аз ёд мекунанд, суруду рақсҳо ба саҳна мегузоранд, худро тозаву озодаву зебо мегардонанд, то дар пеши Пешвои миллат  ва тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар дар пеши тамоми мардуми Тоҷикистон ҳунари худ, завқу дониши худ, либоси худ, чеҳраҳои худро нишон бидиҳанд. Инро дар шароити кӯҳистон, агар ин тантанаҳо намебуданд, ҳатто наметавонистем орзу  кунем. Мо дидем, наврасоне, ки аз тамоми ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  як - ду ҳафта пештар ба Сағирдашт омадаву дар хонаҳои мардуми меҳмондӯсти ин диёр сокин шуда буданд, бо чӣ таваҷҷуҳу муҳаббат, бо чӣ масъулити баланд машғули машқу варзишанд. Ва ба ростӣ, ки ин як мактаби бесобиқа барои ин кӯдакон аст. Онҳо аз чунин сафар, аз чунин масъулият, аз чунин имконият ва дидорҳои дӯстони нав меболиданду хеле хушҳол буданд. Яъне иштирок дар чунин тантана, чунин маъракаи ҷиддӣ ва масъулиятнок барои онҳо ҳам мактаб асту ҳам таҷриба ва ҳам ифтихор ва ҳам воситаи ҷаҳонбиниву шиносоӣ ва ошноӣ бо якдигар, бо як гӯшаи Ватани маҳбуб.
Панҷум, мо дидем, ки чӣ гуна мардуми деҳоти кӯҳистони Сағирдашт, кулли мардуми Дарвоз аз чунин маърака, аз ин ҳама  ҷӯшу хурӯш, ки ба диёри онҳо ҳусну набз бахшидааст, аз истиқболи меҳмонон менозанду меболанд  ва ман аминам, ки ин шукӯҳ, ин тантана як умр рӯшноии худро дар дили ҳар  кӯдаки ин диёр, ҳар  сокини он, ҳар  меҳмони баиззаташ то дер боз хоҳад гузошт.
Оре, мо дидем, ки чӣ гуна  Сағирдашт ба кабирдашт табдил меёбад ва он рӯз шояд дур нест, ки номи ин мавзеъро бо дили пур Кабирдашт хоҳанд гузошт.
Дашту саҳрои Ватан боғу чаман
хоҳад шуд,
Ин Сағирдашт кабирдашти Ватан
хоҳад шуд!
Камол  НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2048

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед