logo

иқтисод

Н. И. ВАВИЛОВ: "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ ГАНДУМ АСТ"

Иқлими Тоҷикистон континенталӣ, хушк ва гарм аст. Дар минтақаҳои аз 300 то 500 метр баландтар аз сатҳи баҳр ҳаво ниҳоят гарм мебошад. Дар водиҳо зироаткории обӣ, дар доманакӯҳҳо лалмикорӣ инкишоф ёфтааст. Заминҳои лалмӣ аз ҷиҳати таъминнокиашон   бо   боришот   ба   заминҳои   сербориш (аз 400 - 500 мм  зиёд), миёна (200 - 300 мм)  ва  камбориш  (аз 200 мм кам)  тақсим  мешаванд.
 
Академик Н. И. Вавилов Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ ватани гандуми мулоим ва навъҳои гуногуни он ҳисобидааст. Кишти  зироатҳои  ғалладона,  аз ҷумла гандум, дар солҳои охир  рушд карда, бо тавсияи  олимон дар минтақаҳои экологии кишвар навъҳои хоси минтақабобгардида, кишт карда мешаванд. Ҳалли муаммои ғалла  имкон медиҳад, ки аҳолӣ бо нон таъмин ва барои инкишофи чорводорӣ  пойгоҳи мустаҳками хӯрокворӣ ба вуҷуд оварда шавад. Соли 2014  истеҳсоли ғалла дар мамлакат 868 ҳазор тоннаро ташкил дод.  Барои таъмини пурраи аҳолӣ қариб  700 ҳазор  тонна нарасид, ки он аз ҳисоби воридот таъмин шуд.
Ҳосилнокии ғалладона дар заминҳои обию лалмӣ аз рӯйи иқтидори навъҳо 50 – 55 дарсад истифода мешавад. Вазифае, ки ба кишоварзон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯёндани ҳосили  на кам аз 50 сентнер аз 1 гектар дар заминҳои обӣ гузоштааст, асоси воқеӣ дошта, ноил шудан ба чунин нишондиҳанда, барои таъмини 70 -75 дарсади  талабот ба маҳсулоти ғизоии ниёзи аввал мусоидат менамояд.
Олимони АИКТ  вобаста ба таъмини намнокии хоки заминҳои  лалмӣ  бо истифодаи нуриҳои органикию минералӣ (нитрогенӣ,  фосфорию калийдор) солҳои охир навъҳои ғаллаи «Ормон», «Алекс», «Шумон», «Президент», «Зироат-70», «Садоқат», «Ориён» ва ғайраро ба вуҷуд оварданд, ки истифодаи онҳо метавонад миқдори воридоти ордро кам  намояд. 
Барои тухмипарварӣ  пурра риоя намудани  агротехникаи парвариши ғалладона нақши ҳалкунанда мебозад. Яке аз воситаҳои асосии рӯёндани ҳосили баланд истифодаи тухмиҳои  дараҷаи элита ва репродуксияҳои 1 - 3 дорои тозагии 90 дарсад ва  қобилияти нешзании на кам аз 95 дарсад мебошад.
Пеш аз кишт тухмиҳои ғалларо барои ҳифз аз ҳашароту касалиҳо (сиёҳаки сахт, гарда ва ғайра) бо таркибҳои Раксел (1,5-2,0 кг/т), Витовакси 75% (2,5 - 3,0 кг/т) безарар карда, ба тухмӣ об пошида, онро намнок кардан лозим аст. Таҷрибаю  таҳқиқотҳои олимони АИКТ нишон медиҳанд, ки гандуми дар фасли  тирамоҳ кишткарда нисбат ба баҳорӣ аз ҷиҳати ҳосилнокӣ аз 1 гектар 6 - 8   сентнер бартарӣ дошта, ба   обу ҳавои давраи парвариш устувор  мебошад. Меъёри кишти гандум барои навъҳои баландпоя дар заминҳои  обӣ вобаста ба панҷазанӣ ва вазни 1000 дона ба ҳисоби миёна 200 кг/га ва барои навъҳои кӯтоҳпоя дар заминҳои лалмии боришоташ таъмин  200 - 220 кг/га аст. Дар заминҳои лалмии боришоташ нимтаъмин 160 -  180 кг/га ва заминҳои обӣ 220 – 240 кг/га тавсия дода мешавад.
Шудгори асосии тирамоҳӣ барои зироати ғалла асосан ба кишти пешина  алоқаманд аст. Агар кишти пешина гандум бошад, ҷав ё сулӣ кишт кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Шудгори асосиро баъди кишти алафҳои бисёрсола, аз ҷумла юнучқа, ки структураи хокро беҳ мегардонад, дар  заминҳои лалмӣ баъди боришот ва аз намӣ таъмин гардидани хок дар  чуқурии 32 - 35 сантиметр бо плуги пешпозадор иҷро кардан зарур аст.  Шарти асосӣ он аст, ки қабати болоии чимдори замин бояд ба чуқурӣ  афтад.  Шудгор пӯсиши боқимондаҳои решаҳоро тезонда, алафҳои  бегонаро нест ва намиҷамъсозиро хуб мегардонад.  Дар  заминҳои  обӣ  шудгор бояд  дар  чуқурии на кам аз 35 - 40 сантиметр анҷом дода шавад. 
Муҳлати оптималии кишти тирамоҳии  зироати ғалла  дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ва  баъзе  ноҳияҳои  вилоятҳои  Суғду  Хатлон,  минтақаи  Рашт ба анҷом расид.  Ҳоло барои кишоварзони ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ ва баъзе ноҳияҳои  вилоятҳои  Суғду Хатлон то даҳаи сеюми ноябр барои гузарондани  кишт муҳлати мувофиқ аст.  Барои  ҳосили  фаровон гирифтан дар  баробари кишт ба ҳар гектар заминҳои обӣ 150 - 200 кг ва лалмӣ 80 - 100 кг  нуриҳои  минералӣ  (аммофос  ё  нитроаммофос) ва агар имконият бошад, аз поруҳо  то 20  тонна (дар 3 сол як бор) дар як гектар андозанд, ҳосилнокии ғалладонаро 20 - 30 дарсад зиёд мекунад. Ба ҳар гектар вобаста ба фосфорнокиаш аз 30 то 100 кг нурии фосфорӣ андохтан лозим аст.  Риояи меъёрҳо ба  ғаллакорон  имкон  медиҳад,  ки  ба  ҳисоби  миёна аз  як  гектар заминҳои  лалмӣ 35 - 40 сентнер  ва обӣ  60 - 70  сентнер  ҳосил  ҷамъоварӣ намоянд. 
Саидҷамол САИДОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2320

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед