logo

иҷтимоиёт

АБДУРАҲМОН АБДУМАННОНОВ: "ҚАРОБАТИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКҲО ДАР НАТИҶАИ ҲАМТАҚДИРИИ ИН ДУ ХАЛҚ ТАШАККУЛ ЁФТААСТ"

Суҳбат бо адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов оид ба вазъ ва дурнамои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон
- Муҳтарам Абдураҳмон Абдуманнонов, ду сол пеш Шумо ҳамроҳи як гурӯҳ адибони кишварамон барои таҷлили Ҷашни 100 - солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ ба шаҳри Самарқанд сафар карда будед. Рӯҳияи мардуми ин шаҳрро аз наздик дидед ва эҳсос кардед. Фикр мекунем, ки самарқандиҳо ҷонибдори тавсеаи муносибатҳои дӯстию бародарона миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд…
- Бале, баҳори соли 2014 ҳамроҳи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, келин ва набераи Фотеҳ Ниёзӣ барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 100 - солагии устод Фотеҳ Ниёзӣ ба шаҳри Самарқанд рафта будам. Се рӯзе, ки мо дар ин шаҳр ба сар бурдем, дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ, дар рӯҳияи дӯстии самимонаи ду халқи ба ҳам бародар, дар фазои эҳтироми мутақобилаи намояндагони ин ду халқ нисбат ба забон, адабиёт, фарҳанг ва расму оинҳои ҳамдигар, дар партави қадршиносӣ нисбат ба шахсияти фарҳангӣ ва мероси адабии устод Фотеҳ Ниёзӣ сипарӣ гардид. Кӯдакиву наврасии ман дар Ӯзбекистон гузаштааст, ҳанӯз ҳам хешу ақрабоям дар вилояти Тошканд, дар шаҳри Чирчиқ ва деҳаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқ зиёданд ва ман соле як бор барои зиёрати қабри падару модар, бародарону хоҳарон, аёдати ҳамшираи барҳаётаму ҷиянҳоям ба он ҷойҳо сафар мекунам ва аз муносибати мардуми тоҷику ӯзбек ба ҳамдигар хуб огоҳам. Метавонам бо итминони комил бигӯям, ки ин ҳар ду халқи таърихан бародар чи дар Ӯзбекистон ва чи дар Тоҷикистон на танҳо ҷонибдори тавсеаи муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи миёни кишварҳоямону халқҳоямон ҳастанд, балки бо тамоми ҳастӣ ин орзуро дар дил мепарваранд ва бесаброна интизори он рӯзе ҳастанд, ки расмиёти равуои дутарафа осону сода карда шавад, хешу табор имкон пайдо бикунанд, ки дар шодиву ғам ва тӯйу мотами ҳамдигар бемалол ширкат варзанд. Ҳамин гуна орзуву ниятҳои некро мо дар сафари мазкур бо Гулназар дар маҳфилҳои Самарқанд, суҳбатҳои дӯстона ва нишастҳои хонаводаӣ дар Тошканду Чирчиқ аз забони тоҷикону ӯзбекҳо пайваста мешунидем.
- Дӯстии миёни ин ду халқ таърихи бисёрасраро соҳиб аст. Тоҷикону ӯзбекҳо қариб расму оини якхела доранд, онҳоро кам мешавад аз ҳам фарқ кард. Адибони ду кишвар забони якдигарро хуб медонистанд ва асар менавиштанд. Тимсоли барҷастаи ин дӯстӣ ва ҳамкорӣ муносибати Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ метавонад бошад. Фотеҳ Ниёзӣ низ, ки зодаи шаҳри Самарқанд буданд, бо ду забон асар эҷод кардаанд. Дуруст аст?
- Фикр мекунам, ки аз нигоҳи урфу одат, расму оин, тарзи рӯзгордорӣ, риояи арзишҳои хонаводаӣ ва хешиву таборӣ, одобу ахлоқ дар муомилаву муошират, маросимҳои вобаста ба суру мотам ва шодиву ғам ягон халқу миллат, ҳатто халқҳои ҳамзабонамон, ба мо наздиктар аз ӯзбекҳо нестанд. Ин қаробату шабоҳати тоҷикону ӯзбекҳо на дар давоми як-ду аср, балки дар тӯли ҳамзистиву рӯзгордории якҷояи чандинасра, дар натиҷаи омӯзиши пайваста аз ҳамдигар ва ҳамтақдирии таърихии ин ду халқ ташаккул ёфтааст ва имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - маишат, рӯзгори хонаводаӣ, ахлоқ, фарҳанг ва санъат аёнан зоҳир мешавад. Дар урфият мегӯянд, ки пеш аз хона харидан ҳамсояро бояд интихоб кард ё ҳамсояи наздик беҳтар аз хеши дур аст. Вале дар миқёси халқҳову давлатҳо интихоби ҳамсоя дур аз имкон ва ғайривоқеист. Мавқеи ҷуғрофии халқҳову давлатҳо амрест воқеӣ ва дар муносиботи ҳамсояҳо меъёр ва асли бунёдӣ бояд риояи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои милливу давлатии ҳамдигар бошад. Дар ин роҳ зиёиёни кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла адибон, метавонанд нақши бориз дошта бошанд. Инро мо дар мисоли пайванду таъсиргузории мутақобилаи адабиёти тоҷику ӯзбек ба таври возеҳ мебинем.
Муносибатҳои устодонаву шогирдонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки як мактаби бузурги намунавии ҳамкории эҷодии ду намояндаи барҷастаи адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек буд ва барои равнақи баъдинаи робитаҳои адабии ин халқҳо заминаи муътамад муҳайё намуд, дар ҷойи холӣ ба миён наомадааст, балки дар асоси ҳамзистии таърихии халқҳоямон ва алоқаҳои ҳасанаи мардумонамон шакл гирифтааст. Баъдан, хусусан аз нимаи асри 18 то солҳои 30-и асри 20, дар Мовароуннаҳр як падидаи нодири адабӣ – дузабонӣ роиҷ шуд, ки ба ҳамдигаршиносиву ҳамдигарфаҳмии халқҳои тоҷику ӯзбек хеле мусоидат кард. Дар мактабҳои адабии Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Хоразм, Қӯқанд, Хева, Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Осиёи Марказӣ дузабонӣ ба як падидаи маъмулии адабӣ табдил ёфта буд. Масалан, аз рӯйи маълумоти «Маҷмуатушшуаро» - и Фазлии Намангонӣ мактаби адабии Қӯқанд дар замони ҳукмронии Амир Умархон (1809-1822), ки худ ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ шеър мегуфт, беш аз 50 шоири дузабонаро аз маҳалҳои гуногуни Мовароуннаҳр ҷамъ оварда буд. Дар байни онҳо Нодира ва Маҳзуна барин шоираҳо низ эҷод мекарданд. Намояндагони мактаби адабии Хева осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ ва дигар классикони тоҷику форсро ба забони ӯзбекӣ баргардондаанд. Анъанаи дузабонӣ дар адабиёти тоҷику ӯзбек, чунон ки ишора кардем, то солҳои 30-и қарни гузашта роиҷ буд. Маъруфтарин адибони тоҷик, ба мисли Аҷзӣ, Фитрат, Айнӣ дар ибтидои асри 20 ба забони ӯзбекӣ осори зиёд навиштаанд, шоирони шаҳири ӯзбек Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза, Муҳйӣ, Табибӣ, Ҳақирӣ, Баёнӣ ба забони тоҷикӣ шеърҳои фаровон эҷод кардаанд. Ҳамчунин, Ғанӣ Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ, Юсуф Акобиров ва баъзе адибони тоҷик, ки  дар Ӯзбекистон таваллуд шудаву дар он ҷо ба кори эҷодӣ шурӯъ карда буданд, аввалин асарҳояшонро ба забони ӯзбекӣ навиштаанд. Дӯстӣ ва робитаҳои эҷодии байни устод Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулому Зулфия, Боқӣ Раҳимзода ва Абдулло Қаҳҳор, Лоиқ Шералӣ ва Эркин Воҳидов намунаҳои хуби алоқаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек буданд. Аминам, ки агар рафтуомади аҳли адабу фарҳанг, ташкили рӯзҳо ва даҳаҳои адабиёту санъати кишварҳоямон ба роҳ монда шаванд, робитаҳо аз нав ҷон мегиранд ва ба як омили муҳими иртиботи гуногунҷанбаи иҷтимоиву давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табдил меёбанд.
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 2445

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед