logo

иҷтимоиёт

ИСТЕЪДОДИ КӮДАК ЧУН ХУДИ Ӯ НАВОЗИШ МЕХОҲАД

Аҷаб беғашу рангин аст дунёи кӯдакон. Баъзан онҳо  чунон зираку кунҷков  мешаванд, ки «шух», ҳатто «беодоб» гуфта, назарамонро нисбаташон тағйир медиҳем. Шояд аз нигоҳи тарбияе, ки мо худ гирифтаем, ин тарзи муносибат дуруст бошад, вале ба андешаи мутахассисон на дар ҳама ҳолат...
 
Маҳмадулло Давлатов, устоди  кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бар он андеша аст, ки «муайян намудани истеъдоди табиии кӯдак аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш оғоз мегардад. Зеро тифл аз овони навзодиаш ба мушоҳидаи ҳодисаҳои олами беруна  шурӯъ мекунад. Ӯ дар ин марҳила фарқияти ашё ва ҳодисаҳои атрофро дарк сохта, шахсият ва «Ман» - и худро кашф мекунад. Мекӯшад, ки ба моҳияти ашёву ҳаводиси атроф  сарфаҳм  равад. Завқу салиқа ва пазироиву вокуниши кӯдак ба пуррагӣ дар ҳамин марҳилаи ҳаёти ӯ муайян мегардад. Ҳодисоти хушу зебоии  муҳити атроф мисли ҳама кас ба кӯдак ҳам хуш меоянд, аммо воқеаҳои ҳузнангез ва нохуш ба ӯ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, кӯдак, ки бо ҳодисоти атроф муносибати доимӣ дорад, завқманд ва ё ошуфтаҳол шуданаш мумкин аст. Ӯ ба ҳар кору ҳодиса ҳамроҳ шуда, бо узвҳои нозуки биноӣ ва шунавоияш  барои худ маълумоти тару тоза гирд меорад. Кӯдак бо ин роҳ ҳар чизи дида ва шунидаашро таҳлил карда, маълумоти навро барои дар оянда сохтани «Ман» - и худ ба зершуураш ҷой мекунад. Воқеан, маълумоте, ки пайваста ба олами ботинии кӯдак роҳ меёбад, минбаъд аз як тараф, дар ташаккули шахсияташ нақш баста, аз тарафи дигар, рафтору кирдори ӯро муайян ва ба самти мусбат ва ё манфӣ равона мекунад».
Ин муқаддимаи психологияи кӯдак буд. Вале муайян намудани лаёқати кӯдак посухи дигар дорад.
Мутахассисон бар он андешаанд, ки  «муайян кардани лаёқати кӯдакон дар илми психология  масъалаи хеле муҳим ба шумор меравад». Онро чӣ тавр бояд муайян кард?
Афлотун чунин андешаи  бузурге дорад: агар кӯдак аз рӯйи заминаҳои табиияш, коршояму тавоно дар мӯзадӯзӣ бошад, бигзор мӯзадӯз  бошад,  агар ба дуредгарӣ шавқ дошта бошад, бигзор дуредгарӣ кунад на кори дигар. Ва ҳамин талаб нисбат ба дигар касбу ҳунарҳо.
Агар мо дар муайян намудани лаёқат ё худ истеъдоди ин ё он кӯдак таъсири модар, падар ва ё  ба як нафари онҳоро ба эътибор гирем, ин хатои маҳз аст. Ва ҳам дар баъзе ҳолатҳо атрофиён барои равшан намудани лаёқати кӯдак душворӣ мекашанд. Дар ин ҳолат мутахассис нақши асосиро мебозад. Мутахассис ба таври равшан  нишона, аломатҳои табиии истеъдод, қобилият ва лаёқати ин ё он кӯдакро муаяйн  мекунад. Баъд аз ташхиси мутахассис, модар, падар ва омӯзгор метавонанд дар асоси фаъолияти  кӯдак  ба  кадом самт  равона будани лаёқати ӯро муайян созанд.
Вале, мутаассифона, ин хел ташхисгоҳҳо  каманд ва норасоии мутахассисони соҳа низ эҳсос мегардад. Психологҳо дар мактабҳою  муассисаҳои томактабӣ заруранд. 
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 2249

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед