logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА СММ. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

Дар Маркази иттилоотӣ ва захиравии Созмони Милали Муттаҳид 24 октябр бахшида ба 71 - солагии таъсиси ин созмон ва Рӯзи ҷаҳонии иттилоот барои рушд бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, ниҳодҳои амалкунандаи СММ дар Тоҷикистон, шарикон ва намояндагони доираҳои илмӣ ҷамъомад баргузор гардид.
 
Лючия Элми, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, аз ҳамкориҳои густурдаи Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ироа дошта, зимнан иброз намуд, ки бистусе хазинаю барнома ва ниҳодҳои тахассусии СММ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, давоми панҷ соли охир дар доираи Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд 390 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудаанд. Мавсуф зикр кард, ки соли гузашта СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави қолабии СММ - ро барои солҳои 2016 - 2020 ба имзо расонданд. Мувофиқи он Созмони Милали Муттаҳид ба татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки Тоҷикистон уҳдадор гашта, бо ин мақсад зиёда аз 365 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Лючия Элми ҳамкории босамари ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳидро бо Ҳукумати мамлакат мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» бо ҳадафҳои СММ дар самти рушди устувор созгор мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали касби Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аз минбари баланди ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ дар ҳалли масоили глобалӣ нақши намоён гузошта истодааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли  1993 нахустин бор аз минбари ин созмони бонуфуз сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии  сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти  ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи асноди равобити байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади  хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ  зербинои  сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  худро  бунёд намуд ва  эълон дошт, ки инсон ва ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои онро,  сарфи  назар  аз  мансубияти  миллӣ,  мазҳабӣ,  нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Ба шарофати ҳамин сиёсати дурандешона ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ ва дигар ниҳодҳои он сол ба сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, 14 июни соли равон  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) пазируфта шуд. Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз шаш ташкилоти асосии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор рафта, аз соли 1945 дар асоси Низомномаи СММ фаъолият мекунад. Беш аз 70 дарсади захираҳои инсонӣ ва молии ҳамаи сохторҳои СММ дар ихтиёри ҳамин шӯро гузошта шудааст, то уҳдадориҳои худро иҷро намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро минбари асосии  байналмилалӣ барои матраҳ сохтани масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дониста, хоҳони тақвияти нақши ин созмон дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои ҳалли масоили фавқуззикр, инчунин  расидан ба ҳамбастагии мутавозини се бахши рушди устувор мебошад.
Айни ҳол даҳ ниҳоди СММ, назири Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони байналмилалии меҳнат, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд ва дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак саҳми бориз мегузоранд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2061

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед