logo

иҷтимоиёт

КАСБОМӮЗӢ. ДАР РАШТ БА ИН МАСЪАЛА ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ МЕДИҲАНД

Ҳамасола тибқи барномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рашт ва  муассисаҳои таълимии касбӣ шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
 
Дар литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт аз рӯйи 8 ихтисос,  тракторчӣ мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, ронандаи автомобил, дӯзандагӣ, кафшергари газу барқӣ, муҳосибӣ бо донистани компютер, чӯбтарош-бинокор, монтёри барқӣ, системаи компютер ва технологияи интернетӣ  295 нафар хонанда  таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 53 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ба хонандагон  20 нафар омӯзгор ва устои таълимӣ - истеҳсолӣ сабақ меомӯзанд.
Ҷараёни машғулиятҳо дар сатҳи хуб қарор дорад ва дар оянда ҷавонон бо касбу ҳунарҳои азхуднамудаи худ соҳиби даромад ва шуғли муфид мегарданд. Солҳои дароз аз сабаби набудани хобгоҳ хонандагони аз деҳоти дурдаст барои таҳсил омада ба мушкилот мувоҷеҳ мешуданд, ки ин яке аз сабабҳои кам будани хоҳишмандони идомаи таҳсил дар литсейи мазкур маҳсуб меёфт. Бо ташаббуси роҳбарияти муассиса ҳуҷраҳои иловагии он таъмир гардида, ба хобгоҳ табдил дода шуданд, ки ин барои ҷалби ҷавонон аз деҳотии дурдаст мусоидат намуд.
Ба иттилои Маҳмадҷон Асалов, директори муассисаи мазкур, дар моҳи сентябри соли равон ба муассиса аз ҳисоби ташкилоти ғайридавлатии «Агроаксияи Олмон» 10 дона мошинаи дӯзандагӣ ворид шуда, барои 20 нафар духтари маҳаллӣ курси дӯзандагӣ ташкил гардид. Дар назди муассиса тибқи нақша дар муддати 4 сол 1500  нафар соҳиби сертификат мешаванд. Таъсиси курсҳои омӯзишии устои сохтмон ва кафшергари газу барқ, занбӯриасалпарварӣ  ба нақша гирифта шудаанд. Ҳадаф аз таъсиси курсҳои мазкур қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани имкониятҳои шуғл ва даромади ҷавонон мебошад. Пас аз хатми курс ба касбомӯзони маваффақ барои ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ   дастгирии техникию молиявӣ пешбинӣ шудааст.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи «Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон» аз ҳисоби «Агроаксияи Олмон» маблағгузорӣ карда шуда, он аз тарафи ташкилоти байналмилалии хайриявии ҷамъиятии «Ҷовид» амалӣ гардонда мешавад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 2145

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед