logo

фарҳанг

ХОКИ БАЛАНД

Гулчини нигоштаҳои пешин ва ашъори навини шоири рангинхаёлу дардошно Тӯлқин Хоҷаро «Хоки баланд» ном гузоштанд, ки аз тариқи нашриёти «Адиб» се сол пештар аз ин, яъне соли 2013 ба табъ расида буд. Бори дигар, воқеан, замон собит сохт,  он ки аз хоки баланду асту насаби баланд мақому мартаба ва суханаш баланд асту бо ин ҳама баландӣ ёд мешавад. Аз нашри «Хоки баланд» ва ҳам номи он муаллиф ҳеҷ хабаре надошт ва ҳанӯз ҳам надорад, зеро ин китобро баъди марги ӯ ба дасти чоп супурданд. Ба ин васила хостанд, ки рӯҳи  адибро шод бинамоянд ва ба дӯстдорони каломи бадеъ бирасонанд, ки ҷойи ӯ агар пештар дар дидаҳо буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
 
Асадулло Раҳмон дар ин китоб ба ҷойи пешгуфтор аз рӯзгори ӯ ёд овард: «Шаҳр нарафт, деҳи пурхок ҳасрати умрашро шикаст, молу сарват, хонаву дар наҷуст, озодаву мағрур ва марди том буд, пеши касе сухани тамаллуқ нагуфт, санои нолоиқе насуруд ва қаноатпеша буд дар зиндагии пур аз ҳарфу овои дунёпарастӣ».
Муҳаммад Ғоиб дар шеъри «Бемаргӣ» пас аз маргаш чунин тавсифаш намуд:
Ганҷ дар вайрона! Дар деҳоти дур
Дарс медодӣ ба фарзандони халқ.
Гашта дар зулмоти фаҳмишҳо чу нур,
Шамъ будӣ дар шаби армони халқ.
 
Гурез Сафар дар рӯзи  маргаш катибаашро аз матни ашъори ӯ гуфт:
Маргаш намешавад сабаби ҷанги ворисон,
Молу макон нагуфтааму шеър гуфтаам.
 
Аммо зеботару возеҳтар худ дар бораи худ гуфта буд:
Ӯ поку тоза омада буд, поку тоза рафт,
Ӯ дарс дода омада буд, дарс дода рафт.
 
Зиндагии омӯзгору шоири асил, дар ҳақиқат, дарс аст ва марги ӯ низ дарс мебошад. Марг агарчи ҳам занги камолотро мезанад, аммо он аз анҷоми дарсҳо ва соли хониш хабар намедиҳад. Баръакс, садои он муҳибону дӯстдоронро ҷамъ меорад ва муждаи оғози дарсҳои меҳру садоқатро медиҳад. Агарчи ҳам ин дарсҳо ҷонсӯзанд, аммо ҳам ба худафрӯзӣ талқин мекунанду ба хештаншиносӣ ҳидоят.
Ин адибу омӯзгори баркамол бар асари бемории саратон аз дунё даргузашт. Дар ин маврид  ҳақ боз бар ҷониби Асадулло Раҳмон аст, ки навишт: «Тазоди зиндагиро дӯст медошт ва афтону хезон то рӯзи аҷал зинда расид, вале зиндагиро падруд нагуфт». Чӣ гуна падруд мегуфт? Ҳанӯз ормонҳои зиёд дошт. Мехост ҳамчунон ба фарзандони халқ дарс бидиҳад, шеър бигӯяд, ки он ҳам барои ӯ дарс буд. Дар шеъри «Омӯзгор», ки оинаи тамомнамои ӯст, изҳор медорад:
Чун ба тиллои холиси олам
Нигаристам ба баччаи одам.
 
Дар ин шеър, ки ҳаждаҳ сол пеш аз маргаш гуфта шудааст, дардҳои ҷомеа, хоса соҳаи маорифро рӯшану бепарда ва бо ҷасорат мегӯяд:
Устодони кӯчапарварда
Дарсҳоро аз они худ карда.
 
Ӯ ҳам аз он месӯзад, ки ғафлат, зарандӯзӣ, талоши молу ҷоҳ бар чашмҳо мил кашида, аз ин рӯ, «соҳиби баччаҳои бесоҳиб, баччаҳоро намешавад соҳиб».
Ҳатман дар зеҳни онҳое, ки намешинохтандашу намешиносандаш, ин суолҳо пайдо мешавад, ки, воқеан, ӯ чӣ гуна омӯзгор буд, бо чӣ равише, усуле дарс мегуфт ва мурод аз дарсҳояш чист? Дар шеъри «Арзи ихлос»-аш ба ин пурсишҳо посухҳо дорад, посухҳои рост, дуруст, аз сари ихлос, фаҳмову рӯшан:
Дар ҳақиқат, ҳам муаллим буд,
Бо навин роҳу равишҳо дарс мегуфт,
Бо беҳин тарзу усулу парваришҳо дарс мегуфт,
Дарси ӯ чун дарси пири зиндагӣ озод буд,
Ҷониби озодӣ аз озодагӣ иршод буд.
Пайравӣ аз беҳтарин омӯзгорон дошт ӯ,
Пайравӣ аз устоди рӯзгорон дошт ӯ.
Қудрати ӯ аз хато хатти ҷабинҳоро мубарро менамуд,
Ҳиммати ӯ аз кулӯх оташ муҷалло менамуд.
 
Дуруст аст, ки мегӯянд, агар адибро ончунон, ки ҳаст, бихоҳӣ бишиносӣ, ба навиштаҳояш рӯ биёр ва асли ӯро аз он ҷо биҷӯ. Тӯлқин Хоҷа низ дар навиштаҳояш бештару беҳтар аён аст. Чун нақшест бар санги хора, ки аз обу боду оташ газанд намеёбанд ва марг ҳам ин ҷасоратро пайдо намекунад, ки номи ӯро аз дилҳову хотирҳо бизудояд. Вақт ба ӯ ва ашъори самимияш ба дидаи тараҳҳум менигарад. Ду фарзандаш- Озарҷон ва Ҳасанҷонро ба як дам, пеш аз он ки марг бар суроғи ӯ биёяд, барқ зад ва чун барқ онҳоро бурд:
Дар ноқили барқ хештанро,
Аз гарди замон такида рафтед...
Шамшоди қади маро шикаста,
Бар рӯи раҳ афканида рафтед.

Аз ин вазнинтару сангинтар чӣ аст, замоне, ки падар бо ҳасрат бо чашми чор, бо ҳазор умед ба роҳи омади фарзандон менишинад, аммо мебинад, дармеёбад, ки:
Аз раҳе, ки бод меояд,
Хушку холӣ ёд меояд.
 
Агар ҳам ин захмҳо, ки андар диланд, шифо намеёбанд ва дарду сӯзишашон ба ҳар рӯзу ба ҳар шаб меафзоянд, ин омӯзгору шоир рисолати аслии худро аз ёд намебарад. Аз Ватан мегӯяд, аз Тоҷикистон. Барояш он ватани  боғу баҳорон, шоирию шеър, шаршараҳои ширӣ, оби шифо, ҷӯшу ҷавонӣ, гулбуну гулбарги давоҳо, салтанату савлати тантанаи инсонӣ мебошад, ки бар он азизон назар андохтаанд ва ҳам чун фирдавси барин сохтаанд. Русто, зодгоҳашро бо истифодаи ташхис ва ҳунари зебои шоирона сад бор садқа мешавад ва онро давлати пиёдаи худ мехонаду мегӯяд, ки аз содагии ту бахти ту бо ту қаҳрист ва ҳам даҳрист. Ва ҳам дар шеъре бо хушнудӣ мужда медиҳад, ки ба дари хонааш фасли баҳор ва ба гулу шонааш асли баҳор омадааст. Чӣ зебо ва тоза мегӯяд:
Ба қади риштаи ҷонам зи ҷаре гул ҷӯям,
Ба баҳои сари худ аз камаре гул ҷӯям,
 
Гул барояш арзише хоса дорад. Чаро? Чунки он башорати сарсабзию ободии замин, зебоию дилрабоии олам, эҳёву зиндагии тозаи табиат, ишқу ҷавонӣ, хушию хуррамӣ мебошад.
Қафаси гул набувад, дар қафасе хоҳам мурд,
Нафаси гул набувад, дар нафасе хоҳам мурд.
 
Аз шеърҳои ӯ дармеёбем, ки чӣ гуна бо муҳаббату садоқат аз падару модар, устодон, инсонҳои асил, шогирдони вафодор ёд меораду ба онҳо арҷ мегузорад. Мақсуди ин омӯзгор аз ин ҳама боз ҳам дарс аст, дарси ибрат, дарси одамият. Ин ҳақиқат ҳеҷ исботеро намехоҳад: оне, ки аз хоки баланд аст, рӯҳаш ҳамеша майл ба баландӣ мекунад ва ба баландӣ бо пару болҳои қавӣ парвоз менамояду мерасад. Назора аз он баландӣ зебову дақиқу дуруст аст ва ҳамчунон мемонад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2509

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед