logo

иқтисод

МАРКАЗИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ: АЗ ПАНЕЛИ ОФТОБӢ ТО ИСТЕҲСОЛИ ЭТАНОЛИ ТОПИНАМБУРӢ

Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва  технологияҳои нави Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар самти захира, истифода ва сарфа намудани  энергия тадқиқоти илмӣ мегузаронанд.
- Дар тӯли чор соли фаъолият олимони марказ ба чӣ натиҷаҳои умедбахш ноил гардиданд? – пурсидем аз Ҳаким Аҳмадов, муовини директор, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ.
 
- Бехатарии энергетикиро ба даст овардан барои ҳар кишвар сарчашмаи тараққиёт ва шукуфоист, - гуфт ӯ. - Тоҷикистон ҳам дар ин радиф кӯшиш дорад ва ба он ноил шудан яке аз самтҳои муҳими кори Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мешавад. Ба манбаъҳои энергетикии обӣ дарёҳои калону хурд, нури офтоб, шамолу биомасса ва обҳои  зеризаминӣ дохил мешаванд. Маҳз пурсамар ва оқилона истифода бурдани  ҳамаи ин манбаъҳо барои зудтар ба даст овардани амнияти энергетикӣ мусоидат мекунад. Ҳоло мутахассисони марказ   фаъолияти  неругоҳи барқии офтобиро дар шароити воқеӣ санҷида  истодаанд. Мо мувофиқ ба тавоноии неругоҳи офтобиамон реҷаи истифодаи неруи онро муайян мекунем. Миқдори афзоиши захираи барқ аз нурпошии офтоб вобаста мебошад. Агар офтоб дар рӯ ба рӯи панел қарор гирад, захираи барқ нисбат ба саҳару бегоҳ бештар мешавад. Таҳқиқоти мо дар шаҳри Душанбе мегузарад, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 860 метр ҷойгир аст. Ҳарчанд баландӣ афзояд, неруи панели офтобӣ зиёдтар мешавад. Ин асбоб барои аҳолии деҳот, ки тирамоҳу зимистон аз барқ танқисӣ мекашанд, дар рӯзгор зарур аст. Муҳлати истифодаи панел 25 сол  мебошад. Онро одатан дар болои бом мегузоранд. Дар ҷои офтобраси  рӯи замин ҳам гузоштан мумкин аст. Кунҷи гузоштанаш аз 36 то 42 дараҷа пешбинӣ шудааст. Ба ин асбоб реле насб мекунанд ва ҳангоми хомӯш шудани барқ ба тарзи автоматӣ ба кор медарояд. Ҳоло дар самти гармиғунҷоишии баргу пояи рустаниҳо ҳам тадқиқот бурда истодаем. Топинамбур ном рустание аст, ки бештар аз 300 навъ дорад. Мо навъи махсусро парвариш кардем. Номашро «Сарват» монда, патент ҳам гирифтем. Аллакай аз вай спирти техникӣ омода месозем. Онро бо иловаи спирти техникӣ ва моеи дигар ба бензини навъи 80 ҳамроҳ кардем, ки бензини навъи 92 ҳосил шуд. Ин таҳқиқотро дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фон дарё» анҷом додем. Агар хоҳишмандони дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ин ихтироъ аз ҷумлаи корхонаҳои хурду соҳибкорон пайдо шаванд, мо ба онҳо технологияи истеҳсолро  пешниҳод  менамоем. Топинамбурро ҳамчун ҳезум низ истифода бурдан мумкин аст, ки энергияи дар таркиби он  буда аз ғӯзапоя 5 – 6 маротиба бештар мебошад. Аз ин рӯ, парвариши он  барои сокинони деҳот ва минтақаҳои  кӯҳистон хеле муфид аст.
Ихтирои дигари олимони марказ дастгоҳи обгармкунаки офтобӣ мебошад ва қисмҳои он аз алюминийи аввалияи худамон сохта шудааст, ки се – чор сол боз мавриди истифода қарор дорад. Ғунҷоиши зарфи он 80 литр аст. Дар шароити ҳозира обро то 40 – 50 дараҷа гарм мекунад, ки барои ҷомашӯӣ пешбинӣ шуда, кори кадбонуҳоро хеле сабук мегардонад.
«Коллектори офтобии гибридӣ» ҳам натиҷаи заҳмати олимони марказ аст, ки  моҳи апрели соли 2015 нахустпатенти № TJ 751 гирифта буд. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки дар он ҳам оби гарм, ҳам буғ ва ҳам барқ тавлид шавад. Инчунин, барои ихтирооти марказ аз Идораи давлатии патентӣ нахустпатентҳои «Дастгоҳи обгармкунаки офтобӣ», «Тарзи парвариши топинамбур» ва «Тарзи истеҳсол намудани этанол аз топинамбур» дода шудааст. Марказ аз рӯи натиҷаҳои илмӣ барои соли 2017 се лоиҳаи амалишаванда дорад ва интизори маблағгузорҳо ҳастем, ки дар пайдо намудани таҷҳизотҳои зарурӣ ба мо мадад расонанд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2051

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед