logo

иҷтимоиёт

МЕДАЛИ ТИЛЛО НӮШОБАҲОИ «ЗОДА» - РО МАШҲУР КАРД

Дохилшавии ҷумҳурӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, бешубҳа, ба дараҷаи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол, ороиш  ва банду баст намудани маҳсулотро тақозо менамояд.  Қадамҳои устувори соҳибкорони ватанӣ дар ин самт солҳои охир ба фаъолияти минбаъдаи босубот эътимод мебахшанд.
 
Дар марҳилаи аввал муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар асосан дар мисоли маҳсулоти тайёри соҳаи саноати сабук - аз қабили ресмону либосҳо муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ ҷараён мегирифт. Ҳоло бошад,  тавлидгарони ватанӣ мустақилона, бо маҳсулоти тайёри сифатан аълову ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ худро мешиносонанд. Ҳаҷми содирот тамоили афзоиш  пайдо кардааст. Дар баробари ширкатҳои саноатии рушдкардаи шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Исфараву Истаравшан акнун  соҳибкорони навоҳӣ низ талош доранд дар намоишу чорабиниҳои байналмилалӣ маҳсулоти хешро муаррифӣ кунанду дар содироти маҳсулоти худ ба кишварҳои хориҷии дуру наздик низ комёб шаванд.
ҶДММ «Зода»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштирок дар намоиши  25-уми байналмилалии маҳсулоти ғизоӣ, ки моҳи гузашта дар шаҳри Маскав таҳти унвони «World Food Moscow  -2016» бо иштироки 65 давлат доир шуд,  барои истеҳсоли нӯшобаҳои зардолуоб ва настаран (хуч) соҳиби медали тилло гашт.
Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 5 корхонаи саноати хӯроквории вилояти Суғд намояндагӣ кард ва маҳсулоти онҳо аз тарафи  мутахассисони ширкатҳои хориҷӣ баҳои баландро сазовор  шуданд.
- Бартарии асосии маҳсулоти мо он аст, ки табиӣ буда, дар таркибашон ягон иловагиҳои кимиёӣ надоранд, - гуфт Рустам Абдуллозода, сарвари ҶДММ «Зода». - Намояндагони ширкатҳои номии ҷаҳонӣ ба корхона ва маҳсулоти мо мароқи ҷиддӣ зоҳир карда, оид ба роҳандозии ҳамкорӣ пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.
Аҳли оилаи Абдуллозодаҳо соли 2000-ум корхонаи худро бо номи «Зода»  таъсис дода, дар марҳилаи аввал ба тиҷорат - хариду фурӯши маҳсулоти ғаллагиву нафтӣ машғул буданд. Баъдтар қарор доданд, ки дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи хурди истеҳсоли нӯшобаҳо аз хучро боз кунанд.
- Пас аз машварату маслиҳатҳо ба хулоса омадем, ки чаро аз самари табиати зебои диёр, ки садҳо меваҳои хушрангу бомазза ва гиёҳҳои  табобатӣ дорад, баҳраманд нашавем, - мегӯяд Рустам Абдуллозода. Дар марҳилаи аввал нӯшобаҳоро аз зардолу ва хуч бо усули бобоӣ -   дар об ҷӯшондан тайёр ва пешкаши мардум карданд. Муштариён нӯшобаро хуб пазируфтанд, талабот ба маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва табииву ҳамзамон табобатбахш дар муддати хеле кӯтоҳ зиёд гашт. Солҳои охир - вақте «Зода» баъди ворид кардани хатҳои нави технологии истеҳсоли Чин тавлиди маҳсулотро ба роҳ монд,  корхона бо нӯшобаҳои хучу зардолу дар озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарин ва хизматрасонии беҳтарин»-и сол дар шаҳри Душанбе ва дар намоиши байналхалқӣ дар шаҳри Бишкек барандаи ҷоизаҳо  гардид. Шумораи муштариён боз ҳам афзуд. Ҷиҳати тавсеа додани истеҳсолот корхона пурра ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчида, то имрӯз ин ҷо фаъолият дорад.  
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2052

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед