logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ДОНИШҶӮЁН АЗ ДАСТГИРИҲОИ ҲУКУМАТ МИННА-ТДОРАНД

Дар доираи ҳамкориҳои судманди кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дастгирии моли-явии Бунёди Оқохони 4 – ум дар шаҳри Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон  аввалин кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт. 
Ба қавли доктор Богдан Кравченко, директори генералии муассиса, дар донишгоҳ аксари донишҷӯён аз имтиёзҳои муқарраршуда бархӯрдоранд. Шароити будубоши таълимгирандагон ҳам  мувофиқи талаботи за-мон  муҳайё карда шудааст.
Ба гуфтаи  Бернадетт Дин, ноиби декани бахши илмҳои дақиқ ва гуманитарии донишгоҳ, аз 71 нафар до-нишҷӯй, ки имсол ба ин даргоҳи илм шомил шуданд, 35 нафари онҳо тоҷиканд. Тоҷикон дар ҳама бахшҳо  фаъол  мебошанд. Наҷмия Абдураҳмонова, Аниса Абдуллоева, Озар Айнӣ, Нозанин Саъдуллоева, Рухмина Умроншоева   ва Эраҷ Узоқов донишҷӯёни тоҷик аз пешқадамони гурӯҳи хеш мебошанд.  Эраҷ Узоқов аз зу-мраи беҳтарин донишҷӯён буда, дар маросими кушодашавии донишгоҳ дар сафи пеши иштирокдорон буд.
- Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои дӯстонаи мамлакатҳои мин-тақа имрӯз мо ҷавонон шароити бисёр хуби  таълим дорем. Қариб аз ҳама гӯшаву канори дунё  ошно пайдо намуда,  ба  пешрафти технология ва донишҳои нави замон шинос гаштем. Саъй мекунам, ки дар ин ҷо омӯзишамро фаъолона идома дода, дар оянда мутахассиси баландихтисос гардам ва дар Ватани хеш рафта фаъолият намоям, - изҳор дошт  Э. Узоқов.
Дар миёни  муҳассилини Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Норин нафароне буданд, ки аз баракати сулҳу осоиштагии Тоҷикистон шукургузорӣ намуда, соҳиби унвони донишҷӯйи ДОМ гаштанашонро аз дастги-рии Ҳукумати кишвар донистанд. Сияр Аҳмад, донишҷӯйи афғон, шароити таҳсилро дар Тоҷикистон тавсиф намуда, барои фароҳам овардани имкониятҳои беҳтарин дар муассисаҳои таълимӣ аз роҳбарияти мамла-кат чунин арзи сипос кард: “Ман аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ёфтанам ҷиҳати шароити беҳтарини таҳсил дар мактаб  бояд миннатдор бошам. Ҳамаи имкониятҳои хуби таълиму тарбия дар ин ҷумҳурӣ буданд, ки  ба  муваффақиятҳо расидам. Дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳ   баҳои баланд гирифта, маблағи шартномаам 90 дарсад тахфиф гардид”.
Зикр шуд, ки рушди устувори иқтисодиёти шаҳру навоҳии минтақа дар заминаи донишҳои нави соҳаҳо, гу-стариши ҳамкориҳои тиҷоратии мамлакатҳо, ҳифзи анъанаҳои миллию ёдгориҳои таърихӣ, беҳбудӣ бахши-дан ба дӯстию рафоқати миллатҳо ҳадафҳои асосии ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ  маҳсуб меёбад. Омӯзиш дар ҳарсеи намояндагиҳои донишгоҳ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши ояндаро фаро мегирад.
Дар назар аст, ки соли оянда дар шаҳри Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистон кампуси дигари ДОМ дарашро ба довталабони илму ҳунар  боз хоҳад кард. Бунёди  донишгоҳ  аз натиҷаи хуби муносибатҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад». 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 5457

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед