logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НИГОҲИ ДИГАР БА ШИНОХТИ МАҚОМИ ТАЪРИХИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Рисолаи «Забони миллат - ҳастии миллат» идомаи мантиқии ҷусторҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи комилан нави таърихӣ ба шумор меравад. Ба эътибор гирифтани даврабандии таърихӣ, густариш, хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ, намунаҳои хат, замони пайдоиш, вижагиҳо, замина ва омилҳои ташаккули он боиси мушаххас баён шудани қаламрави пурвусъати забони тоҷикӣ дар тӯли ҳастии чандинҳазорсолаи он гардидааст.
Таҳлили ҳамаҷонибаи ин масоил бо беҳтарин ваҷҳ аз нахустин фасли боби аввали китоби мазкур, ки «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» номгузорӣ шудааст, оғоз ёфтааст. Барои дарки моҳияти масъалаи мазкур дар ин бахш зарурати шарҳи баъзе истилоҳот пеш омадааст, ки корбурди ин равиш барои бозгӯии сарҳади инкишофи забонҳои мардумони ориёӣ ба сифати қисми муҳими таърихи забони тоҷикӣ ёрмандӣ менамояд.
 Ба эътиборгирии пайванд, шабоҳат, умумият ва ҳамгуниҳои забонии мардумони ориёии эронӣ ва ориёии ҳиндӣ, ки «Авасто» ва «Ведо» ба сифати манбаи муштараки ёдгориҳои ин давра хидмат менамоянд, ба ҳукми як равиши алоҳидаи тадқиқотӣ дар аломатгузории ҷуғрофиёи таърихи забон дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафтаанд. Истифодаи ин шева заминаеро ба бозгӯии чигунагии густариши забону лаҳҷа ва расму одатҳои мардумони ориёӣ фароҳам оварда, ҳамин тариқ ҷуғрофиёи ориёиҳо дар асоси  далелҳои қотеи илмӣ чунин муайян гардидааст: «… даштҳои ҷануби Русия, соҳилҳои баҳри Сиёҳ, назди баҳри Азов то шимоли Кавказ (скифҳо ва сарматҳо), Осиёи Миёна, минтақаҳои назди соҳили Сирдарё, қисмати шарқ то Туркистони шарқӣ (мардумони сакоӣ), водиҳо ва ваҳоҳаи Осиёи Миёна дар ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва навоҳии атрофи он (суғдиҳо), поёноби Амударё (хоразмиҳо), болооб ва қисматҳои миёнаи соҳилҳои рост ва чапи Амударё (бохтариҳо), як бахши Хуросон то ҷануби Туркманистон (портҳо), шимолу ғарби Эрон (модҳо), ҷанубу ғарби Эрон (порсҳо)» (34).
 Дар маҷмӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифтани вусъат ва масоҳати сукунат боиси дар ин китоб ифода ёфтани қаламрави забон гардида ва бо баршумурдани даврабандии он баъдан ин равиш ба як усули бознамоии сарҳади таърихии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки забони тоҷикӣ идомаи таърихии онҳост, мубаддал гаштааст. Ҳамин ҳадаф ба унвони  як равиши хос дар фасли дуюми боби аввали китоби мавриди назар, ки «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» ном дорад, табдил ёфтааст.
Дигар равиши корбастшуда ба инобат гирифтани муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва расму одатҳои диниву мардумӣ ба ҳисоб меравад. Муаллиф тавассути маводи гирдоварда дар бознамоии марзҳои фарҳангӣ як андоза дар доираи фосилаи бузурги замонӣ, ки чандин ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, мухтасаран ба муштаракоти ин забонҳо ишораҳо намуда. Дар ин бахш манзараи умумии тасвири харитаи инкишофи забони тоҷикӣ дар як марҳилаи тӯлонии таърихӣ, ки аз ҳазораи дуюми пеш аз мелод то асри ҳозир доман паҳн кардааст, бо баёни хусусиятҳои се давра: давраи забони эронӣ, давраи миёна ё асримиёнагӣ ва давраи нав баррасӣ ёфтааст. Ба назар мерасад, ки ҳар як давра фарогири чандин қаламрави давлатҳои қудратманди ҳавзаи тамаддуни ориёӣ буда, баҳрамандие аз лаҳҷаву шеваҳои забонҳои ҳиндуаврупоӣ доштаанд. 
Бо таҳқиқи решаҳои амиқи забон дар мисоли вожаи «тоҷик», ки ба ҳамин гуна масъалаҳо имрӯз ниёз доштани ҷомеаро бозгӯ менамояд, ин равиши муҳими пажӯҳишӣ идома пайдо мекунад. Ҳарчанд унвони фасли нахустини боби дуюм «Истиқлолият ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» номгузорӣ шудааст, вале бо назардошти ҷуғрофиёи фарҳангии забони тоҷикӣ ва фосилаи дурударози таърихӣ, ки як муддат бо ҳадафҳои маълум ин асли таърихӣ инкор ҳам мегардид, маҳдуд намонда, бо таҳлили масъалаҳои вобаста ба шинохти рукну пояҳои фарҳангофари ин мероси гаронмоя доманаи фарохи ҳамин сарҳади бегазандро пеши назар ба ҷилва овардааст.
Дар боби дуюм бо муродифоташ  таҳлил шудани вожаи тоҷик аз қабили эронӣ, аҷамӣ, порсӣ, деҳқон ва ҳамчунин муродифоти тавсифиаш озод, озода, озодагон, озодазодагон, озоднажод ва озоданажод ба асли таърихӣ ва ҷуғрофии қавмиятҳои сарзамини таҳҷойии минтақаҳои дар боло нишондодашуда таъкид варзида, ҳамоно ба қидмати куҳани вожаи мазкур ва пайванди он бо калимаи «тоҷ», ки ифодагари шоҳиву нусратёрӣ ва ҳатто фарри каёнӣ маҳсуб мегирад, пайванди муҳкам касб мекунад.
Барои берун овардани хулосаҳои дақиқи илмӣ дар ин маврид чанд далелҳо аз  катибаҳо ва сиккаҳои бозёфтгардидаи бохтарӣ истифода шудаанд. Дар баробари ин забти муносибати мутақобилаи вожаи тоҷик, турк, аъроб, тоту сарт  низ барои рӯшан баён гардидани матлаб кумак расондаанд, ки онро дар фасли дуюми боби дуюм «Муродифоти вожаи тоҷик» ба мушоҳида гирифта метавонем.
Матлаби мазкур дар фасли сеюми боби дуюми китоб, ки «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» ном гирифтааст, ҷой дорад.  Яъне ин далелу асноди нави илмӣ як андоза ҳамовозиву ҷонибдории муборизаҳои Садриддин Айнӣ дар самти эътирофи ҳаққи тоҷикон ҳамчун сокинони бумии ин манотиқ мебошад, ки ин вазифа аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун ҳомиву пуштибони давлату фарҳанги ниёгон дар асри навин сарбаландона анҷом ёфта истодааст.
Бо пеш гузоштани замони пайдоиши забони тоҷикӣ дар фасли алоҳидаи китоб, ки ҳамин унвонро дорад, бо истифода аз маводи устуравӣ, сарчашмаҳои аҳди классикӣ ва пажӯҳишоти илмии олимони дохиливу хориҷӣ ба андешаҳои баҳсноки ҷараёнҳое, ки соҳибияти тоҷиконро дар Осиёи Марказӣ дар даҳсоли дуюм ва сеюми асри гузашта инкор менамуданд, бо такя бар пажӯҳишоти ховаршиносони барҷастаи ҷаҳонӣ посухҳои сазовор, мантиқӣ ва илмӣ дода шудааст.
Аз истифодаи ин равиш бар меояд, ки забони форсӣ ва равобиту муносибатҳои он бо забонҳои дигар таваҷҷуҳи донишмандони хориҷиро ҳанӯз ҳазор сол муқаддам ба худ ҷалб кардааст, ки ин ҳам ба ҷуғрофиёи васеъ пайдо кардани ин забон дар байни забонҳои қудратманди ҷаҳонӣ дар ин давра ишорат мекунад.
Мавриди баррасӣ қарор гирифтани номи имрӯзии забони модарии мо, яъне «забони тоҷикӣ» дар фасли охири боби дуюм яке аз равишҳои дигари муаллиф дар тадқиқи ҷуғрофиёи интишори забони тоҷикӣ дониста мешавад. Аз баррасии баъзе маълумотҳои таърихӣ аз ҷумла, аз навиштаҷоти бозёфтшудаи гимнҳои монавии ноҳияи Турфони Чин вохӯрдани калимаи тоҷик ба шакли «тоҷикона», ба чашм расидани кишваре ба шакли Тагзик дар маъхазҳои динии Тибет, ки мувофиқи нишондоди онҳо дар Осиёи Марказӣ ин кишвар воқеъ шудааст, нақши ин қавм ва забон ҳамчун «тоҷик» ё «таоҷӣ», «таочӣ» ва забони ба истилоҳ «тоҷикӣ» дар матнҳои бозёфтшудаи портӣ, суғдӣ, тибетӣ, чинӣ, туркӣ-ӯйғурӣ барҷаста инъикос ёфтааст.
Яъне ин калима бо асли таърихиаш дар канори ду муродифот «дарӣ» ва «форсӣ» аз матнҳои куҳани забонҳои дунё ба сифати ифодагари забони мардумони дорои ҳудуд ва қаламрави воҳиди сукунатӣ  бо шаклҳо ва намудҳои ба худ хос боқӣ мондааст. Аз ин нуктаи назар, истилоҳи «забони тоҷикӣ» ба сифати номи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фасли чаҳоруми боби дуюм дорои ҳамин ном аст,  метавонад чунин пайванду решаи қадимаи калимаи «тоҷик» - ро имрӯз дар ин шакл ҳам ҳамчун муродифоти калимаи «дарӣ» ва «форсӣ» ифода кунад.

Таваҷҷуҳи муаллифро дар раванди таъйини ҷуғрофиёи забони форсӣ ва оқибатҳои таъсири истилои аъроб ба он  дар боби сеюм ба худ ҷалб кардааст. Муаллиф дар тайи чаҳор фасли боби мазкур бо нишон додани муборизаҳо, қатлу куштори теъдоди бисёрҳазорнафараи одамон, ривоҷи дини ислом, ки дар ин сарзамин роиҷ набуд, ишғоли шаҳрҳои илмиву фарҳангӣ бо роҳи фишори иқтисодӣ ва бо ин роҳ ба пазириши ислом маҷбур сохтани сокинони маҳаллӣ ба бозгӯйии  як марҳалаи мушкил, яъне рӯ ба рӯ шудани забони тоҷикӣ бо забоне, ки дар баробари он ҳувияти маънавии мардумони Миср, Ироқ, Сурия аз даст рафта буд, пардохтааст.
Мувофиқи маълумотҳои муаллиф адои яке аз рукнҳои ислом – намоз ба забони тоҷикии дарӣ ҳузури забони форсиро дар сарзамини ишғолнамудаи арабҳо ва баъдан ҷуғрофиёи ислом нишон медиҳад. Бо роҳҳои гуногун сокини шаҳрҳои Хилофат шудан, яке аз роҳҳои ривоҷи озодона ёфтани забони тоҷикӣ дониста шудааст. Санадҳои овардашуда инкишофи сартосарии забони форсиро дар шаҳрҳои Ироқ, Басра, Куфа ва баъдан Бағдод тасдиқ менамоянд. Ба таъбири дигар ин омил дар навбати аввал ба устувор гардидани мавқеи забони форсӣ агар боис гардида бошад, дар навбати дуюм тавассути ин забон василаи пайванди арзишҳои гузаштаи тоисломӣ ба давраи исломии халқи тоҷик пайдо шуд, ки ин раванд барои ба фосила ва ҷудоии маънавӣ дучор наомадани ду давраи таърихии ба ҳам алоқаманд ёрмандӣ кардааст.
Дар китоб бо бар шумурдани хидматҳои арзандаи нахустин сулолаҳои эронитабор, аз ҷумла Тоҳириён ва Саффориён зуҳури шоирони форсигӯй Муҳаммад ибни Васифи Сигзӣ, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Мухаллади Сигзӣ ва рӯйи кор омадани аввалин қасидаҳои мадҳия дар васфи Яъқуби Лайс дар замони Саффорӣ, вусъат пайдо кардани забони форсӣ дар баробари забони арабӣ, ки забони ягонаи ҷаҳони ислом маҳсуб мегардид, ба ҳамин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Дигар шеваи муҳими таҳқиқи масъала ҷорӣ намудани таҷрибаи девонсолории Сосониён тайи 50 - 60 сол дар хилофати араб, ки тавассути донишмандони  эрониасл сурат мегирифт, мебошад. Бо истифодаи ин усул амри ҳисобӣ кардани вазифаи сулолаҳои эронӣ ба вуҷуд омадааст. Муаллиф бо назардошти ин масъала ба бознамоии анъанаҳои давлатдории тоисломии қавмҳои ориёӣ пардохтааст. Дар зимни эътирофи хидмати сулолаи Тоҳириён доир ба вусъат бахшидани заминаи девонсолории Сосониён дар хилофат асноди фаровон истифода шудааст ва ҳамчунин муаррифии нақши баъзе намояндагони хонадони Саффорӣ аз ҷумла, Яъқуби Лайс бо ҷалби аввалин суханварони порсигӯ ба сифати маснаднишини қаламрави давлати худ қарор додани забони форсӣ, сурат гирифтааст.
Равиши дигари арзёбии ҷуғрофиёи забон омӯзиши намунаҳои хати забони тоҷикӣ мебошад. Ин усули равишманд ба омилҳои рушди забони тоҷикӣ ба сифати забони илму истилоҳот, ки ба таври алоҳида дар боби чаҳоруми китоб фароҳам омадааст, нигаронда шудааст. Ба ифодаи дигар, интишори ин ганҷинаи нодир алоқамандӣ ба дороиҳои адабӣ, сарфиву наҳвӣ ва фаро гирифтани масоили илмҳои техникӣ, табииву риёзӣ ва ғайра дорад.
Баррасии намунаҳои хати алифбои арабиасос ва пеш аз алифбои арабиасос як василаи муҳими тадқиқот дар ин бахш мебошад. Ҷумлаву калимаҳои ҷудогонаи тоҷикии дар сарчашмаҳои арабӣ корбастшуда барои бозгӯии собиқаи ҳаштсадсолаи истифодаи расмии он пеш аз ривоҷи алифбои арабӣ дар ин қаламрав, ки бо хатҳои гуногун то замони мо боқӣ мондаанд, ёрмандӣ кардааст. Яъне арзёбии хатҳои роиҷи он давра дар сарзамини Ориёии шарқӣ, ки имрӯз сарзаминҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрони шарқӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон, бахше аз Қазоқистону Қирғизистон ва Чини ғарбӣ (Хутану Қошғар ва Тахористони сағир) -ро дар бар мегирад таҳти унвони юнонӣ, оромӣ (паҳлавӣ, суғдӣ хоразмӣ), монавӣ, ҳиндӣ корбурди тамом дошта, фосилаи гузариш ба хати арабиасос ҳудудан тайи дусад сол муқаррар гардидааст. Далелҳо собит кардаанд, ки аз лиҳози сохтори забонӣ байни  матни бозёфтгардидаи давраи алифбои арабӣ ва пеш аз алифбои арабӣ бо гузашти наздик ба сад сол фарқи зиёде боқӣ намондааст.
Гирдоварии намунаҳои куҳантарини забон дар назму насри забони арабӣ, аз ҷумла 41 вожаву таркиби форсӣ, ки имрӯз ҳам истифодаи онҳо роиҷ мебошад, аз замони пайғомбар ва қабл аз он, шеърҳои кӯтоҳи боқимонда, ки ҳамчун нахустин гунаҳои шеъри форсӣ дар фанни таърихи адабиёт омӯхта мешаванд, ба ҷуғрофиёи интишори забони модарии мо ба сифати яке аз забонҳои қадимаи таъсиргузор ва дорои таърихи дурудароз ишорат мекунад.
Усули дигари мавриди истифодаи муаллиф дар бозгӯии интишори забони форсӣ арзёбии раванди ташаккули истилоҳот дар шаш давра мебошад. Дар ин бахш бо назардошти таълифи қадимтарин осори илмии форсӣ, ки намунаҳои онро ба таври барҷаста дар фаслҳои алоҳидаи рисола зикр кардааст, қаламравҳои интишори ҳамин гуна арзишҳои адабиро то давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳамин шаш давра нишон додааст.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз равишҳои собиту илмии мазкур Пешвои миллат ҳамчун як ҳомиву пуштибони таъриху фарҳанг, забону ойинҳои мардумӣ як меҳрномаи садоқату эътиқодоти фарзандии хешро ба шоистагӣ дар ҷодаи рӯйи кор овардани тадқиқоти арзишманд ба халқу миллати хеш фароҳам сохта, дар канори ҳамин гуна масоил ба сифати фарзанди фарзонаи замон ба умқи таърих аз роҳи шинохти ҳақиқати он дар саҳифаҳои бозмонда, ки имрӯзу фардои миллатро таҷассум менамоянд, назар намуда, бо роҳандозии чунин барномаҳои арзанда ҷуғрофиёи интишори забони тоҷикиро дар тайи чандинҳазорсолаи таърихӣ бознамоӣ карда, ба ҳақиқат собит намудаанд, ки воқеан дар паноҳи давлат қарор доштани забони тоҷикӣ  имрӯз дар сурати пайкорҳои худи эшон равшан муҷассам мебошад.   
Ромизи АБДУЛЛОҲ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26-27.10.2016    №: 213-214    Мутолиа карданд: 2063

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед