logo

сиёсат

БУНЁДИ САРБАНДИ НЕРУГОҲИ РОҒУН ОҒОЗ ЁФТ

29 октябр дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун барпо шуд.
Дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳалаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукума-ти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гурӯҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд. Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ, Неругоҳи барқи обии Роғун, амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10 то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сар-банди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бу-зурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.
Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидо-ятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидро-энергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати ин-тиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.
Оғози корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1” ва “Сангтӯда - 2”, оғози татбиқи лоиҳаи  КАСА - 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, зе-ристгоҳи барқии “Хатлон”, хати интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб - Шимол”, ба истифо-дадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии  «Душанбе – 2» бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунё-ди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» бо иқтидори 300 мегаватт, аз ҷумлаи ко-мёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбу-нёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.
Неругоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 ки-лометр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мега-ваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонта-рин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии Норак якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони неругоҳи Роғун дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мута-хассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гар-дидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии Роғун бо рафти корҳо дар нақбҳои обпарто аз наздик шинос шуда, ҷараёни тавассути нақбҳои обпарто ба берун баромада, аз он тара-фи сарбанд боз дар дарёи Вахш ба маҷрои пешина ҷорӣ шудани обро мушоҳида карданд. Аз сифати хуби бунёдкорӣ, ҳамчунин рӯҳияи болидаи коргарони ин кохи нурофарин баръало аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ намудаанд.
Неругоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи ар-зон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад.
Тибқи нақша навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи энергетикии кишвар интиқол ме-ёбад, яъне моҳи декабри соли 2018 неругоҳи Роғун ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардида-анд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳо эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 1637

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед