logo

ҳуқуқ

ПОДОШИ АМАЛ. Ё КИРДОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БЕ ПОСУХ НАХОҲАД МОНД

Даҳшатафканию ифротгароӣ ба таҳаввулот ва пешрафти илму техникаи ҷаҳони муосир нигоҳ накарда, ба инсоният хатар ва ба тараққиёти давлатҳо халал эҷод мекунанд. Қувват гирифтани равия ва  ҳаракатҳои ифротӣ бадтар аз вабо буда, аз даҳшатноктарин хатарҳои глобалии аср мансуб меёбанд. Онҳо на танҳо пояҳои сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳо, балки ҳувият, арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳатто инсониятро ба нестӣ ме-баранд.
 
Ҷомеашиносон яке аз омилҳои асосии гаравидани наврасону ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ис-тифода аз имкониятҳои фаровони интернетӣ медонанд. Мафҳуми интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳама маълум буда, ҷавонон ҷаҳони имрӯзаро бе он тасаввур карда наметавонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ то ҷое ба мақсадҳои худ даст ёфта, бо роҳи тарғибот ҷавонони гумроҳро ба сафи худ ҷалб сохтанд. Мутаассифона, қисме аз ҷавонони тоҷик низ гирифтори ин вар-таи ҳалокат шуда, худро ба обу оташ андохтанд.
Қурбоналӣ Шокиров, зодаи деҳаи Меҳрободи деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор аз зумраи онҳоест, ки ҳан-гоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ (Федератсияи Русия) қарор доштанаш, тавассути шабакаи иҷтимоии «Одно-классники.ру» бо ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар  тамос шуда, майли ба ин гурӯҳ пайвастан меку-над.
Номбурда дар амалӣ гардондани мақсадҳои нопоки худ, бо писари амакаш О. Мирзоев, ки ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шуда буд, алоқа намуда, аз шаҳри Маскав ба Истанбули Туркия парвоз кард. Ӯ амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, ба ҳамсараш Г. Аҳтамова занг зада, талаб намуд, ки ҳар чи зуд-тар таввасути Туркия ба Сурия ояд. Бо тақозои ӯ ҳамсараш кӯдакони ноболиғ Аҳмадҷони 6 - сола ва Сумаяи навзодро бо худ гирифта ба Туркия мебарад.
Баъди гуфтушуниди тӯлонӣ бо ҳамдеҳааш ба корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Шарифов муяссар шуд, ки номбурдаро водор кунад, то ба Ватан баргардад. Кӯшишҳои корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт натиҷаи мусбат ба бор оварданд ва ин ҷавони гумроҳ аз Сурия баргашт. Корман-дони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро замони бозгашт дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.
Суди ноҳияи Фархор парвандаи ҷиноятии судшаванда Қ. Шокировро баррасӣ намуд ва гуноҳаш пурра ис-боти худро ёфт. Бо назардошти далелҳои пешоварда, суди ноҳияи Фархор Қурбоналӣ Шокировро бо мод-даҳои 32 қисми 3 ва 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ин аст оқибати кӯтоҳандешӣ ва нодида гирифтани арзишҳои милливу номуси ва-тандорӣ, ки дар ниҳоят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мебарад. Зеро қонун ҳар амали ғайриқонунӣ, зарарнок ва ба ҷамъият хатарзоро намебахшад.
Сунатулло ИБРОҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 1665

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед