logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Сан – Марино ва таърихи 400 - солаи сарқонун
Яке аз қадимтарин  сарқонунҳои амалкунандаи олам қонуни асосии Сан – Марино ҳисобида мешавад, ки соли 1600 қабул гардидааст. Ин дар ҳолест, ки таҳкурсии он соли 1300 гузошта шудааст.
Аввалин сарқонун «Статути Бузурги шоҳигарии Литва» аз соли 1529 ба ҳисоб меравад, ки баътар дар солҳои 1566-1588 ба ин сарқонун иловаҳо ворид шудааст. Ин сарқонун дар шаклҳои «Нутқи посполит» ва «Империяи Русия» то соли 1840 амал кард.
Аввалин сарқонуни муосир, яъне дар шакли ҳуҷҷат батасвибрасида, сарқонуни ИМА мебошад, ки он 7 декабри соли 1787 қабул гардидааст.
Инчунин, ба қатори сарқонунҳои қадимтарини дар шакли ҳуҷҷати давлатӣ тартибёфта, дар минтақаи Аврупо Конститутсияи «Нутқи посполит» (3.05.1791) ва Конститутсияи Фаронса (3.09.1791) дохил мешаванд. Гарчанде муҳлати амалкуниашон он қадар тӯлонӣ ҳам набуд.
Дар шоҳигарии Британияи Кабир бошад, сарқонун набуда ҳамаи қонунҳои давлат аз тарафи парлумон, ки ба он Маликаи Британияи Кабир палатаи Лордҳо ва палатаи Обшинаҳо дохил мегарданд, тартиб дода мешаванд.
Навтарин сарқонуни дунё дар давлати Чернагория, ки истиқлолияти хешро соли 2006 ба даст овардааст, қабул гардидааст.
Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО

 

Ҳошим Гадо. Бечора ошиқ
Ба устод Ҳошим Гадо нақшҳои дар синамо офаридааш шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Яке аз нақшҳои машҳури ӯ Суҳроб аз филми «Рустам ва Суҳроб» - и Б. Кимёгаров мебошад.
Аз сабаби он, ки ин нақши ҳунарманд пурра аз ҷониби мунаққидони соҳаи кино таҳлил  ва таҳқиқ шудаасту зуд - зуд тавассути Телевизиони «Тоҷикистон» намоиш дода мешавад, ба тафсилот дода нашуда, танҳо ду нуқтаи муҳимро қайд менамоем:
Аввал ин ки дар баъзе тақризҳо гуфта шудааст: «Ҳошим Гадо дар баробари хуб офаридани саҳнаҳои ҳамосавӣ дар лаҳзаҳои лирикӣ камтаҷрибагӣ зоҳир намудааст». Мо ба ин ақида ҳеҷ розӣ шуда наметавонем. Барои мисол, Суҳроби ошиқ он қадар ба Гурдофарид дил бохтааст, ки бе ӯ зиндагии хешро тасаввур карда наметавонад. Ӯ  дар лаҳзаҳои дурӣ ҳайкали Гурдофаридро метарошад. Устод Сотим Улуғзодаро ин лаҳза чунон ба ваҷд оварда буд, ки «Оҳ, Ҳошиме, бар асари Фирдавсӣ ҳам навгонӣ даровардӣ!» гуфта буд. Ё он лаҳзаро ба хотир оред, ки чи тавр Суҳроб назди Гурдофариди хобида омада, бо оҳистагӣ (ӯ намехоҳад, ки дӯстдоштааш аз хоб бедор шуда  озор ёбад) мӯйҳои  парешонашро ҷамъ меорад. Дар ин лаҳзаи аз назари аввал хеле одӣ, як ҷаҳон меҳру муҳаббат ниҳон аст. Ончунон ҷозибаи ҳунарманд дар ин лаҳза таъсирнок аст, ки тамошобин низ таҳти энергетикаи бозигар монда, баробари ӯ бо тамоми вуҷудаш ба маъшуқ наздик шудани ошиқро эҳсос менамояд. Инҷо Ҳошим Гадо бе сухан, бо дурахши чашмҳо изҳори муҳаббат месозад.
Дигар ин ки ҳама қаҳрамонони фоҷиавӣ ба марг бо гаронӣ тан медиҳанд, Суҳроби Ҳошим Гадо бошад, табассум дар лаб рӯи дастони падар ҷон медиҳад. Бо ин ӯ гуфтан мехоҳад, ки барои расидан ба дидори чунин падари номдор меарзад, ки ҳатто ҷони худро аз даст бидиҳӣ. Инчунин, ӯ бо забони безабонӣ изҳор медорад, ки  зиндагиро бо хушнудӣ падруд гуфта истодааст, зеро он чизеро аз зиндагӣ интизор буд, дарёфт!
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
мунаққиди театр

 

Роҳгардӣ илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ
Роҳгардии муътадили бонизом (пайваста) хатари сактаи қалб ва бемориҳои раг ё шарёниро паст мекунад. Мутахассисони соҳаи тиб исбот карданд:  барои қалбро солим нигоҳ доштан касро зарур аст, ки дар як ҳафта ҳадди ақал 3 рӯз нимсоатӣ ба машқи бадан машғул шавад.
Мутахассисони соҳаи тиб гуфтаанд, «машқи бадан» на ба маънои соатҳои зиёд дар толорҳои варзиш ба тамрин машғул шудан аст, балки ба қавли онҳо роҳгардии муътадил барои ин кифоя аст.
Таҳқиқот  муайян кардаанд, ки аз давидани зиёди хастакунанда роҳгардии оҳиставу пайваста афзалтар аст. Зеро танҳо ҳамин навъи роҳгардӣ барои ҳаракати хун фоидаовар буда, холестероли манфӣ ё зарарнокро дар вуҷуди инсон кам карда, ба ҷойи он холестероли фоидаоварро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, роҳгардии муътадили пайваста хатари афзоиши бемории қандро низ паст мекунад. Ҳормон, ё ҳуҷайраҳои хушҳолӣ, ки дар натиҷаи роҳгардӣ тавлид меёбанд, ҳолати рӯҳии инсонро ба низом медароранд.
Таҳияи Зафари АКРАМ

 

Бовар мекунед? ЛинЛи ду бор ба дунё омадааст
Сокини Техас Маргарет Бемер аз  бемории ғайричашмдошти тифли батнаш дар ҳафтаи 16 – ум, ҳангоми ташхиси навбатӣ воқиф шуд: варами безарар дар мабдаи сутунмуҳра. Ин намуди фавқулодаи варами модарзодист, ки тахминан аз 35 ҳазор дар як тифли навзод пайдо мешавад. Дар нисфи ҳолатҳо калоншавии варам ба ҳаёти ҷанин хатарнок аст. Дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ кӯдак метавонад фавтад. Вақте духтурҳо Маргарет ва шавҳарашро гуфтанд, ки интихоб кунанд – ҷарроҳии фаврӣ ё сақати ҳамл, онҳо қарор доданд, ки шонс ниҳоят кам бошад ҳам, ҳуқуқи аз ҳаёт маҳрум кардани тифлро надоранд.
Дар ҳафтаи 23 - юми ҳамл ҷарроҳон бо сарварии доктор Даррелл Касс ЛинЛиро аз раҳим берун оварда, дар 20 дақиқа варамро бурида партофтанд ва духтарчаро баргашта ба раҳим гузоштанд. Ҷарроҳии нодир 5 соат давом кард. Хавфи фавти ЛинЛи, ки ҳамагӣ 500 грамм вазн дошт, бағоят калон буд – ҳангоми ҷарроҳӣ дили духтарча қариб аз тапиш бозмонд. Баъди ба раҳим баргаштан низ тифл метавонист бимирад. Аммо бахташ воқеан баландӣ кард.
Наздики ҳафтаи 36 - ум Маргаретро аз нав ҷарроҳӣ карданду ЛинЛи бори дуюм ба дунё омад. Сарфи назар аз ҳама тарсу хавотирӣ духтарча комилан солим буд ва беш аз 2400 грамм вазн дошт.
Ҳоло ЛинЛии панҷмоҳа аз кӯдаки муқаррарӣ фарқе надорад ва комилан муътадил инкишоф меёбад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

Муаммо
Дар байни рақамҳои 2 ва 3 кадом аломатҳоро гузорем, ки рақами ҳосилшуда аз 2 калону аз 3 хурд мешавад?
Посух ба муаммои дар саҳифаи «Шоми шанбе» - и 23 сентябр дарҷшуда чунин аст.
Дузди таррор як хиштро аз қисми боло гирифта, ба поёни он насб мекунаду ду хишти ду тарафи салибро ба яғмо мебарад. Роҳиби нобино чун пештар салибро даст – даст карда мешуморад, ки ҳар тараф 9 – тоӣ мебарояд. Аз дуздӣ дарак намеёбад.
P.S. Онҳоеро, ки то соати 10-и рӯзи душанбе посухи дуруст мефиристанд, мукофотҳо интизоранд.
Инҳо ба муаммои дар саҳифаи «Шоми шанбе» - 21 октябр дарҷгардида посух фиристоданд: Неъмат Акбаров, аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шодӣ Сафархонов, аз шаҳри Душанбе, Ситора Шомаҳмадова, донишҷӯи курси  дувуми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 238 53 32

 


Хонаҳои 700-сола
Ин хонаҳо дар Эрон қомат афрохтаанд. Боиси тааҷҷуби оламиён он аст, ки дар ин хонаҳо ҳанӯз ҳам одамон умр ба сар мебаранд ва нияти тарк кардани манзили худро надоранд. Он низ боиси ҳайрат аст, ки тайи 700 сол хонаҳо осебе надидаанд. Ҳол он ки хонаҳои Аврупо бе таъмиру тармим гумон аст, ки дар зарфи 100 сол устувор бимонанд.  
Марзия,  донишҷӯ

 

Нигораи пурасрор
Дар аҷоибхонаи Петербург, ки бунёдгузораш Пётри Кабир аст, дар аквариуми пури моеи формалин нигорае таҳти рақами 3394 маҳфуз аст, ки ягон маротиба ба маърази тамошо гузошта нашудааст ва шояд ҳеҷ гоҳ гузошта нашавад. Дар рӯихат ҳамчун "Каллаи муғул» сабт шудааст. Ин сари одамест, ки гузашта ва тарзи ҳаёташ торик аст, вале таъсири пурасрори ӯ ба ҳамватанонаш хеле бузург буд. Қариб ним аср вай биёбонҳои муғулро ба шӯр оварда, дар дили мардуми кӯчӣ ақидаҳои динӣ ва тарсу ҳарос аз дӯзахро ҷой мекард. Ҳатто номи аслиаш маълум нест. Ӯро Ҷа – лама ва ё Дамбижансан ном мегирифтанд. Вай худро аз авлоди князи бузурги асри XVIII  Амурсани ойратӣ, муборизи зидди ғосибгарони чинӣ, эълон карда буд. Вале асосаш он буд, ки Ҷа – лама ҳамаро мутмаин месохт, ки вай сояи заминии Махакалаи бадвоҳима мебошад. Махакала, яке аз худоҳои буддоӣ, на танҳо зулмро решакан мекард, балки ҳангоми қурбонӣ дили шахси золимро кафонда хуни гарми резонашро дам мекашид. Вай бо дасти худ чашми душманро аз косахонааш канда мегирифт, гӯшҳояшонро мебурид… Ва Ҷа – лама корҳои ӯро такрор мекард.
Каллаи Ҷа – ламаро, ки дар охирҳои соли 1922 ё оғози соли 1923 дар натиҷаи амалиёти густурдаи хадамоти амнияти давлатии Муғулистон кушта шуд, ба сари найза гирифта, дар шаҳру ноҳияҳо ва авулҳо моҳҳо гардонданд, то ки мардум бовар намояд, ки Ҷа – лама чун дигар одамон миранда аст ва ӯ дигар дар қайди ҳаёт нест. Ин маъракаро дида, даҳмардаҳо аз «саган – толгай» (каллаи сафед) рӯй мегардонданд ва мегурехтанд, зеро бовар доштанд, ки он бадбахтӣ меорад. Калла барои он ранги сафед гирифта буд, ки онро аз рӯи одати кӯҳна мумиё карда буданд, яъне дар намак хобонда, баъд муддате дуд доданд ва аз ин амал намак рӯ заду сарро пурра пӯшонд.  Аммо баъди фавти Ҷа – лама низ кӯчиҳо ба марги ӯ бовар надоштанд ва овозаҳо ба чор тараф пароканда мешуданд, ки ӯро дар ин ё он маҳал дида бошанд. Ҷа – лама соли 1912, баъди шикастани шаҳр – қалъаи Кобдо, ки дар дасти чиниҳо буд, машҳур гашт. Вай ба думи садҳо уштури пир хас баста ва онро оташ зада ба атрофи қалъа сар дод. Ин ба дили муҳофизони қалъа ваҳм андохт ва онҳо мағлуб шуданд.
Дар хусуси он ки мактаби кадом дайри буддоиро хатм намудааст ва оё ягон маълумоти диние дорад ва ҳам ба маркази Тибет – шаҳри Лхас кай ба зиёрат рафта дӯсти Далай – лама шудааст, далеле нест. Аммо дар бораи лаёқати гипнозчигиаш ривоятҳо хеле зиёданд. Собиқ асири маҷорӣ Йозеф Гелета, техник, ки солҳои 1920 - 1929 дар Муғулистон кор кардааст, мегӯяд: «Ҷа – лама ба як дастаи казакҳои таъқибгараш нигоҳе афканд ва онҳо дар симои ҳамдигар Ҷа – ламаро дида, ба ҳам то мурдан дарафтоданд».
Ҷа – лама дар биёбони Гобии Муғулистон давлати худро ташкил додан мехост ва барои ин мақсад аз ягон кори бад рӯ наметофт. Касе, ки зид мебаромад, бераҳмона кушта мешуд. Корвонҳои тиҷоратиро ғорат мекард, ҳазорҳо нафарро сар бурид. Ҳукумати Муғулистон барои аз дасти ӯ халос шудан роҳи фиребро пеш гирифт. Ба вай номае фиристода, гуфтанд, ки мехоҳанд дар Муғулистони Ғарбӣ вазир таъйин намоянд.
Вай намояндаҳои ҳукуматро эҳтиёткорона пазируфт. Рӯзи дуюм ӯро барои шинос намудан бо тарзи истифодабарии харита ба юртаи меҳмонон даъват карданд. Ҷа – лама ба юрта қадам ниҳода буд, ки Даши ном меҳмон ба зону афтода, аз ҳазрат дуо талабид. Ҷа – лама даст ба сари Даши гузошта хост дуо кунад, ки вай як даст, Дугер дасти дуюми Ҷа – ламаро сахт доштанд ва Нанзад рӯ ба дилаш тир зад. Ҳамин тавр Ҷа –лама на дар корзор, балки ба таври хоинона кушта шуд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ

 

Бузургтарин меҳроби чӯбин
Ин меҳроб, ки мансуби  асрҳои IX-X  мебошад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Онро  мардумшиноси машҳури рус, профессор М. С. Андреев соли 1925 аз деҳаи Искодари ноҳияи  Фалғар (имрӯза ноҳияи Айнии вилояти Суғд) пайдо намудааст. Ба ин хотир онро меҳроби  Искодар номидаанд. Меҳроб бо хати куфӣ навиштаҷот дорад. Катибаи куфии онро бори нахуст соли 2000 корманди Осорхонаи миллӣ  А. Шарифзода тарҷума намудааст. Меҳроб аз чӯби тӯс бе истифодаи меху ширеш сохта шудааст. Ҳаҷми он 327 х 180 сантиметр буда, аз се қисми асосӣ: пештоқ, лавҳаи мураббаъ ва ҳошияи мунаққаш, ки аз се тараф пештоқу лавҳаи мураббаъро иҳота менамояд, таркиб ёфтааст. Паҳнои  пештоқ 63 сантиметр ва жарфияташ 25 сантиметр аст. Дар маркази он нақши мудаввари мунаққаши тасвири моҳидор мавҷуд аст. Пештоқи меҳроб ғайриодист ва наълшакл ба назар мерасад. Ба гуфтаи муҳаққиқон ба ин шакл тарошидани пештоқ дар давраи тоисломӣ хеле роиҷ будааст. Кунгураҳои пештоқ нақшу нигорҳои ҷолиб доранд. Муҳаққиқон муайян намудаанд, ки чунин кунгураҳо дар масҷиди  Деггарон, Шери Кабир ва Меҳроби Ашт низ мавҷуданд. Ба гуфтаи муҳаққиқон ангораи дохилӣ ва берунии кунгураи пештоқи меҳроб ба меъмории аҳромҳои Ҳиндустон (масалан, аҳроми Аҷанта)  хеле монанд аст. Таҳмони пештоқ дар шакли нимдоира анҷом меёбад ва ба сутунчаҳои кӯзагӣ такя менамояд. Тамоми пештоқ бо нақшҳои ҷолиби  ҳандасӣ оро ёфтааст. Сутунҳои  дохили пештоқ бо услуби тоисломӣ сохта шудаанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

 

Ҷероламо Кардано: «Марг ҳам формулаи худро дорад!»
Соли 1501 дар Павия шахсе ба дунё омад, ки  марги худро пешбинӣ намуд. Аҷибаш ин, ки ӯ дар ҳамон рӯз вафот кард. Ин шахс Ҷероламо Кардано мебошад. Самти интихобнамудаи фаъолияти ӯ тиб будааст. Аммо бо мурури вақт таваҷҷуҳаш ба математика зиёд шуд. Аввал дар Милана ва баъдан дар Балония ҳамчун профессор кор кард. Вале аз соҳаи тиб дур намонд. Кардано вақтҳои фориғ аз кораш ба таҳияи толеъномаҳо машғул мешуд ва ба ин восита даромад ҳам ба даст меовард. Формулаи решаи нопурраи баробарии x3+ax+b=0, ки боиси ба ваҷд овардани тамоми математикҳои Аврупо гардида буд, номи ӯро миёни ҳамкасбонаш машҳур гардонд.
Кардано дар хати рамзӣ низ навоварӣ дохил кард. Ӯ рамзбандии одитареро (чоркунҷаи буриши қафасҳо)  ихтироъ кард, ки «панҷараи  Кардано» номида мешавад.
Асарҳои  Кардано 10 ҷилдро ташкил медиҳанд, ки бо ҳарфҳои майда чоп карда шудаанд. Аз рӯи ривоятҳо Ҷероламо Кардано барои исботи гуфтааш, ки кадом рӯз мемирад, худро аз гуруснагӣ соли 1576 дар шаҳри Рим ба ҳалокат мерасонад. 
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

 

«Кэтерпилэр»
Шояд аксар огаҳ нестанд, ки яке аз тракторҳои нахусти заминшудгоркунӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ истеҳсоли Амрико бошад. Моҳи январи соли 1930 ду трактор: «Кэтерпилэр» ва «Интернатсионал» - ро Микола Горбун, Саша Алексеев ва Волода Николаев муддати 10 рӯз то ба хоҷагии навтаъсиси ноҳияи Данғара расонданд.
Тракторҳои аввалини хоҷагиро механики амрикоӣ Ҷеймс Вергус ва мутахассиси рус Винниченко таъмир мекарданд.
Баҳори соли 1930 нахустин бор бо тракторҳо дар 600 гектар замин ғалла киштанд ва аз ҳар гектар 12 - сентнерӣ ҳосил бардоштанд, ки барои шароити он давр муваффақияти калон ҳисоб меёфт.
Маҷид Каримов нахустин тракторчии тоҷик маҳсуб меёбад. Тракторҳои Caterpillar охири асри XIX ва аввали асри XX  арзи вуҷуд намуданд. То ба он тракторҳои Хат ва Бест дар хоҷагии қишлоқи ИМА дар киштзорҳои душвор истифода мешуданд.
Тақрибан ҳамин давра дар Амрико ва Русия тракторҳои ширкати «Кэтерпилэр» истифода мешуданд. Ширкати мазкур солҳои 20 – уми асри XX бо Русияи подшоҳӣ ва баъд бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкории ҳасанаро ба роҳ  монд.
Ширкати Caterpillar алъон яке аз коргоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон дар истеҳсоли техникаҳои махсус: техникаи нақлиёти заминканӣ, дастгоҳу олоти сохтмонӣ, двигателҳои дизелӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.
Умари ШЕРХОН

 

Як муҷассама
Дар даромадгоҳи Ширкати Ernst & Young дар Лос – Анҷелес муҷассамаи марди дипломатдор, ки сари ӯ дар бинои ширкат хиштбандӣ шудааст, қомат афрохта.
Муаллифи муҷассама бо ин эҷоди худ ашхоси меҳнатдӯстро ҳушдор медиҳад, ки худро ба тамом ба меҳнат набахшида, аз зебоиҳои ҳаёт лаззат баранд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳоло сайёҳон дар назди муҷассама сурат мегиранду кормандони ширкат бошанд ба тамом ба меҳнат фурӯ рафта, сарашонро ҳатто аз равзанаи корхона берун намебароранд.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА

 

Ҳенрии ҳамахӯр
Мишел Лотитои франсавӣ, ки дар олам бо лақаби Ҳенрии Ҳамахӯр машҳур аст, бо хӯрдани шиша ва металлҳо дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт мегардад.
Бори аввал ӯ ин маҳорати худро дар 9-солагӣ нишон медиҳад. Сабаби ба ин амал даст задани Мишел ҳамсинфонаш буданд, ки ӯро мудом масхараву истеҳзо мекарданд. Ва ба хотири он ки ҳамсинфонаш ҳурмату эҳтиромаш кунанд, Мишел дар назди онҳо истаконро батамом мехӯрад.
Аз ин ба баъд ӯ қарор медиҳад, ки ин амали ғайриодияшро идома диҳад ва соли 1966 ба барномаҳои оммавии худ оғоз бахшида, дар онҳо предметҳои ғайриорганикиро истеъмол мекард. Дар тӯли ҳаёти худ Ҳенрии Ҳамахӯр 18 велосипед, 15 ароба, 7 телевизор, 6 қандил, 2 роҳаткат, 1 ҷуфт лижа, 1 комютер ва, аз ҳама аҷибаш, тайёраи «Сессна-150»-ро истеъмол кардааст. Ба ҳисоби миёна ӯ дар як рӯз 900 грамм металлро фурӯ мебурд. Тибқи маълумотҳо, Ҳенрии Ҳамахӯр аз соли 1959 то 1997 - ум 9000 килограмм оҳанпора хӯрдааст.
Бино ба гуфтаи   гастроэнтер-ологҳо, ки борҳо Мишелро муоина кардаанд, меъдаи ӯ нисбат ба дигарон ду баробар ғафстар буда, узвҳои ҳозимаи ӯ ба хӯрдани металлҳо мутобиқ гаштааст.
Зулола БОБОРАҶАБОВА

 

Қалъаи Пелеш
Ин қалъа, ки яке аз зеботарин кушкҳои Аврупо шинохта мешавад, дар шаҳри Синаяи Руминия қомат афрохтааст.
Бунёди кушк ба шоҳи аввалини Руминия Карол I иртибот дорад. Ӯ, ки олмонитабор буд, ба ин мавзеъ омада, аз табиати фараҳфизои он мафтуну шайдо мегардад, зеро ин макон зодгоҳи ӯро ба хотир меовард. Шоҳ дарҳол ба қарор меояд, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво қасре эъмор намояд.
Лоиҳаи тарҳи қаср аз ҷониби беҳтарин меъморони замон – Карл Вилгелм Додерери австрягӣ, Иоҳаннес Шулси олмонӣ ва Карел Лимани чех таҳия гашта, сохтмони он, бо фармони шоҳ, 22 августи соли 1873 оғоз меёбад ва соли 1914 ба анҷом мерасад.
Масоҳати қасри Пелеш 3200 метри мураббаъ буда, аз 160 ҳуҷра иборат мебошад ва барои бунёдаш аз хазина 16 миллион лейи тиллоӣ (бо пули ҳозира тақрибан 120 миллион доллари ИМА) сарф мегардад. Дар баробари ин, стансияи электрикӣ низ сохта мешавад ва Пелеш дар ҷаҳон кушке мебошад, ки аввалин шуда бо неруи барқ таъмин мегардад.
Бино ба гуфтаи коршиносон, Қалъаи Пелеш дорои беҳтарин мусаввараҳо, муҷассамаҳо, мебелҳо, фахфурҳо, аслиҳаҳо, қолинҳо, ҷавоҳирот ва маснуоти аз устухони фил тайёршудаи Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ мебошад. Махсусан, аслиҳаҳои аврупоӣ ва қолинҳое, ки дар коргоҳҳои Бухоро, Испарта, Мосул ва Измир бофта шудаанд, касро ба ҳайрат меоваранд.
Ҳарчанд Пелеш ба сифати қаср бунёд шуда бошад ҳам, сокинони Синая онро бо меҳру навозиш қалъа ном мебаранд. Алҳол дарҳои Қалъаи  Пелеш ба рӯи туристон боз аст ва дар як сол қариби 500 ҳазор нафар ба тамошои он меоянд.     
Таҳияи Ш. ШОКИР

 

Аз ҳар сӯ
Соли 2006 яке аз кормандони ширкати  «Кока-кола» дастурамали  тайёр намудани ин нӯшокиро мехоҳад ба ширкати «Пепси» фурӯшад. Сардори ширкати «Пепси» ғайр аз рад намудани ин пешниҳод, боз ба милиса занг зад. Ва ҳам ба роҳбарияти ширкати «Кока-кола» аз ин амали коргараш хабар расонд.
***
Солҳои 1808 - 1815 Рио-де-Жанейро пойтахти Португалия буд. Дар таърих бори аввал аст, ки пойтахти аврупоӣ берун аз Аврупо ҷой гирифтааст.
***
Соли 2014 дар Непал нафареро мори кубро мегазад. Мард морро зуд дошта, ҷавобан ӯро ҳам мегазад. Пас аз чанд лаҳза мор мемурад, мард бошад зинда мемонад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2658

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед