logo

иҷтимоиёт

ҲУНАРИ ВОЛО. АЗ ОН Ӯ ҚАДРУ МАНЗАЛАТ ЁФТ

«Суман» ҷамъияти саҳомии кушодае, ки дар  самти рушди  ҳунарҳои халқӣ – зардӯзӣ, чокдӯзӣ, гулдӯзӣ ва попурдӯзӣ  фаъолият намуда, 44 намуди мол истеҳсол мекунад ва  36 бонуи соҳибҳунарро ба сифати дӯзан-да бо кори доимию маоши хуб фаро гирифтааст. Намунаҳои ҳунари  бонувони «Суман» ҳамоишу маъракаҳои  сатҳи баланди ҷумҳуриявиро  зеб мебахшанд.  Роҳбари имрӯзаи корхона Файзимо Иброҳимова дастпарвари иттиҳодияи истеҳсолии «Гулдаст» буда, корро аз дӯзандагӣ оғоз намудааст. Ба шарофати кори ҳалол ва  таҷрибаи ғанӣ андӯхтан ба  вазифаҳои  баланди  роҳбарикунанда расид.  Бо саъю талоши ӯ  занони  хонаши-ни шаҳр ҳунар омӯхтанду дар пешбурди рӯзгор ва ғанисозии буҷети оила саҳмгузор шуданд. Онҳо кӯрпаю кӯр-пача,  болишту матрас, рӯйкаши  рахти хоб, пардаю дастархон, чодар, сӯзанӣ ва даҳҳо ашёи рӯзгор медӯзанд.
Ф. Иброҳимова борҳо дар намоишҳои байналмилалӣ ҳамчун соҳибкори муваффақи бахши ҳунарҳои халқӣ ширкат варзида, маҳсули дастони бонувони  «Суман» - ро ба ҷаҳониён рӯнамоӣ кардааст. Ҳунари во-лои бонувони корхона борҳо аз ҷониби  созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи  байналмилалии  ҳамкориҳои саноатӣ (SPI),  бо туҳфаю  мукофотҳои  сатҳи баланд, назири  «Медали тиллоии  SPI»  қадрдонӣ шудааст. Файзимо Иброҳимова соли 2015 «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» эътироф гардид.
Ҳоло шогирдони ӯ дар корхонаю коргоҳҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ҳунарҳои сунна-тии миллӣ, назири гулдӯзию зардӯзӣ ва адрасбофиро сайқал медиҳанд. Бархе аз онҳо коргоҳҳои хусусиро  сарварӣ мекунанд.
- Имрӯз барои соҳибкорону ҳунармандон шароити хуби  фаъолият муҳаёст. Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати касбомӯзии бонувон, рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ба ин васила бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занони хонашин пайваста ғамхорӣ менамоянд. Ба шарофати дастгириҳои Сарвари хирадмандамон мо имрӯз дар фазои орому осуда ҳунар меофарем ва маҳсули заҳмату эҷоди мардуми тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён муа-ррифӣ  мекунем, - мегӯяд Файзимо Иброҳимова.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 1865

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед