logo

иқтисод

100 ИНШООТ. САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳибкориро аз соҳаҳои афзалиятноки  фаъолияти мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисобида, баҳри ҳарчи бештар бунёд шудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ саъю талош доранд.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли равон дар ноҳия нисбат ба соли гузашта 104 дарсад ва маҳсулоти кишоварзӣ 105,2 дарсадро ташкил дода, бо ҷалби соҳибкорон 43 корхона, иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва савдо бунёд шудааст, ки 7 – тои он корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд. Сохтмони 50 иншооти дигар идома дорад. Имрӯз шумораи соҳибкорони хурду миёна дар ноҳия 8406 нафарро ташкил дода, онҳо дар фазои озоду мусоид фаъолият доранд.
Кароматулло Исмоилов, сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бародарон», раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони  ноҳия, аз зумраи соҳибкорони муваффақ мебошад. Ду сол қабл ӯ ширкаташро таъсис дода, алҳол дар маркази  савдои «Бародарон» 250 нафар ба тариқи иҷора  ба хариду фурӯши молҳои саноатӣ машғуланд. Онҳо инчунин дар даҳяк ҳисса замини дар ҳудуди маркази савдои «Бародарон» як бинои панҷошёна сохтаанд. Алҳол бино қомат афрохта, бояд дар тӯли се моҳи минбаъда ба истифода дода шавад. Тибқи лоиҳа, дар таҳхонаи бино  барои 50 чевар сехи дӯзандагӣ мекушоянд.
- Ба Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ ташаккур мегӯем, ки  барои мо, соҳибкорон, як фазои озоди кориро  фароҳам овардааст, - мегӯяд Кароматулло Исмоилов. -  Ҳама чиз барои фаъолият муҳайё мебошад,  кор кардан даркор аст. 
Имрӯз аз заҳмати соҳибкорон ватани азизамон ободу шукуфон мешавад, бекорон соҳиби ҷойи кору маош мегарданд. Ба назари ман, ба соҳибкорон бештар додани заминҳои холию нообод аз манфиат холӣ нест. Онҳо бо шукр аз истиқлолияти кишвар харобаҳоро обод мекунанд, корхонаҳо месозанд, ки мардуми бешуғл ба истеҳсолот ҷалб гардида, иқтисодиёти мамлакатамон боз ҳам бештар рушд намояд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 2140

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед