logo

иҷтимоиёт

"ҚАДАМ БА ФАРДО". ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар  муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»  озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Қадам ба фардо» баргузор гардид.
 
Дар озмун наврасон ва ҷавонони аз 9 то 30 – сола аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои манотиқи кишвар ширкат варзида, лоиҳаҳои худро оид  ба кимиё, тиб, механика, физика, байторӣ, металлургия, гармидиҳӣ, саноати хӯрокворӣ ва  соҳаҳои дигар пешниҳод намуданд.
Дар байни ҷавонони аз 20 то 30 – сола  Аҳмадҷон Раҳмонов, сардори идораи корҳои илмӣ – тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, барои пешниҳоди силсилаи «Моделҳои судманд дар соҳаи сохтмон»  сазовори ҷои якум, дипломи дараҷаи аввал ва туҳфаи хотиравӣ  гардид. Дар байни  наврасон ва ҷавонони то 20 – сола Фаромуз Ойев, донишҷӯи курси якуми факултаи «Технологияҳои инноватсионӣ» - и донишгоҳи мазкур, барои пешниҳоди навоварона дар соҳаи саноат – «Пойафзоли роҳнамо»  сазовори ҷои якум, дипломи дараҷаи якум ва туҳфаи хотиравӣ, дар бахши лоиҳаҳои инноватсионӣ Ҷамшед Тағоев, донишҷӯи курси якуми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, барои пешниҳоди лоиҳаи инноватсионӣ дар мавзӯи «Корхонаи истеҳсолии коркарди намак (дар мисоли ҶСК Хоҷа  Муъмин дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон)» сазовори Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ, довталабони дигар  сазовори «Дипломи иштирокчии озмун» ва туҳфаҳои хотиравӣ  шуданд.
Лоиҳаҳои ғолибон  ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа ва  дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани онҳо  дар  интернет – портали миллии инноватсионӣ ва дигар сомонаҳои дахлдор ҷойгир карда мешаванд. Дар баробари ин, маълумоти мазкурро бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон)  муаррифӣ менамоянд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмуни ихтироъкорони ҷавон дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи илму ҳунар дар байни наврасону ҷавонон, дастгирии ҷавонони лаёқатманд, муаррифии онҳо ба ҷомеа ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо арзёбӣ мешавад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2437

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед