logo

иқтисод

"ҶАШНИ АСАЛУ ХАРБУЗА. ЧАРО ОНРО ЯКЧАНД РӮЗ ИДОМА НАДИҲЕМ?"

Мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Л. Шариф «Ҷашни асалу харбуза. Чаро онро якчанд рӯз идома надиҳем?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 178, 5. 09. 2016 чоп шудааст, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол рушд ёфта истодааст. Дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ, ба 3300,2 тонна расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8 тонна зиёд мебошад.
Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011 – 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябри соли 2010 қабул гардид, ба пешрафти соҳа мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ 213,4 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 4000 оила зиёд аст. Шумораи оилаҳои занбӯри асал нисбат ба дурнамои Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 дар ҷумҳурӣ 28000 зиёд мебошад.
Бо  мақсади иҷрои барнома соли ҷорӣ 90 зарфи алюминӣ барои нигоҳдории асал, 3300 кг шакар, 35 кг сим ва 450 оилаи хурди занбӯри асалро харидорӣ ва тибқи нақшаи тақсимоти вазорат ба ноҳияҳои Шуғнон – 10, Лахш - 100, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 70, Восеъ - 10, Ваҳдат – 70, Б. Ғафуров - 20, Панҷакент – 80, Душанбе – 30, Вазорати корҳои дохилӣ – 20 ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 30 оила бо ҳамаи асбобу анҷом, хӯрока ва доруворӣ дастрас гардидааст.
Боиси тазаккур аст, ки имсол баргузории ҷашни асалу харбуза ба муддати як ҳафта идома ёфт. Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.08.2016, № 10 ва фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 15.08.2016, № 87 «Оид ба гузаронидани  идҳои «Асал», «Харбуза», «Тарбуз» ва «Каду» дар маҷмааи савдои «Пойтахт 90»-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе «Иди асал» баргузор гардид.
Дар баргузории чорабинӣ (6 – 11 сентябри соли равон) занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, зиёда аз 96 тонна асали молии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо нархҳои назар ба бозор 20-25 фоиз арзон ба фурӯш бароварданд.
Вазорати кишоварзӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори қаноатмандӣ намуда, умед ба он мебандад, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳо дар сатҳи баланд идома меёбанд.
Н. МӮСОЕВ, муовини вазири
кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2062

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед