logo

иҷтимоиёт

АЗИЗИ ДИЛ. БАРДОШТЕ АЗ РӮЗГОРИ МУКАРРАМА ҚОСИМОВА

Аввалин мураббии башарият баъд аз модар омӯзгор аст, ки хислату рафторҳои некро дар замири инсон мепарварад. Мукаррама Қосимова, узви  вобастаи  Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор,  аз зумраи он омӯзгоронест, ки ҳаёти худро ба таълиму тадрис бахшидааст. Муаллима яке аз нахустин  шогирдони мактаби  забоншиносии профессор Додоҷон Тоҷиев аст, ки ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам докториашро  бо роҳбарию  машварати эшон  ба анҷом расондааст.
Мукаррама Қосимова  дар баробари таълиму тарбияи шогирдон, таҳияи асару мақолаҳои  илмию методӣ  ва дарс  гуфтан  бо донишҷӯён дар низоми роҳбарии донишгоҳ низ солҳои 1956-1986 ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори факултети филология  фаъолият кардааст. Маҳз бо ибтикору роҳбарии ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) ташкил шуд, ки дар он асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд. Ба қалами Мукаррама Қосимова зиёда аз 180 номгӯйи асарҳои илмӣ мутааллиқанд, ки барои мактабҳои олӣ ва миёна  навишта шудаанд. Ин китобҳо ба шогирдон барои омӯхтану ба осонӣ дарк кардани нозукиҳои забон мадад мерасонанд. Китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва воситаи таълимии ӯ, аз қабили «Ҷумлаҳои  пайрави шартӣ  дар забони адабии тоҷик», «Очеркҳо оид ба синтаксиси  ҷумлаҳои содаи насри асри Xl»,  “Структура ва семантикаи ҷумлаҳои сода», «Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он», «Хат ва имлои матни классикии тоҷик», «Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик», «Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Забон ва мӯъҷизаи он», «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд», «Чор унсур дар «Маснавии маънавӣ» - и Мавлавӣ», «Вожаи бад: маъно, калимасозӣ, вазифаҳои грамматикӣ», «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои lX – X)» ва ғайра китобҳои рӯимизии  шогирдон, омӯзгорон  ва дӯстдорони забони адабии тоҷикӣ мебошанд.
Хислати наҷиби профессор М. Қосимова мавқеъшиносу мавридшинос будани эшон аст. Ҳар  шогирде, ки аз мактаби илмию инсонии ӯ баҳрае бардоштааст, дар баробари  касби илму маърифат  аз инсонияти волои ин  шахси покдилу покизарӯзгор  барои худ панди рӯзгор низ гирифтааст. 
Муҳаққиқ М. Қосимова имрӯз мактаби илмии худро дорад, ки тавассути он дар омода намудани мутахассисони варзидаи илми забоншиносӣ саҳми бузургу беназир мегузорад. Бо роҳнамоиву ҳидояти ин олимаи нодирафитрат то кунун 45 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ карда, дар пешрафти илми забоншиносӣ саҳм доранд. Муаллимаро чун модари маънавии худ эътирофу эҳтиром мекунанд. Онҳо китоберо бо номи “Орифаи  дарёдил” таҳия ва ба устодашон бахшиданд, ки аз хизматҳои воқеан арзандаи муаллима нақл мекунад.
Назрӣ Офардиев, доктори илмҳои филология, дар ҳамин асар зикр кардааст: "Касби омӯзгорӣ рисолати бузургест, ки насли имрӯзу фардоро бо ҳам мепайвандад. Хираду дониш рӯзгори моро рангин ва зебо  месозад, зиндагиро оро  мебахшад, рӯзгорро аз тирагӣ эмин нигоҳ медорад. Чунин  рисолати таърихиро  омӯзгор бар дӯш дорад ва муаллимаи арҷманд М. Қосимова зиндагии бошарофатонаи худро сарфи ин касб намуд".
- “Ҳар як инсон дар зиндагӣ  пайроҳае дорад ва тарҳи ҳаёти худро созмон медиҳад. Агар дар ин раванд омиле  солим зуҳур кунад, ки  боиси раҳнамунӣ гардад, хушбахтиест хеле бузург. Худованд  шиносоиву дӯстии шахсеро ба банда ато фармуд, ки минбаъд  ба дарёфти роҳи дурусти зиндагиам машъалафрӯз гардиданд. Ин шахс муаллимаи ман, азизи дили мо шогирдон, як нафари ба дилу дидаҳо наздик, хушгилу хушасл, меҳрубон ва дар айни замон ҷиддиву босалобат, хайрхоҳи ҷӯяндагони илм, гули сари сабади ҷомеа, модари мушфиқу бибии ғамхор Мукаррама Қосимова мебошад, - мегӯяд Савринисо Ғаниева, шогирди муаллима.
Лола РИЗОЕВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2336

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед