logo

энергетика

НЕРУИ БАРҚ. АРЗИШИ ОН БОЛО МЕРАВАД, ВАЛЕ...

Аз 1 ноябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ нархи барқ ба ҳисоби миёна 16,5 дарсад боло меравад. Аз ҷумла, арзиши ҳар киловатт-соат неруи барқ барои аҳолӣ 14, 65 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин тадбир барои коршоям нигоҳ доштани низоми энергетикии кишвар, бо неруи барқу гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии мамлакат андешида шудааст.
 
Тибқи иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», баробари дигар хароҷот, ширкат барои таъмиру таҷдиди иқтидорҳо ва барои истифодабарии об маблағ сарф мекунад. Дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ширкат ҳар сол аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ то 35 миллион сомонӣ аз тариқи роялтӣ андозбандӣ мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки соли 2011 аз тарафи ширкати олмонии «Fichtner» гузаронда шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро барои таҷдиди неругоҳҳои «Норак», «Қайроққум», силсиланеругоҳҳои «Вахш», «Варзоб» ва як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад.  Дар ҳолати наандешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба таҷдиди онҳо таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад.
Паст будани тарифи неруи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро барои татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин мегардонад.
Барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён Ширкати «Барқи тоҷик» дар неругоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва пурраро анҷом медиҳад, ки барои он маблағҳои калон лозиманд. Инчунин, барои хароҷоти умумии истеҳсолии ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон ва андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷоти дорои хусусияти истеҳсолӣ, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ ҳар сол маблағҳо сарф мешаванд ва онҳо сол ба сол зиёд мегарданд. Дар баробари ин, ШСХК «Барқи тоҷик» неруи барқро аз ҶСК НБО-и «Сангтӯда-1» 20,1 дирам ва ҶСК НБО-и «Сангтӯда-2» 25,6 дирам барои 1 кВт.соат харида, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи 11,95 дирам (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард. Нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барқ аз ширкатҳои хориҷӣ бо нархҳои стандартҳои байналмилалӣ харид шуда, ба аҳолӣ арзон фурӯхта мешавад.
Умуман, тарифи неруи барқи Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле арзон аст. Тибқи маълумоти Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт. соат неруи барқ дар Озарбойҷон 3,3, Ӯзбекистон 3,9, Русия 4,59, Украина 6,52, Арманистон 8,38, Молдова 8,91 ва Беларус 10,93 сентро ташкил медод. Дар Тоҷикистон бошад, тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ 1,51 сент буд. Ҳоло баъд аз ворид намудани тағйирот дар тарифҳои барқу гармӣ нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ ба 1,86 сент баробар хоҳад шуд.
Айни замон Хадамоти зиддинҳинсорӣ якҷоя бо ШСХК «Барқи тоҷик» дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи нави тарифҳои барқу гармиро таҳия намуда истодаанд, ки ба муштариён пешниҳод мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 10690

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед