logo

иқтисод

«ЧАРО ПАШМИ ГӮСФАНДИ ТОҶИКӢ НОЛОЗИМ ШУД?»

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯз «Чаро пашми гӯсфанди зоти тоҷикӣ нолозим шуд?» - ро ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 8 (22830), 13.01.2016 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳ олимон ва мутахассисони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ, таҳти роҳбарии профессор И. Г. Лебедев, солҳои 1941 - 1943 - юм татқиқотҳои илмию селексионӣ оғоз гардида, ҷуфткунонии гӯсфандони дуруштпашму  каммаҳсули дарвозӣ бо қӯшқорҳои зотҳои маҳинпашм (вюртембергӣ, қирғизӣ, қафқозӣ ва ставрополӣ) гӯсфанди маҳинпашми дарвозӣ офарида шуд.
Гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ ба шароити кӯҳистон мутобиқ буда, назар ба зоти каммаҳсули маҳаллии дарвозӣ ду баробар зиёд вазн, 5 баробар зиёд пашм доранд, сернаслу тезрасанд ва дорои гӯшти хубу пашми маҳини аълосифат мебошанд. Солҳои 60 – 80 – и асри гузашта, талабот дар бозори дохила ва хориҷӣ, махсусан ба пашми маҳини гӯсфанду буз зиёд буд. Хоҷагиҳои гӯсфанду бузпарварӣ аз истеҳсолу фурӯши пашм даромади зиёд мегирифтанд.
Мутаассифона, дар солҳои 90 – ум, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ, талабот ба пашм, ҳамчун ашёи хоми баландсифат барои истеҳсоли намудҳои матоъҳои пашмин, моҳут, қолину дигар маснуот кам гардид. Пашмро аз ҷумҳурии мо дигар харидорӣ накарданд ва аксарияти хоҷагиҳое, ки ба парвариши гӯсфанди маҳинпашм машғул буданд, хароҷоти худро пӯшонда наметавонистанд. Дар натиҷа саршумори гӯсфандони маҳинпашм сол то сол дар ҷумҳурӣ кам гардид.
Вазорати кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки захираи ирсии (генофонд) ин гӯсфандони нодир дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шаванд.
Барои минбаъд такмилу тараққӣ додан ва зиёд намудани  саршумори гӯсфандони маҳинпашм бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ бунёди корхонаҳои коркарди пашму пӯст зарур аст.
Вазорати кишоварзӣ аз ҳамкориҳои судманд бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори минбаъд низ ривоҷ додани ҳамкориҳои судманд мебошад.
Н. МӮСОЕВ,
муовини вазири кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 2052

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед