logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ. БА АРЗИШҲОИ ОЛИИ ОН ЭҲТИРОМ ГУЗОРЕМ

Дар доираи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 22 - юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардида истодаанд.  Дар ҳошияи ин чорабиниҳо прокуратураи шаҳри Хоруғ якҷо бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бо кормандони рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсолии матбааҳои вилоят вохӯрии судманд анҷом доданд.  
Субҳон Муҳаммадзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хоруғ, оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири кишвар, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин санади олии ҳуқуқӣ, ки 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуданд, ибрози назар намуд. Зикр кард, ки таҳкиму такмили низоми демократӣ, мутобиқ сохтани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш гузоштанд. Дар маҷмӯъ, ба 40 моддаи Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон буда, Конститутсия дар таҳкими усулҳои демократӣ, асосҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини пешрафти бемайлони кишвар нақши муҳим дорад.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қурбонмамад Шодмонбеков бо ёдоварӣ аз баъзе ҳодисаҳои номатлуб дар шаҳр изҳори нигаронӣ карда, зикр намуд, ки ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту меҳанпараст бояд барои пешгирии қонуншиканиҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории доимӣ дошта бошад, масъулияти худро ҳамчун шаҳрванд ва падару модар дар назди қонун бештар эҳсос намояд, ба Конститутсия ва арзишҳои олии он эҳтиром гузорад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 1968

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед