logo

фарҳанг

ПИКАССО!

Яке аз бузургтарин воқеаҳои фарҳангии соли ҷорӣ - намоиши  асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Сабзалӣ Муродзодаи Шариф таҳти унвони «Рӯзи сафед», ки дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, қариб ки тариқи расонаҳои хабарӣ тарғибу ташвиқ ва аз ҷониби мутахассисони соҳа мавриди баррасиву таҳлил қарор нагирифт.  Чанд хабари иттилоотӣ ва намоишкориҳои шахсиятҳои алоҳида дар зери сояи муаллиф моҳият ва муҳтавои онро бозгӯ карда натавонистанд.
Коршиносон сабаби онро дар муносибати як андоза ғайримуқаррарии Сабзалӣ Шариф бо ҳамкасбон диданд, ки то андозае ҷой ҳам дорад. Мэтр дар тӯли фаъолияти эҷодӣ ва омӯзгории хеш ҳамеша нисбат ба худ ва дигарон сахтгир аст. Ӯ ҳатӯлкорӣ ва муносибати сарсариро нисбат ба  ҳунар, паст фаровардани сатҳи бадеият ва касбиятро на ба худ ва на ба дигарон ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҳунарии муосири тоҷик, ки саросарӣ ба манзаранигорӣ ва чеҳранигорӣ гузаштаанд, бо устоди худ, ки «шишаи номуси ҳунари миллат» - ро дар бағал дорад, созиш карда натавонистанд. Аммо дар рафти намоиш медидам, ки шогирдон ва ҳамкасбон бо ҳавас ба ҳар кори устоди худ нигариста дар баробари мухлисони ҳунари рассомӣ моту маҳбути эҷоди Сабзалӣ Шариф мешуданд. Техника ва усули истифодаи рангҳои ӯро бо ҳайрат мавриди назар қарор медоданд. Вале, касе дар ҳаққи ҳамкасб ва устоди худ сухани неке ба забон овардан намехост: менигаристанду мерафтанд. (Ин хоси зиёиёни эҷодкори мо аст, ки суханони некашонро барои пас аз марг нигоҳ медоранд). Вале, бо ин ҳам, аз чашмони ҳамкасбон ҳайрату ваҷд хонда мешуд. Як рассоми шинохта назди асари панҷгонаи «Сиёҳу сафед» ҳаяҷони худро ниҳон дошта натавониста «Пикассо!» - гӯён нидо ҳам баровард.
Оре, Сабзалӣ Шариф Пикассои миллат ва замони мо аст! Дар асарҳои ӯ воқеияти таърихии замони мо хеле устокорона тасвир гардидаанд. Ӯ, ки намояндаи барҷастатарини равияи воқеънигорӣ – реалистӣ аст, бори дигар собит намуд, ки на танҳо устоди касби хеш, балки нисбат ба худу касбаш хеле сахтгир аст.
Намоиш бо асари «Модарам – пушту паноҳам» оғоз мегардад. Дар он зани солдидае бо чеҳраи офтобхӯрда ва пироҳани мисли офтоб арғувонӣ, рӯймоли сафед дар сар чун фариштаи заминӣ тасвир шудааст. Ӯро шохаҳои дарахтон, ки фарзандонаш ҳастанд, иҳота намудаанд. Аз пушти сараш офтоби рӯ ба ғуруб намоён аст. Балки ин чеҳраи худи ӯст, ки ба офтоб шабоҳат дорад. Дар симои ин зани одии деҳотӣ, ки маълум аст, хеле бо самимият офарида шудааст, як ҷаҳон муҳаббат, меҳр ва иффату назокат нишон дода шудааст. Ба чеҳраи ин зан наметавон бетафовут назар кард. Ҳар касе, ки ба он менигарад, модари худро ба ёд меорад. Марде соатҳо дар рӯ ба рӯи ин «модар» истода, ашк мерехту механдид, бо ӯ сухан мегуфт, рози дил мекард. Ва ба касе аҳамият ҳам намедод, зеро модари худро ёфта буд. Ин аст ҷозиба ва сеҳри ҳунар!
Диптихи (асари дугонаи) «Исёнгарони Восеъ» асари монументалиест, ки дар он ба қавли Сайф Раҳимзоди Афардӣ «сангҳо пайкар мешаванд, ҷисм мешаванд, ҷон мегиранд, шаҳомати инсонӣ меёбанд». Дар ин асар ранг шаклро ифода мекунад. Ранги он мисли вулқон кабуди сияҳчатоб аст. Ҳар исёнгар мисли санг офарида шудааст, ки дар якҷоягӣ кӯҳи азимеро ташкил дода, рӯҳи шикастнопазир доранд.
Асари панҷгонаи «Сиёҳу сафед» тариқи «аля – при» (дар як лаҳза) офарида шуда, ба истилоҳи худи рассомон «подмолевка» - ро ба хотир меорад (яъне бо он ҳоло бояд кор кард). «Илтиҷои модар» ҳузнангезтарин қисмати он мебошад. Дар он мо модареро мебинем, ки рӯйи ҷасади писар истодаву даст ба дуо бардоштааст, ки рӯзи сахти  ба сарашон омадаро рафъ намояд. Бо рангҳои тира  ва даҳшатноки «Хатар» чанд тан саг ё гурге офарида шудаанд, ки аз пешомади талхе дарак ёфта, зӯза мекашанд. Сеҳри қалами наққош чунон пурзӯр аст, ки ба ин асар нигариста, садои зӯзаи гургонро бараъло мешунавед ва худро дар он муҳити тираи хатарзо мебинед. Дар қисмати дигари он – «Мубориза» набарди ду асп тасвир шудааст. Аспи тануманди сиёҳе, ки рамзи неруҳои аҳриманист, мехоҳад тамоми фазои мусаввараро фаро бигираду дунёро зери тасарруфи худ қарор бидиҳад. Аммо аспи сафеди хушзоте пеши роҳи ӯро гирифтасту аз қолаби намоя берун баромаданаш намемонад. Риққатноктарин қисмати асар ҷузъи охирини он маҳсуб мешавад. Дар он марди кӯре тасвир шудааст, ки роҳи худро дар зиндагӣ гум кардааст. Дар қисмати поёнии намоя писарбачаи хеле хушсурате тасвир шуда, ки дасти мадад ба ӯ додаву онро аз ин бунбаст раҳониданист…
Қисмати зиёди асарҳои намоишро, ки мусаввир чанд соли охир офаридааст, асарҳои таърихӣ ташкил медиҳанд. Ба мавзӯъҳои таърихӣ даст задани Сабзалӣ Шариф бесабаб нест: дар мисоли воқеаҳои маъмули таърихӣ мехоҳад ба суолҳои мубрами рӯзи мо ҷавоб биёбад. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ то дер гоҳ мардуми моро ҳисси ҷустани гунаҳкорон ва ба якдигар бо «чашми бад» нигаристан раҳо накарда буд. Бо асари «Гунаҳкори бегуноҳ» - и хеш рассом мехоҳад ба ҳамзамонони хеш бифаҳмонад, ки душманро миёни худ набояд ҷуст. (Дар асар лаҳзаи ба нишони тасдиқи покии хеш аз оташ гузаштани Сиёвуш тасвир шудааст). Силсилаи «Қаҳрамонони «Шоҳнома» - ро асари «Кова» идома медиҳад, ки савори аспи сафед, парчами ковиёнии хеш дар даст, анбӯҳи морони Заҳҳокро поймол карда, ба пеш ба оромонҳои хеш ҳаракат дорад. «Сукути лолазорҳо» нолаву шевани табиат ва инсонро дар ҳамбастагӣ дар бар мегирад. Як сӯ Таҳмина мегиряду, як сӯ лолаҳо. Доғҳои ҷигари Таҳмина дар қалби лолаҳо рӯ задаву, сурхии баргҳои онҳо бар рӯи Суҳроби ҷавонмарг дамида. Рустами баргаштабахт бо сукути лолазорҳо ҳамово шуда, шеван дорад. «Паррончакҳои Симурғ» зеботарин ва дилработарин қисмати ин силсиларо ташкил медиҳад. Дар он парандае бо сурати ғарибе тасвир шуда, ки ҳамроҳ бо бачаҳои худ Золи Зарро ба оғӯш кашидааст. Дар лонаи гарми ӯ, ки аз қалби пурмеҳраш рӯшан мебошад, як ҷаҳони беолоиш ва муҳити амну осоиш фароҳам омадааст. «Бо иқдоми хуршед» Гурдофаридро дар пешорӯи офтоб, ҳини набард ва савори аспи сурхи бодпое ба тасвир кашидааст, ки чеҳарааш мисли хуршед дурахшон ва дар раванди таърихии халқамон шарик аст. 
Дар силсилаи «Фариштаҳои заминӣ», ки соли 2015 рӯйи кор омадааст, мисли дигар асарҳои рассом воқеияти зиндагии мо бо тамоми мушкилоташ дар омезиш бо тахайюлоти бойю рангини офарандаашон тавъам омадаанд. Дар намояи «Бо роҳи каҳкашон» гурӯҳи духтарони зебое тасвир шудаанд, ки дар даст дос ва дар пушт дарзаи алаф доранд. Аз як ҷиҳат асар аз мушкилоти ҳаёти духтарони деҳот сухан гӯяд, аз ҷиҳати дигар баргҳои алаф чун болҳо тасвир шудаанд, ки ин духтарони зеборо чун фариштаҳои болдори осмонӣ пешорӯи мо ҷилвагар менамоянд. Сеҳрангезтарин асари ин силсила асари «Навои Наврӯз» маҳсуб меёбад. Дар он як села духтарону кабкон тасвир шудаанд. Кабкон дар баҳорон аз кӯҳсорон ба водиҳо фаромада аз омад – омади он дарак медиҳанд. Навои кабкони хушнаво навои Наврӯз аст. Аз ин ҷост, ки пироҳан ва сарбандҳои духтарон мисли болҳои кабкҳо наққошӣ шудаанд. Духтарон яке дар лаб лабчангу дигаре дар даст таблак навои Наврӯзро иҷро менамоянд. Кабкони хушилҳом ба онҳо ҳамовоз мешаванд. Духтаре зери оҳангу суруди онҳо маҳин – маҳин мерақсад. Гарчанде ки чеҳраи духтарон аён нест, мо чашмони мисли чашмони кабк зебои онҳо ва рухсораҳои чун рӯйи кабк назаррабояшонро тасаввур мекунем. «Ташвишҳои роҳрӯбон» занони ҷорӯббадастеро тасвир намудааст, ки мисли фариштаҳо бо ҷорӯбҳои худ бол мезананд. Гӯё онҳо рӯйи замин не, балки дар само дар ҳолати парвоз мебошанд.               
Автопортрети «Аспи давон – умри равон» бо рангомезиҳои худ касро мафтун месозад. Дар он рассоми ба сараш барфи пирӣ рехта рӯйи курсие нишастааст, набераи хурдсолаш рӯйи замин бозӣ дорад. Дуртар аз онҳо ба далели раванди бебозгашти замона аспҳои бодпое бо баргҳову алафи марғзор ва боди сабо бозӣ доранд. Ҳамаи ин дар зимни се ранг тасвир шудааст, ки хеле устокорона корбаст шуда, як ранг ба дигаре мегузарад. Ин рангҳо аз наврасӣ, ҷавонӣ ва пирӣ ҳадс мезананд, ки ҳам тифли навзод ва ҳам пири барно дар дар сояи онҳо ба сар мебаранд…
25 асари банамоишгузоштаи мусаввир ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 - солагии фаъолияти эҷодиаш бахшида шудааст. Бори дигар дар мисоли нигораҳои ба маърази тамошо гузоштаи рассом ба хулосае меоем, ки наққошӣ нусхабардории одӣ аз манзараҳои ҳаётӣ нест. Он таҳқиқи раванди зиндагӣ ва нигоҳи файласуфонаву шоиронаи эҷодкор ба он аст. Сабзалӣ Шариф зиндагӣ ва қаҳрамононашро хеле дӯст медорад. Ҳисси дӯст доштани зиндагӣ дар ӯ масъулияти нигаҳ доштани онро бедор кардааст. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳеҷ воқеаи замони мо бетафовут назар намекунад. Масъулияти бузурги зиёӣ будан ва рисолати пешоҳангиро адо намудани онро хеле хуб дарк намуда ва барои иҷрои он камари ҳиммат ҳам бастааст. Дар ҳақиқат, воқеияти замони моро танҳо ӯ тавонист, ки равшану возеҳ ва хеле воқеӣ ба қалам бидиҳад.
Касе, ки «Рӯзи сафед» - ро дида то ба охири умр он эҳсосоти рангини аз он гирифтаашро фаромӯш нахоҳад кард. Онҳоеро, ки аз ин рухдоди бузурги фарҳангӣ бехабару бебаҳра монданд, ҳамин тасаллобахш хоҳад буд, ки ҳамзамони мусаввири  забардаст -  Сабзалӣ Шариф ҳастанд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 3597

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед