logo

иқтисод

ВМКБ. САНҶИШ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОРО ФОШ СОХТ

Рушди соҳибкории истеҳсолӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамин доира аз ҳисоби имтиёзҳои пешбинишуда барои соҳибкорон зиёда аз 10 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Вале бо вуҷуди баъзе дастовардҳо соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят камтар пешрафт дорад. Сафарбек Қурбонбеков, муовини сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, баъзе сабабу омилҳоеро, ки ба рушди соҳибкорӣ дар вилоят монеъ мешаванд, чунин шарҳ дод:
 
- Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” - и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ки аслан ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон нигаронида шудааст, барои    фаъолияти соҳибкории вилоят имкониятҳои зиёд фароҳам овардааст. Аллакай 18 лоиҳаи бизнес-нақшаи соҳибкорони вилоят дастгирӣ ёфта, танҳо дар соли равон 13 лоиҳа ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияи ҳозиразамон ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар вилоят ба муассисаи мазкур пешниҳод гардидааст. Соҳибкорон М. Меҳралишоева ҷиҳати ташкили сехи коркарди меваю сабзавот ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, Х. Хуҷамриев барои сехи макаронбарорӣ 474 ҳазор сомонӣ, С. Қурбонхонов барои сехи қаннодӣ 250 ҳазор сомонӣ , С. Саиданоев барои сехи коркарди чӯб 200 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ “Накҳат” ба маблағи 380 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуданд. Аммо санҷишҳо нишон доданд, ки на ҳама маблағҳои ба ин мақсад ҷудошударо дуруст истифода мебаранд. Масалан, дар рафти санҷиши истифодаи маблағҳои фонд дар соли 2015 аз тарафи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ, муассисаи “Фонди дастгирии соҳибкорӣ ”- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва филиали Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” - и вилоят ошкор шуд, ки ҶДММ “Атлантика” (шаҳри Хоруғ) аз фонд 500 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, мебоист барои корхонааш дастгоҳи сангмайдакунӣ мехарид, вале маблағҳоро истифода накарда, бозпас гардондааст. ҶДММ “Ҷовид” аз ноҳияи Ванҷ ҷиҳати истеҳсоли қуму шағал соли 2015 аз фонд 300 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол аз рӯйи лоиҳа ягон корро анҷом надодааст. Соҳибкори инфиродӣ аз ҳамин ноҳия Х. Ниёзов ба мақсади ташкили коргоҳи истеҳсоли кулчақанд ва торт 150 ҳазор сомониро ба даст оварда, то ин дам дар ин самт коре иҷро накардааст. Чунин ҳолат дар хоҷагии деҳқонии “Абдурасул” - и ноҳияи Роштқалъа низ ҷой дорад. ҶДММ “Панҷ” аз шаҳри Хоруғ бошад, ҷиҳати ташкили сехи истеҳсоли доруворӣ аз фонд 1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ қарз гирифт, аммо ҳанӯз аз як қисми таҷҳизоти харидааш дарак нест. Чунин муносибат ба маблағҳои ҷудонамуда ба пешрафти кор дар самти рушди соҳибкорӣ монеъ мегардад.
 Дар самти истифодаи маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори вилоят низ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Дар давоми 7 соли охир 35 бонуи соҳибкори вилоят аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани маблағи бештар аз 900 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид, аммо на ҳама маблағҳои грантӣ мувофиқи барномаҳои пешниҳодгардида истифода шудаанд. Масалан, соҳибкорони ноҳияи Ванҷ Олифта Хусравова ва Муҳтарам Ҷӯраева ҳар кадом барои ташкили соҳаи боғдорӣ 40 ҳазор сомонӣ, Бибиҷон Абдолова барои таъсиси сехи дӯзандагӣ 10 ҳазор сомонӣ ва Барно Суҳбатова барои парвариши чорвои майда 40 ҳазор сомонӣ гирифта, дар доираи барномаҳо ягон корро ба иҷро нарасонданд. Чунин ҳолат дар ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа низ ҷой доранд.
Барои пешгирии ҳолатҳое, ки монеи рушди соҳибкорӣ дар вилоят мегарданд, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила ва дигар сохторҳои марбута кӯшиш доранд, ки минбаъд дар қабул ва пешниҳоди лоиҳаҳои бизнес - нақшаҳо барои дастгирии молиявӣ аз ҷониби муассисаи “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ зарурият ва имкониятҳои реалии амалигардонии лоиҳаҳо ба инобат гирифта шуда, раванди иҷрои барномаҳо таҳти назорати қатъӣ қарор гирад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2091

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед