logo

иқтисод

БАРТАНГ. ПЕШРАВИҲО КАМ НЕСТАНД, ВАЛЕ...

Сокинони Ҷамоати деҳоти Савноби водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан деҳаҳои Ғудара, Пасор ва Бопасор аз он қаноатманданд, ки бо таъмини неруи барқ дар деҳаҳояшон шароит барои зимистонгузаронӣ беҳтар гардидааст. Раиси ин ҷамоати дурдаст Малабек Малабеков доир ба вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронии деҳаҳо иброз дошт, ки бунёди неругоҳи хурди барқии 125 кВт дар маркази ҷамоат 55 хоҷагиро бо неруи барқ таъмин мекунад ва ҳоло сохтмони он идома дорад. Инчунин, бунёди НБО-и хурд бо иқтидори 192 кВт дар деҳаи Басид дар якҷоягӣ бо муассисаи «Pamir Link», ки аллакай сохтмони бинои неругоҳро ба анҷом расондааст, бо таъмини таҷҳизоти муосир дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор гирифта, аҳолиро бо неруи барқ таъмин месозад. Феълан дар деҳоти Савноб омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2016 - 2017 бо назардошти таъмини муассисаю идораҳои давлатӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, хонаи маъюбон ва боғчаю дабистонҳо бо захираи ангиштсанг, ҳезум ва маводи ғизоӣ босуръат ҷараён дорад. Қариб 90 дарсади корҳои таъминот бо маводи сӯхт ва озуқа иҷро шудаанд. Муҳим он аст, ки то фарорасии зимистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 38 оилаи дар натиҷаи офати табиӣ зарардида пурра соҳиби хонаҳои замонавӣ гардиданд. Сокинони деҳаи Ғудара тариқи насби лӯлаҳои обгузар бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин шуданд. Дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон” таъмири асосии мактаби № 31 деҳаи Нисур оғоз гардида, ба ҳолати ҳозира дар таъмири он ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шуданд. Дар доираи иҷрои бандҳои нақшаи мазкур корҳои таъмиру барқарорсозии неругоҳҳои барқи обӣ низ ба анҷом расонда шуданд. Ба гуфтаи раиси ҷамоат, Малабек Малабеков, дар Ҷамоати деҳоти Савноб мушкили асосӣ ин аст, ки сокинони деҳаҳои Рошорв, Япшорв, Нисур, Барчидив ва Рухч бо норасоии ҳезум, набудани нуқтаи фурӯши ангиштсанг ва неруи барқ мувоҷеҳанд. Ҷараёни бусуръати ғайриқонунӣ буридани дарахтон ва дар баробари ин риоя нагардидани тавозуни бунёди боғу чарогоҳҳо ва  шинондани дарахтон аз ҷониби сокинон норасоии ҳезумро пеш овардааст. Ду ҳазор гектар замини корами деҳаи Рошорв аз беобӣ бекор хобидааст, дар ҳоле ки имконияти  дар он гузарондани хати об ва бо ин васила бунёди боғу чарогоҳҳо мавҷуд мебошад. Умуман, аҳолии Ҷамоати деҳоти Савноб аз норасоии об барои обёрии заминҳо, хусусан охири моҳи июн танқисӣ мекашанд.
Дар масоили бо неруи барқ таъмин намудани аҳолии водии Бартанг, Латиф Шоҳзода, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ вобаста ба татбиқи қарори мазкур иттило дод , ки дар маҷмӯъ, дар ин минтақа 16 адад неругоҳҳои хурди барқӣ фаъолият доранд, ки бештари онҳо дар деҳаи Савноб ҷойгиранд. Неругоҳҳои барқи обии дар деҳаи Савноб ва Сипонҷ бунёдшуда дар тавозуни ширкати «Памирэнерҷӣ» мебошанд. Тайи солҳои охир ширкати мазкур аз рӯйи имконият неругоҳҳои хурди барқиро ба шабакаҳои марказии барқтаъминкунӣ марҳила ба марҳила мепайвандад. Дар водии Бартанг бо сабаби роҳҳои душворгузар ва дурӣ аз марказ гузарондани хати барқ мушкил аст. Хавфи сар задани офати табиӣ низ ба кори мунтаззами неругоҳҳо таъсир мерасонад. Масалан, дар натиҷаи заминларзаи моҳи декабри соли 2015 аз шумораи умумии НБО-ҳои водии Бартанг 11-тоашон зарар дида, айни замон 9 ададашон аз тарафи ширкати «Памирэнерҷӣ» аз рӯйи нақшаи муваққатӣ ба кор дароварда шуданд. НБО - ҳои хурди «Пасор» ва «Савноб» ҳанӯз фаъолият надоранд. Мушкилоти асосии НБО-ҳои водии Бартанг дар он аст, ки дар дарёи водии Бартанг сохта нашуда, фақат тавассути оби дарёчаҳои кӯҳӣ фаъолият мекунанд. Бунёди НБО-и хурд бо тавонии 2,5 мВт дар дарёи Бартанг дар мавзеи Бопасор метавонад беш аз 600 хоҷагии ҷамоатҳои деҳоти Савнобу Басидро, ки дар масофаи зиёда аз 180 км аз шабакаҳои марказии «Памирэнерҷӣ» дур ҷойгиранд, тамоми фасли сол бо барқи доимӣ таъмин намояд. Инчунин, дар назар аст, ки тавоноии  НБО-и «Бопасор»  ба 10 мВт расонда шавад. Оид ба лоиҳаи номбурда ширкати «Памирэнерҷӣ» аллакай ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуд ва ҳоло интизори посух мебошад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 2064

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед