logo

порлумон

ЛОИҲАИ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ. "ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ҚАБУЛ ШУД

Дар доираи таҳаввулоти ахири конститутсионӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» - ро таҳия ва дар ҷаласаи навбатӣ, ки 26 октябр доир гашт, якдилона қабул намуданд.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳадафи таҳия ва қабули ин санадро мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 65) арзёбӣ намуд. Ба таъкиди Раиси Маҷлиси намояндагон лоиҳаи мазкур дар тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бонизоми кишвар мусоидат менамояд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» - ро Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, дар порлумони кишвар муаррифӣ кард. Номбурда изҳор дошт, ки «ин тарҳ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҳайати муаллифони лоиҳаи қонун барои такмил, рушду инкишоф додани ниҳодҳои ҳуқуқии Қонуни конститутсионӣ як қатор муқарраротро дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид намуданд. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз сарсухан ва 19 модда иборат аст. Дар сарсухани лоиҳаи қонун дар бораи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат ҳамчун барпокунанда ва бунёдкунандаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинохта шудааст».
Эмомалӣ Насриддинзода табдил шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» -ро ба қонуни конститутсионӣ, пешбинӣ гардидани баъзе имтиёзҳо ба Пешвои миллат, барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои мақомоти дар қонуни конститутсионӣ пешбинишуда ҷудо намудани ҷойи махсуси ифтихорӣ бо таъмини таҷҳизоти зарурӣ, ташкил ва ба роҳ мондани Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созанда ва хайр аз ҷумлаи афзалиятҳои ҳуқуқии лоиҳаи мавриди назар донист. Ба бовари ин вакили Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» метавонад дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи патриотизм, садоқат ба мардум ва давлат  саҳми беназир дошта бошад.
Таъкид шуд, ки ин тарҳ дар заминаи принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла волоияти Конститутсия, қонуният, моҳияти демократии ҳуқуқэҷодкунӣ, касбият, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, истифодаи таҷрибаи ҳуқуқӣ, таъминоти иҷтимоӣ таҳия шуда, ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Зимни баррасии лоиҳа дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
Вакилон бо зикри ин матлаб бори дигар таъкид намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 8787

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед