иҷтимоиёт
ҲАҶ. ЭЪТИҚОДИ МОРО АФЗУД
Соли равон ба шарофати сулҳу оромии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз шаш ҳазор тоҷикистонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда, ҳаҷи фарзиро адо намуданд.
Бо қаноатмандӣ мегӯям, ки дар раванди сафари имсола натиҷаи мусбати корҳои омодагӣ, ташкилӣ ва тарғиботии мутасаддиёни “Ҳаҷ – 2016” ба назар мерасид. Меҳмонхонаҳои ба хонаи Каъба ва масҷиди набавӣ наздик дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, шароити хуби зист, баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, ошноӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ва аз ҷониби ҳоҷиён таҷлил намудани Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин макони муқаддас аз ин шаҳодат медоданд.
Ҳамаи ҳоҷиён шоҳиданд, ки ҳини ибодат дар масҷиди набавӣ дар Мадинаи мунаввара, имомхатибон ва ровиёни телевизиони Арабистони Саудӣ тез-тез ва бо эҳтиром аз Албухорӣ, Муслим ва Муҳаммад Тирмизии тоҷик, ки дар илми ҳадисшиносӣ ва ҷамъоварии ҳадисҳои саҳеҳи ҳазрати Муҳаммад (с) саҳми асосиву беназир доранд, ном мебурданд. Ин боиси ифтихори мо - ҳоҷиёни тоҷикистонӣ буд.
Барои ҳар як фарди худогоҳ рӯшан буд, ки ин маҳфили мусулмонони дунё, ки дар он ҳоҷиён, новобаста аз нажоду мазҳабашон, иштирок мекунанд, ҳушдорест, ки ба қавли Саъдии бузург:
Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Аз рӯзҳои аввали ҳаҷ ҷаҳд мекардем, ки ҳамарӯза баъди гузоридани намоз, чи дар хонаи Каъба ва чи дар мавзеъҳои Минову Арафоту Муздалифа аз Худованд, осудагиву файзу баракати рӯзгори мардуми Тоҷикистон ва саломатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро илтиҷо кунем, чунки дар маконҳои мустаҷоби дуо қарор доштем. Бо роҳбаладии роҳбарони масъуламон мо - як гурӯҳи 500 - нафараи ҳоҷиён дар гирди хонаи Каъбаи муқаддас тавофи нафлӣ адо намуда, дар ҳар як даври он Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро барои тоҷикону тоҷикистониён табрик намуда, дуо мекардем: «Парвардигоро, мо - ҳоҷиёни тоҷикистонӣ, ки дар ин мавзеи покизагӣ ва мустаҷоби дуо тавофи хонаи муқаддаси Каъбаро ба ҷо овада истодаем, дуо мекунем, ки Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тоҷикону тоҷикистониён муборак бигардонӣ, оромиву сулҳу ваҳдат ва амнияти Ватани азизамон Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон нигаҳбон бошӣ ва файзу баракати рӯзгори мардуми кишварамонро афзунтар бисозӣ, Омин!».
Сафари имсолаи ҳоҷиён аз як тараф эътиқоду ихлоси моро ба дини мубини Ислом ва Паёмбари он ҳазрати Муҳаммад (с) қавитар гардонда бошад, аз тарафи дигар меҳру муҳаббатамонро ба Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистон даҳчанд зиёдтар намуд.
Ҳоҷӣ Аҳмадҷон АЛИЗОДА,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2016 №: 214 Мутолиа карданд: 2234