logo

иқтисод

РУШДИ БАХШИ КИШОВАРЗӢ ҲАДАФИ АСОСИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БУД

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида ба 85 – солагии таъсисёбии донишгоҳ дар мавзӯи «Саҳми олимони соҳа дар ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ» конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он олимон аз  муассисаҳои илмӣ, донишкадаю донишгоҳҳо,  мутахассисони  соҳаҳои кишоварзӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои технологияи адаптивии парвариши маъсар дар шароити Тоҷикистони Марказӣ ва Федератсияи Русия, мониторинги эпизоотологии гелминтози асосии чорвои майдаи шохдор дар шароити Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ, баланд бардоштани самара-нокии технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ҳангоми кишти такрорӣ бо асосноккунии маҷмӯи воси-таҳои техникӣ ва амсоли ин бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Зикр гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз  ҳадафҳои афзалиятноки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бу-да, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини он мебошад. Бешубҳа, рушди  соҳаи ки-шоварзӣ баҳри рушду нумӯи ҳар як давлату миллат аҳамияти  калон дорад. Бо назардошти ин, Донишгоҳи аграрӣ бо истифода аз имконоти мавҷуда тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиву дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Толиб Набиев, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, таассуроти худро аз конфронс чунин иброз дошт:
-  Натиҷаи тадқиқоти олимон оид ба технологияи парвариши зироатҳо, чорво ва селексияи онҳо,  истифо-даи самараноки замин, омилҳои биоиқлимӣ,  технологияи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, механизму мо-шинҳо, техника ва технологияи муосири кишоварзӣ, роҳҳои рушди устувори кишоварзӣ ва комёб шудан ба бехатарии биологӣ, беҳтар намудани истифодабарии захираҳои об ва манбаъҳои алтернативии энергия аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии  конференсия буданд.
Бо кӯшишу ғайрати олимони соҳа якчанд навъҳои нави пахта, гандум, зироатҳои равғандиҳанда офарида шуданд, ки ба таври васеъ дар истеҳсолот ҷорӣ шуда истодаанд. Давоми чанд соли охир бо кӯшишу ғайрати олимони соҳаи агрономӣ 17 патенту шаҳодатнома доир ба ихтирооти навъҳои нав гирифта шуд. Технологияи аз як замин рӯёндани ду ҳосил дар кишвар васеъ паҳн шудааст.
Мақсади асосии баргузории ин конференсия низ татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мебошад. Дар ҷараёни ҳамоиш оид ба тарбияи мутахассисон, дастгирии олимони ҷавон, омодасозии мутахассисони баландпоя ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва  саҳм гирифтани  онҳо дар татбиқи амалии барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ пешниҳодҳои ҷолиб баён шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 2087

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед