logo

ҳуқуқ

НОРАСОИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА НОМУАЙЯНИИ ҲУҚУҚӢ. РОҲҲОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОНҲО ДАР ЕРЕВАН МАТРАҲ ШУД

- Баамалбарории назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар он ба волоияти Конститутсия ва таъмини қонунияти конститутсионӣ дар давлат аҳамияти махсус дода мешавад. Бинобар ин, мавҷудияти институти босамари назорати конститутсионӣ дар давлат принсипи таҷзияи ҳокимиятро мустаҳкам карда, боздорӣ ва мувозинатро байни онҳо таъмин мекунад ва ба сифати яке аз омилҳои асосие маънидод мегардад, ки вобаста ба он дар маҷмӯъ аз сатҳи демократисозии  ҷомеа баҳо додан мумкин аст.
Ин матлабро Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар Конфронси байналмилалӣ, ки чанде пеш таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ (таҷрибаи давлатҳои мухталиф)» дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон - шаҳри Ереван доир гардид, ироа намуд. Мавсуф таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мавзӯи «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ» ҷалб сохта, оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии кишвар дар самти бартараф намудани норасоии қонунгузорӣ ва воситаҳои таъмини иҷрои қарорҳои суди конститутсионӣ иттилоъ дод.
Маҳкам Маҳмудзода тазаккур дод, ки дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, ҳамасола ирсол доштани Номаро оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар пешбинӣ намудааст. Дар Нома ба мақсади таҳким бахшидан ба раванди қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ба таваҷҷуҳи  ҳокимияти қонунгузор таклифҳои мушаххас, ки аз ҷониби мақомоти назорати конститутсионӣ зимни пешбурди фаъолияташон муайян гардидаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон ва Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо баргузор гашт, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии беш аз 30 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин мавзӯъҳои марбут ба мониторинги консти-тутсионӣ ҳамчун кафолати бартараф кардани холигии конститутсионализм,  принсипи волоияти қонун ва татбиқи амалии он, кафолатҳои конститутсионии мустақилияти низоми судӣ, кафолати конститутсионӣ ва иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ, нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ ва дигар масоили марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 1698

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед